Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 сентябр - бозии «Истиқлол» - «Равшан» дар Турсунзода


Бозии марказии даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи шанбе, 7-уми сентябр, дар шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.

Ин бозӣ ба иллати омода набудани майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода барпо мегардад. Бозӣ соати 16:30 оғоз меёбад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон раҳбарони бошгоҳҳои футболи «Истиқлол» ва«Равшан»-ро вазифадор кардааст, ки рафтори мухлисони дастаҳо таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад. ФФТ онҳоро ҳушдор дод, ки дар мавриди ба варзишгоҳи «Металлург» аз ҷониби мухлисон зиён расондан, бошгоҳҳо муҷозоти молӣ мешаванд.

Доварони ин бозӣ аз Қазоқистон даъват шудаанд. Сардовари бозӣ Сергей Гороховодатский аз шаҳри Алматӣ ва ёварони ӯ ҳамшаҳриҳояш - Серик Кошкаров ва Самат Тергеусизов мебошанд.

Ёдовар мешавем, ба бозии давраи аввали мусобиқот миёни «Равшан» ва «Истиқлол», ки 15-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфта буд, гурӯҳи ҳакамон аз Қирғизистон бо раҳбарии Дмитрий Машенсев доварӣ карда буданд.

Дар айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот «Равшан» бо 27 имтиёз дар ҷойи аввал ва «Истиқлол» бо 24 имтиёз дар ҷойи дувум қарор доранд ва ҳарду даста муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Тоҷикистон мебошанд.

Бозии "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода ва ССКА "Помир"-и Душанбе, ки мувофиқи тақвими мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бояд дар варзишгоҳи "Металлург" 7-уми сентябр баргузор мешуд, шоми имрӯз, 6-уми сентябр, барпо мегардад.

Даври 12-ум
6-уми сентябр, ҷумъа. Оғози бозӣ – соати 16.30

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе). Ваврзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Ёвронаш: Ҳабибулло Нарзуллоев (Ҳисор), Сайёддҷон Зайниддинов (Душанбе). Довари эҳтиётӣ: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

7-уми сентябр, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 16.30

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан). Варзишгоҳи «Хайр»-и Ваҳдат. Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа). Ёваронаш: Некрӯз Умаров, Сайвалӣ Турдиев (ҳарду аз Қӯрғонтеппа). Довари эҳтиётӣ: Алимирзо Хоҷаев (Турсунзода).

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «РАВШАН» (Кӯлоб). Варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода. Сардовар: Сергей Гороховодатский. Ёваронаш: Серик Кошкаров, Самат Тергеусизов (ҳама аз Қазоқистон). Довари эҳтиётӣ: Акмал Бӯриев (Турсунзода).

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд). Варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак). Ёваронаш: Ҳасан Каримов (Норак), Мустафо Исломов (Восеъ). Довари эҳтиётӣ: Ҷамшед Гирдаков (Душанбе).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 9 9 0 0 15-2 27
2. «Истиқлол» (Душанбе) 9 8 0 1 28-3 24
3. «Хайр» (Ваҳдат) 9 5 2 2 17-10 17
4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 5 1 3 10-8 16
5. «Энергетик» (Душанбе) 9 3 2 4 9-11 11
6. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 9 3 1 5 7-16 10
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 2 3 4 7-9 9
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 9 0 3 6 3-12 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 9 0 2 7 4-24 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр”) – 7 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Александр КУДРЯШОВ, Виллер Соуза ОЛИВЕЙРА, Юҷин СЕПУЙЯ (ҳарду - «Истиқлол»), Нуъмонҷон ҲАКИМОВ («Равшан»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр»), Муҳаммад ГУЛИПУР «Хуҷанд»), Ғайрат АБДУРАЗЗОҚОВ («Истаравшан») – 3-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG