Пайвандҳои дастрасӣ

Байни Камеруну Бурундӣ. Мақоми 139-уми Тоҷикистон дар сабқати озодиҳои иқтисодӣ


 2014 Index of Economic Freedom

2014 Index of Economic Freedom

Тоҷикистон дар раддабандии “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ 2014” дар байни 178 кишвар имсол 8 зина поёнтар рафта, дар мақоми 139-ум ҷой гирифтааст.

Бунёди Мерос(The Heritage Foundation), мақараш дар Амрико, ва маҷаллаи амрикоии “The Wall Street Journal” рӯзи 14 январ гузориши нави солонаашон таҳти унвони “Index of Economic Freedom 2014 “ ё “Шохиси озодии иқтисодӣ 2014”-ро нашр карданд. Дар ин гузориш ва раддабандие, ки 178 кишварро дар бар мегирад, Тоҷикистон имсол дар мақоми 139-ум омадааст. Дар раддабандии як сол пеш Тоҷикистон дар мақоми 131-ум қарор дошт ва муаллифон он дафъа фасоду авлодбозиро аз мониаҳои умда дар роҳи рушди кишвар номида буданд.

Муаллифони гузориш сатҳи озодиҳои иқтисодӣ дар кишварҳоро асосан дар 4 арса - ҳукми қонун, таъсири механизмҳои танзимкунанда, дасти дахолати давлат ва бозори озод – баровард мекунанд.

Имсол мизони озодиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон 1,4 нуқта пойин рафта, ин кишвар бо 52 имтиёз танҳо дар мақоми 139-уми қарор гирифтааст, ки назар ба ҷойгоҳи соли 2013-аш 8 зина пойинтар аст. 52 имтиёз дар раддабандии The Heritage Foundation ва “The Wall Street Journal” ба кишварҳое дода мешавад, низоми иқтисодиашон “асосан ғайриозод” баҳогузорӣ мешавад. Пойинтар аз ин танҳо низомҳоест, ки камтар аз 50 имтиёз дошта, низоми иқтисодиашон “таъқиботӣ” эътироф мешавад.

Тоҷикистон аз ин вартаи “таъқиботӣ” муаррифӣ шудани иқтисодаш ҳамагӣ ду нуқта болост. Ҷолиб он аст, ки мақоми 140-ум, яъне баъди Тоҷикистонро дар ин раддабандӣ Русия дошта, Чин аз Тоҷикистон ду зина болотар, дар мақоми 137-ум аст. Аммо онҳоро дар ин қисмати ҷадвал дигар асосан кишварҳои ақибуфтодаи африқоие, чун Либерия, Гвинея –Биссау ва Камеруну Бурундӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар гузориши имсола гуфта мешавад, ки озодиҳои иқтисодӣ бори дигар рӯ ба нумӯъ оварда, мизони миёнаи ин озодиҳо дар саросари ҷаҳон дар як соли охир 0,7 нуқта боло рафтааст ва ҳоло 60,3 ҳисоб мешавад. Аз соли 1995 ба ин сӯ, тайи 19 соле, ки ин гузориш таҳия мешавад, бори аввал аст, ки сатҳи миёнаи озодиҳои иқтисодӣ дар дунё ба чунин нуқтаи баланд мерасад. 43 кишвардар радифи кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ озодтарин ном бурда шуда, сатҳи озодиҳои иқтисодӣ имсол дар маҷмӯъ дар 114 кишвари дунё дар як соли охир беҳтар ва дар 59 кишвар баръакс бадтар шудааст.

Гузориш Ҳонгконг, Сингапур, Австралия ва Швейтсарияву Канадаро аз нигоҳи озодиҳои иқтисодӣ дар 5 мақоми аввал ҷой дода, низоми иқтисодӣ дар 27 кишвари дунёро “таъқиботӣ” унвон кардааст. Эрон, Эритрея, Венесуэла, Зимбабве, Куба ва Кореяи шимолӣ - ин аст шашгонаи кишварҳои аз нигоҳи озодиҳои иқтисодӣ таъқибгаре, ки ба ақидаи муаллифони “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ 2014”, шоистаи пайравӣ нестанд.
XS
SM
MD
LG