Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нависандагони тоҷик: “Аз чеҳраҳои чингизӣ ва хунборатон моро натарсонед!”


Бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо пахши як изҳорот, аз ширкати ҷавонони тоҷик дар сафҳои гурӯҳ "Давлати исломӣ" дар Ироқу Шомро изҳори нигаронӣ кардааст.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ҳодисаҳои хунине, ки дар бархе аз кишварҳои минтақа ва ба хусус ширкати беш аз 200 ҷавони ба гуфтаи онҳо “гумроҳшуда”-и тоҷик дар ҷабҳаҳои доғи ҷанги Сурия изҳори нигаронӣ ва нафрат кардааст.

Дар изҳороти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки рӯзи 19 март ба Радиои Озодӣ расид, омадааст, ки “бӯи баду саргичкунандаи ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм, ки аз мамолики минтақа меояд, машомро пурдуд ва мағзро хароб месозад. Ҳамарӯза хабари қатлу куштори садҳо одамони бегуноҳро дар Афғонистон, Покистон, Сурия ва Ироқу Миср мешунавем ва ё тасвири ваҳшатбори инфиҷори бомбаҳо, сар буридану зинда ба зинда дар оташ сӯзондани фарзандони бегуноҳро аз телевизион ё интернет мебинему ашк мерезем.”

Ба таъкиди раёсати Иттифоқи нависандагони тоҷик, ”ин ҳама ваҳшонияту ҷаҳолат оташи ғазаби ҳар қаламкаши тоҷик ва оҳи синаи пурдарди ӯро меафзояд, чун дар сафи ин гурӯҳҳои ифротгаро ва одамкушони террористи бадном, зодагони кишвари ором ва биҳиштии мо Тоҷикистон, чанд нохалафи фурӯхташудаи “бозор”-и аҷнабӣ, қарор доранд ва ҳатто тариқи оинаи нилгун бо ҳамон чеҳраҳои чингизӣ ва хунбор ба мо, ҳамвататнонашон, ангушти таҳдид нишон медиҳанду мегӯянд: “Мебинед, ҳоло мо бар сари шумо чӣ рӯзгоре хоҳем овард!”

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар идомаи ин изҳорот ин суолро матраҳ кардааст, ки “оё модари тоҷик хобу хӯр барои худро ҳаром карда ба ҳамин умед фарзанд ба дунё оварду ба камол расонд?! Онҳо то чанд моҳу соли дигар аъмоли аҳримании худро давом хоҳанд дод?”

Дар изҳороти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон омадаст, ки аҳли эҷодро зарур аст, то "барои посух гуфтан ба ин пурсиш ва равшан сохтани роҳи тираву печони як идда ҷавонони гумроҳ даст ба шамшери буррои қалам зананд ва аз сухан сипар бисозему онҳоро ба растагорӣ ва ҷабҳаи ақли солим баргардонем.”

Изҳороти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳоле нашр шуд, ки имрӯз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо аҳли зиёи кишвар дар “Кохи Наврӯз”-и шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Дар ин мулоқот аъзои Иттифоқи нависандагон ва доираҳои фарҳангию илмии Тоҷикистон ширкат доранд.

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён дар чанд соли ахир дар остонаи иди миллии Наврӯз сурат мегирад ва 20 март ба унвони Рӯзи зиёни эҷодкор дар Тоҷикистон эътироф шудааст. Мулоқоти соли гузаштаи раиси ҷумҳур бо зиёиён дар бинои Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон баргузор шуда буд.

Аммо адибони тоҷик дар ҳоле пайвастани бархе ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундравро маҳкум мекунанд, ки дар ҷомиаи Тоҷикистон аҳли зиё, аз ҷумла шоирону нависандагони тоҷикро ба хомӯшӣ дар баробари масоили доғи ҷомиа ва чашм пӯшидан аз масоиле, ки ҳокимони кунуниро хуш намеояд, айбдор мекунанд.

Ин қишр аз ҷумла ба он айбдор мешавад, ки дар баробари масоиле, чун бекории саросарӣ, азоби муҳоҷирони тоҷик дар ғурбат, фасодзадагии мақомот, маҳалгароӣ ва ҳарчӣ бештар дар дасти як гурӯҳи маҳдуд қарор гирифтани мансабҳои давлатӣ лаб во намекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG