Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи об дар Душанбе 20% боло рафт


Корхонаи обу корези Душанбе (Душанбеводоканал) қимати истифодаи обро барои сокинони пойтахт бист дарсад бештар кард ва ин нархномаи нав аз 1 октябр ба иҷро даромадааст. Масъулони Идораи обу корези Душанбе мегӯянд, бо ризояти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон нархи як метри мукааби обро 61 дирам муқаррар кардаанд. Дар гузашта сокинон барои ҳар метри мукааби об 52 дирам пардохт мекарданд.

Фирдавс Ҷабборов, сардори раёсати фурӯши оби Идораи обу корези Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, корхонаҳои ғайрибуҷавӣ барои як метри мукааб об 4 сомониву 48 дирам пардохт мекарданд ва ҳоло ин нарх ба 5 сомониву 38 дирам баробар шудааст. Дар Душанбе 172 ҳазор хонавода ба сифати мизоҷ обро истифода карда, ҳар моҳ барои он пул месупоранд. На ҳамаи онҳо хабари боло рафтани қиммати обро ба хушӣ пазируфтаанд. Онҳо мегӯянд, мақомот дар баробари боло бурдани қимати об бояд сатҳи хадамот ва, инчунин, сифати махсусан оби ошомиданиро дар пойтахт боло баранд.

Дар гузашта низ мақомоти Тоҷикистон чанд дафъа нархи обро барои сокинон ва корхонаҳо боло бурда, далелашро харҷи зиёди ниҳоди таъмини об ва беҳтар кардани хадамот унвон карданд. Аммо сокинон мегӯянд, бо гузашти солҳо натанҳо хадамоти ин ниҳод ба таври зарурӣ беҳбуд наёфтааст, балки ҳанӯз ҳам дар баъзе аз минтақаҳои пойтахт ба ошёнаҳои аз дувум боло об намебарояд ва ё сокинон дар рӯзҳои боронӣ оби лойолуд мегиранд.

XS
SM
MD
LG