Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ, Ҷилликӯли собиқ, мегӯянд, талаботи зиёд ба нос на танҳо дар дохили кишвар, балки дар Русия онҳоро водор кардааст, то дар заминҳояшон тамоку парвариш кунанд.

Ба қавли онҳо, як килои тамокуи парвардаашон, ки аз он асосан нос тайёр карда мешавад, аз 10 то 15 сомонӣ қимат дошта, дар муқоиса ба нархи картошка чандин баробар бештар аст. Ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон як кило картошка ҳамагӣ то ду сомонӣ арзиш дорад.

Саидқул Давлатов, сокини деҳаи Бешаи Палангони ноҳияи Дӯстӣ, 8 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ду сол боз ба парвариши тамоку машғул аст ва аз ин кор буҷаи хонаводааш фоида дидаасту зарар - не. Вай гуфт, ба ин кор ҳамроҳи зану фарзандонаш машғул аст ва тақрибан се моҳ, яъне то замони ниҳоӣ шудани парвариши тамоку, ранҷи зиёд хоҳанд кашид.

“Кораш хеле душвор аст. Навъҳои гуногунаш ҳаст ва аз даҳ сотих замин 200 кило тамоку мегирем,” – нақл кард ӯ. Ин сокини Дӯстӣ мегӯяд, бо вуҷуди мониагузориҳои мақомоти Русия барои ворид кардани нос муҳоҷирони кории тоҷик ҳар сол даҳҳо кило ин навъи тамокуро то майдони сохтмонҳо мебаранд ва ин талабот бозори онҳоро гармтар кардааст.

Тамокупарварӣ, бахусус омода кардани нос дар ин минтақаи вилояти Хатлон шуғли нав нест. Ҳанӯз дар замони Шӯравии собиқ баробари омадани туркманҳо таваҷҷуҳ ба парвариши тамоку бештар шуда ва ҳанӯз ҳам устоҳои моҳири омода кардани нос дар ноҳияи Ҷилликӯли собиқ туркманҳоянд.

Бар асоси иттилои мақомоти ноҳияи Дӯстӣ, танҳо соли гузашта дар масоҳати 10 гектар замин тамоку кишт шуда буд. Мақсуд Раҳимов, раиси ҷамоати “Гардӣ Гулмуродов” дар ноҳияи Дӯстӣ, мегӯяд, “тибқи дурнамо 27 гектар замин барои кишти тамоку ҷудо шудааст. Як манбаи асосии даромади мардуми туркман асосан ҳамин тамокуст. Илова бар ин, дар зиёда аз 40-50 гектар заминҳои ёрирасон ва наздиҳавлигӣ низ тамоку кишт карда мешавад.”

Маҳсулоти кишоварзони Дӯстӣ мустақим ба бозор нарафта, балки ба дасти соҳибони корхонаҳое меафтад, ки ба омода кардани нос машғуланд. Коргоҳи Рӯзибой, як сокини туркмантабори Дӯстӣ, дар миёни мардуми носкаш маҳбубияти хос дорад дар се моҳи тобистон кор дар инҷо ба авҷи худ мерасад.

Қурбондурдӣ Каримов, сокини дигари ноҳияи Дӯстӣ, 12 сол боз дар коргоҳи носи Рӯзибой кор мекунад ва ҳар моҳ то 500 сомонӣ музди корашро мегирад. Ӯ мегӯяд, ки вазифааш аз таҳияи хокаи нос иборат аст: “Тамокуро дар мавсимаш харида, дар осиёб орд мекунем. Баъдан ба он хокистари бед ва оҳак омехта карда, обро илова менамоем. Он вақт нос тайёр мешавад. Дар як рӯз то панҷоҳ кило нос тайёр мекунам, дар як мавсим то панҷ тонна нос тайёр мекунем, ки мардум мехаранд ва ҳатто то Русия мебаранд,” – гуфт ӯ.

Бархе аз сокиноне ки нос мекашанд, дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки аз шеваи омода кардани нос хабар доранд ва аммо одат кардаанду чораи дигарашон нест. Бархеи дигар мегӯянд, ки асосан ба сифати нос аҳамият медиҳанд ва ҳеҷ фикр накардаанд, ки нос аз чӣ омода шуда ва аз чи роҳ то дасти онҳо хоҳад расид. Вале Ҳаким Кучалов, сардори Маркази тарзи ҳаёти солим дар Хатлон мегӯяд, нос натанҳо ба қалбу асаб зиён дорад, балки яке аз ангезандаҳои саратон аст.

“Носе, ки имрӯз истифода мебаранд, ба ҷуз зиён ҳеч фоида надорад. Оҳаку хокистаре, ки дар нос истифода мешавад, зарар дорад. Дар оҳак маводи кимиёвӣ ҳаст, ки ангезандаи бемориҳои саратон мебошад,” – шарҳ дод ӯ.

Қаблан, Насибҷон Икромов – мутахассиси Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон – ба Озодӣ гуфта буд, ташхиси онҳо нишон додааст, ки дар он элементҳои химиявии заҳрнок ва миқдори зиёди микробҳо мавҷуданд.

Бо вуҷуди чунин таъкидҳо, дар бозорҳои кишвар ва аз ҷумла Хатлон чандин навъи нос ба фурӯш гузошта шудааст, ки аз носи таги Сада то Каленину гардиши фурудгоҳро фаро мегирад. Як килои ин нос дар бозорҳо аз 18 то 30 сомонӣ ва фармоишиаш ҳатто 50 сомонӣ арзиш доранд.

XS
SM
MD
LG