Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Аврупо ё “бачаҳои боло”? “Тоҷиксодиротбонк” дар ҷустуҷӯи роҳи наҷот


Тоҷиддин Пирзода, раиси ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиксодиротбонк”

Тоҷиддин Пирзода, раиси ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиксодиротбонк”

Дувумин бонки бузурги Тоҷикистон бо эътирофи мушкилоташ, аз ҳукумати ин кишвар ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ кумаки молӣ хостааст.

“Тоҷиксодиротбонк” - дувумин бонки бузурги Тоҷикистон вуҷуди мушкилоти молияшро эътироф карда, барои кумаки молӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ муроҷиат кардааст. Мақомоти “Тоҷиксодиротбонк” аз гуфтани ҳаҷми маблағе, ки барои наҷоти он дархост мешавад, худдорӣ мекунанд. Вале ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ, ба эҳтимоли ғолиб, сухан дар бораи ҷалби тақрибан 2 миллиард сомонӣ, муодили беш аз 250 миллион доллар меравад.

Яке аз ниҳодҳои байналмилалии молиявие, ки то имрӯз барои баррасии дархости кӯмак ба “Тоҷиксодиротбонк” изҳори омодагӣ кардааст, Бонки аврупоии бозсохт ва рушд мебошад.

Дар маркази матбуоти “Тоҷиксодиротбонк” рӯзи 10 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки раиси ин бонк Тоҷиддин Пирзода ба зудӣ барои музокираи шарту шурути ироаи ёриҳои молии Бонки Аврупо ба қароргоҳи марказии ин ниҳоди молӣ ба Лондон меравад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, дар ҷараёни ин музокирот аз ҷумла мавзӯи дар ихтиёри Бонки аврупоии бозсохт ва рушд қарор додани як қисми саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” матраҳ мешавад: “Аммо ин ки дар ивази кӯмакҳои молиаш Бонки Аврупо чанд дарсади саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро хоҳад гирифт, ҳанӯз маълум нест. Ин ҳама дар ҷараёни музокироти Лондон рӯшан мешавад.”

Дар ин музокираҳо ба ҷуз аз раҳбари “Тоҷиксодиротбонк”, қарор аст, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон низ ширкат варзанд. Як манбаи огоҳ аз ҷараёни музокирот бо Бонки Аврупо гуфт, инки “Тоҷиксодиротбонк” ба кумакҳои молӣ ниёз дорад, ҷои баҳс надорад, вале ин танҳо масъалае нест, ки Тоҷиддин Пирзодаро барои дархости чунин кумак ночор кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарони кунунии “Тоҷиксодиротбонк” бо рафтан ба зери чатри ҳимояти Бонки Аврупо ҳамчунин мехоҳанд аз ғасби рейдерии ин бонк, ки дар борааш зиёд ҳадс мезананд, ҷилавгирӣ кунанд. “Зоҳиран Тоҷиддин Пирзода мехоҳад бо гузоштани, барои мисол, 25 дарсади саҳмияҳои бонкаш ҳадди ақал бақияашро пеши худ ҳифз кунад. Онҳое ки ба ин бонк чашм ало кардаанд, кам нестанд,” – гуфт ин ҳамсӯҳбати мо. Вале ӯ аз бурдани исми ин афроду гурӯҳҳои манфиатҷӯ худдорӣ кард ва танҳо гуфт, “бачаҳо бачаҳои болоянд.”

Ҳафтаи гузашта Салом Каёнӣ, намояндаи ширкати байналмилалии аудитории “Ernst & Young” дар як ҷаласаи сатҳи баланд дар Душанбе бо ширкати раиси “Тоҷиксодиротбонк” Тоҷиддин Пирзода ва муовинони ӯ Онаҷон Рашидова ва Фирдавс Бердиев, вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён, се муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Сироҷиддин Икромӣ ва Умед Латифов ва ҳам намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, бо шумули Сандуқи байналмилалии пул, Бонки аврупоии бозсохт ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, ки низ аз гурӯҳи Бонки ҷаҳонист, гузориши ширкати аудитории “Grant Tornton” дар бораи вазъи молиявии “Тоҷиксодиротбонк”-ро муаррифӣ кард.

Дар гузориш, тавре аз маркази матбуоти “Тоҷиксодиротбонк” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ҷумла зикр шудааст, ки “таъсири омилҳои бӯҳронӣ ба фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк” чашмрас буда, ҷиҳати баромадан аз вазъияти мавҷуда бояд чораҳои фаврӣ андешида шавад.”

Дар ин ҷаласа, ки рӯзи 3 май дар дафтари намояндагии Бонки аврупоии бозсохт ва рушд доир шудааст, Тоҷиддин Пирзода, раиси ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиксодиротбонк” барномаи зидди бӯҳронии бонкашро низ муаррифӣ кардааст. Мақомоти “Тоҷиксодиротбонк” аз ифшои ҷузъиёт худдорӣ мекунанд, вале мегӯянд, ки ин “нақшаи амалиии солимгардонии фаъолияти бонк” аз ҷониби аҳли ҷаласаи ҳафтаи гузашта маъқул дониста шудааст.

Вале дар ҷаласаи ҳафтаи гузашта эътироф кардаанд, ки “Тоҷиксодиротбонк” ҳамчун “яке аз бонкҳои низомсози кишвар” дар ин шароит ба дастгирии молиявӣ эҳтиёҷ дорад. Тавре дар маркази матбуоти бонк ба Озодӣ гуфтанд, “аз ҷумла бо роҳи сармоягузории иловагӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ бонк дар муддати кӯтоҳ вазъи корашро мӯътадил бисозад, то битавонад ӯҳдадориҳои худро дар назди муштариён пурра ва бенуқсон иҷро намояд.” Ба гуфтаи намояндаи маркази матбуоти “Тоҷиксодиротбонк”, “ҳадафи асосӣ аз ин кӯмакҳо ҳифзи эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар дар шароити таъсири омилҳои бӯҳронӣ ва ҳам ин аст, ки муштариён, яъне мардуми оддӣ аз таъсири бӯҳрон осеб набинад ва мардум бидуни кадом мушкиле пулҳои худро аз бонк гирифта битавонад.”

Мавзӯи ба мушкилоти молӣ ва ҳатто хатари варшикастагӣ рӯбарӯ шудани “Тоҷиксодиротбонк” бори аввал моҳи январ дар паи нашри як гузориши Сандуқи байналмилалии пул вирди забонҳо шуд. Дар ин гузориш гуфта мешуд, ки ду бонки бузургтарини Тоҷикистон ба мушкилоти молии ҷиддӣ дучор шудаанд. Сандуқи пул исми бонкҳоро наовард, вале ҳадс зада мешуд, ки сухан ба эҳтимоли ғолиб дар бораи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” меравад.

Хуршед Маҳмадиев

Хуршед Маҳмадиев

Навбатҳои тӯлонии муштариён барои гирифтани пулашон аз ин бонк ва аз моҳи март бо 200 сомонӣ маҳдуд шудани гирифтани пул аз банкоматҳояш як ҳолати наздик ба таҳлукаро дар атрофи ин бонк ба по кард. Хуршед Маҳмадиев, як сокини Восеъ моҳи апрел ҳатто бо талаби 15 000 доллар пули дар “Тоҷиксодиротбонк” дармондааш эълони гуруснанишинӣ кард, вале баъди чунин эътироз ҳам танҳо 1900 долларашро тавонист бирӯёнад.

Маркази матбуоти бонк хабарҳо дар бораи гӯё аз ин бонк фирор кардани ҳазорон муштариашро рад мекунад ва мегӯяд, вазъ ҳоло то ҳадде ба эътидол омадааст ва дигар дар идораҳои “Тоҷиксодиротбонк” навбатҳои тӯлонӣ барои гирифтани пул аз байн рафтааст.

Аксари ҳисобҳои мавҷуда дар ин бонк ҳисобҳои афроди алоҳидаест, ки маоши худро аз тариқи “Тоҷиксодиротбонк” мегирифтанд. Гулзода, омӯзгори яке аз мактабҳои пойтахт, ки баъди чанд моҳи саргардонӣ ҳисоби маошашро аз “Тоҷиксодиротбонк” ба “Агроинвестбонк” интиқол додааст, рӯзи 10 май дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Қариб ҳамаи омӯзгорони мактаби мо бонкашонро иваз карданд. Чунки баъзеҳо ҳатто маоши моҳи мартро то ҳол гирифта наметавонанд. Як ҳафта пеш як ҳамкори мо барои маошаш рафт. Ӯ се рӯз навбат поид ва дар ниҳоят ба вай танҳо 100 сомонӣ дода, гуфтаанд, ки пул нест, баъдтар биёяд.”

Яке аз масъулони “Тоҷиксодиротбонк” ба шарти набурдани номаш ба Озодӣ гуфт, як далели аслии гирифтории ин бонк вобастагии фаъолиятҳояш ба пулҳое буд, ки аз Русия меомад: “Пул аслан аз Русия меомад. Вақте Русия дучори бӯҳрон шуду сатҳи даромади муҳоҷирони тоҷик ба замин зад, воридоти пул шадидан коҳиш ёфт. Дар натиҷа, хонаводаҳои ин муҳоҷирон, ки қаблан пулҳои изофии худро дар бонки мо пасандоз мекарданд, баръакс худ мӯҳтоҷи пул шуда, ба берун кашидани пасандозҳояшон сар карданд. Омили дигар аз 1000 доллар то 500 доллар пойин шудани нархи як метри манзил дар Душанбе буд. Азбаски ҳамзамон қурби сомонӣ ҳам башиддат поён мерафт, бисёриҳо дар бонк нигоҳ доштани пасандозҳои худро ба зарар дониста, пулашонро аз бонкҳо берун кашида, дар бахшҳои дигар, аз ҷумла ба бозори манзил гузоштанд. Дар натиҷа даромади пул ба бонк кам, вале баромадаш дар айни замон ба шиддат зиёд шуд. Ин ҳама навбатҳои тӯлонӣ ва камбуди пул дар бонки мо ва як ҳолати таҳлукаро ба бор овард ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро дар як вазъи хеле ногувор қарор дод.”

“Тоҷиксодиротбонк” дар ҳоли ҳозир, баъди “Агроинвестбонк” дувумин бонки бузурги Тоҷикистон ба шумор меояд ва аз лиҳози ҳаҷми гардиши маблағҳояш дар раддабандии бонкҳои бузургтарини ин кишвар аз “Ориёнбонк”-у “Амонатбонк” ва “Эсхата” болотар меистад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии “Тоҷиксодиротбонк”, 58,89 дарсади саҳмияҳои ин бонк ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Евразия”, 11,65 дарсадаш ба ҶДММ - ҷамъияти доираи масъулиятҳояш маҳдуди “Мелодиён”, 10,99 дарсад ба ҶДММ “Эҳсон”, 7,38 дарсад ба ҶДММ “Медиа Плюс” ва 1,11 фоизи боқимондааш ба ҶДММ “Восток” тааллуқ доранд. Муассисони ҶСП “Евразия” – саҳомдори асосии “Тоҷиксодиротбонк”, бино ба маълумотҳои дарёфтӣ, раиси кунунии ин бонк Тоҷиддин Пирзода ва нафаре бо номи Забеҳулло Нуруллоев мебошанд.

Бино ба ҳисоботи молиявии бонк, сармояи умумии “Тоҷиксодиротбонк” дар поёни моҳи июни соли гузашта, 557 миллион сомонӣ ва ҷамъи дороиҳояш 3,7 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми умумии амонатҳо 1,6 миллиард сомониро ташкил медод. Фоидаи софи бонк дар моҳи июни соли 2015 дар ин ҳисобот чизе бештар аз 6 миллион сомонӣ нишон дода шудааст, ки назар ба 20 миллиони соли 2014 беш аз 3 маротиба камтар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG