Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон куҷост?


Мақоми масъули Қирғизистон мегӯяд, ҳангоми ҳалли масоили марзии кишвараш бо ҳамсояҳо аз нигоштаҳои эпоси Манас кор гирифта нахоҳад шуд.

Саломат Аламонов - мудири шӯъбаи масоъили минтақавии назди дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, умедвор аст, комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки масъалаи таъйину аломатгузории марзи миёни ду кишварро баррасӣ мекунанд, дар мавриди масоили ихтилофи назар ба мувофиқа мерасанд. Ба гуфтаи оқои Аламонов аз эҳтимол дур нест, ки дар миёни аъзои комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон пиромуни таъйин ва аломатгузории баъзе минтақаҳои марз, ки дар кӯҳпоя ва фарозиҳо воқеъанд, ихтилофи назар сурат гирад, вале мегӯяд ӯ ин ихтилофи назар бо дарназардошти манофеъи тарафайн ҳаллу фасл хоҳад шуд. Саломат Аламонов мегӯяд, Қирғизистон ҷиҳати таъйин ва аломатгузории марз фақат ба ҳуҷҷатҳое такя хоҳад кард, ки ҷониби муқобил низ онро эътироф менамояд. Бино ба баъзе гузоришҳо дар марзи бештар аз 600 километрии миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки масъалаи аломатгузории онҳо чанд сол боз аст, идома дорад, 40 минтақаи баҳснок вуҷуд дорад ва ҳар як кишвар онро қаламрави худ медонад. Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, тарафи Тоҷикистон дар тақсими марз ба ҳуҷҷатҳои тақсими қаламрав дар соли 1924 то соли 1927 такя мекунад, аммо ҳукумати Қирғизистон ба ҳуҷҷатҳои соли 1989 такя мекунад, ки онро дар замони шӯравӣ бо назардошти манфиатҳои иқтисодӣ муайня кардаанд, вале он бо санадҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам нашудааст. Манотиқи баҳсноки марзӣ асосан дар вилояти Ботканди Қирғизистон, ки ҳаммарз бо вилояти Суғд аст, воқеъ шудаанд ва минтақа борҳо шоҳиди низоъҳои лафзии сокинони ду тарафи мазр шудааст. Сокинони ноҳияи марзии Тоҷикистон баъзе аз заминҳои кишти манотиқи баҳснокро аз они худ медонанд, аммо сокинони қирғизистон мегӯянд, ки он заминҳои кишт моли кишвари онҳост. То кунун таъйин ва аломатгузор нашудани минтақаҳои баҳснок онҳоро ба яке аз гузаргоҳҳои қочоқи маводи мухаддир ва дигар молҳо табдил додааст. Аммо акнун мақомоти расмии Тоҷикистону Қирғизистон, ки муносибати ду кишварро гарму дустона медонанд, умедворанд, ояндаҳои наздик дар ниҳоят дар мавриди таъйину аломатгузории марз, ки як мероси офарандаи дарди сари замони шӯравист, ба мувофиқа мерасанд.

XS
SM
MD
LG