Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳорсад нафарро дар Қазоқистон ҷазо доданд


Мақомоти қудратии Қазоқистон дар 5 соли ахир аз пайвастани 559 нафар ба сафи гуруҳҳои террористӣ пешгирӣ кардаанд. Ин нуктаро Нургалӣ Билисбеков, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 22-уми сентябр дар шаҳри Остона баён доштааст.

Вай ҳамчунин иттилоъ додааст, ки дар 5 соли ахир бо гумони содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистии динӣ дошта 445 нафар муҷозот шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, аз ин миён 25 танашон танҳо соли ҷорӣ равонаи зиндон гардидаанд.

Аз ибтидои моҳи равон инҷониб дар порлумони Қазоқистон лоиҳаи ворид кардани иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бо терроризму экстремизм баррасӣ мешавад.

Билисбеков зимни як мизи гирд дар порлумони Қазоқистон гуфтааст, бештари гуруҳҳои террористие, ки тайи солҳои ахир нобуд карда шуданд, зери раҳбарии бевосита ва супориши созмонҳои террористии байналмилалӣ фаъолият мекарданд.

XS
SM
MD
LG