Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармоя доштан дар Тоҷикистон хатар надорад?


Аз як сӯ таҳдиди гурӯҳҳои ҷиноӣ ва аз сӯи дигар, фишори давлат ба мардуми сарватманд суолеро халқ мекунад, ки оё то куҷо сармоя доштан дар Тоҷикистон хатар надорад?

Қатли як хонаводаи ҷавоҳирфурӯш дар вилояти Суғд ва боздошти пурсарусадои соҳибкори маъруф Зайд Саидов ин баҳсро боз ҳам доғтар кардаву ба осиёби онҳое об мерезад, ки мегӯянд, амнияти сармоядорӣ дар Тоҷикистон таъмин нест.

Гурӯҳи дигаре ҳам ҳаст, ки бовар доранд, агар сармояи ҷамъоварда қонунист, пас сармоядор набояд тарс дошта бошад, ки молу давлаташ боиси ноамнии ӯву наздиконаш мешавад. Вале шуморе бар ин назаранд, ки кафолати амнияти афроди сармоядор ва сармояи онҳо таъмин нест, зеро гурӯҳҳое ҳастанд, ки бо истифода аз нуфузи худ бахусус дар мақомоти давлатӣ зери фишор тиҷорату сармояи афроди пулдорро ғасб ва тиҷораташро аз они худ мекунанд.

Аммо назари мардуми ба ин масъала, ки оё сармоя доштан дар Тоҷикистон то куҷо амн асту то куҷо хатарнок, чист?

Посухи роҳгузарон дар кӯчаҳои Душанберо аз навори видеоии Озодӣ бубинед.


Амнияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
XS
SM
MD
LG