Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Турнаҳо дар баҳорон"-и Толибшоҳи Давлат дар "Новеллазия"


Толибшоҳи Давлат
Толибшоҳи Давлат

Адиби тоҷик Толибшоҳи Давлат барои асари "Турнаҳо дар баҳорон" дар озмуни минтақавии "Новеллазия" баранда шуд. Ин асари ӯ акнун бояд ба русиву англисӣ тарҷума ва нашр шавад.

Толибшоҳи Давлат, муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилооти ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», дар озмуни “Новеллазия”, ки аз сӯи бунёди «НюЕвразия» эълон шуда буд, бо асари «Турнаҳо дар баҳорон»-аш дар панҷгонаи аввал қарор гирифтааст.

Дар баробари ҷаноби Давлат, Қанат Умар аз Қазоқистон, Сафар Каттабоев, Сид Янҷшев ва Муҳаммадшариф Маматқулов аз Узбакистон низ дар ин сабқат пирӯз шудаанд. Толибшоҳи Давлат китоби “Турнаҳо дар баҳорон”-и худро, ки ба забони тоҷикӣ навишта шудааст, дар ин сабқат пешниҳод карда буд. Акнун қарор аст, асарҳои ин 5 ғолиб ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ нашр шавад.

Толибшоҳи Давлат 15-уми май соли 1955 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шуда, соли 1982 факулати филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. То кунун чанд китоб - «Лолаҳои бетурна», «Ханҷари Чингизхон», «Ҷароҳатҳои пурхун», «Сокинони кишвари сангин» ва «Гуларӯсакон барои сарватмандон» - навиштааст, вале маъруфият дари ин адиб ва рӯзноманигори тоҷикро баъди пирӯзиаш дар “Новеллазия” кӯфт.

Дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Толибшоҳи Давлат ибтидо аз корҳои эҷодиаш сӯҳбат кард:

Толибшоҳи Давлат: Ман ба ғайр аз рӯзноманигорӣ ҳамчунин боз ба навистани асарҳои детективӣ ва иҷтимоӣ майл дорам. Ҳоло китоби «Гуларӯсакон барои сарватмандон» омодаи чоп аст, ки дар мавзӯи ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ дар хориҷ аз кишвар нақл мекунад. Ба ҳама маълум аст, ки тандфурӯшии духтарони тоҷик дар хориҷа як мушкили доғи ҷомеаи мо гаштааст. Баъдан китоби дигаре, ки дар арафаи нашр аст, ин «Ҷароҳатҳои пурхун» мебошад. Ҳар мавзӯе, ки доғ ва мушкили иҷтимоии ҷомеаи тоҷик аст, талош мекунам онро рӯи чоп биорам.

Озодӣ: Китоби шумо дар озмуни “Новеллазия” чӣ гуна роҳ ёфт?
Толибшоҳи Давлат: Ростӣ, ман аз ин озмун хеле дер хабардор шудам. Онро ҳам дӯстонам тавсия доданд, ки чанд китобамро ба ин озмун пешниҳод намоям. Азбаски дертар огоҳ шудам, шакли электронии чанд китобамро пешниҳод кардам, ки миёни онҳо «Турнаҳо дар баҳорон» дар панҷгонаи аввал қарор гирифт. Китоби дигаре, ки барои озмун пешниҳод кардам, ҳаводиси ҷанги шаҳрвандиро дар бар мегирад. Дар озмуни “Новеллазия” аз кишварҳои Озиёи Марказӣ, ба хусус аз Тоҷикистон наздики 15 нафар асарҳои худро пешниҳод намуда ва аз кишварҳои Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок доштанд. 20-уми апрел давраи аввали ин озмун ҷамъбаст гардид, ки 15 нафар, аз ҷумла хабарнигори Озодӣ ва адиб Салими Аюбзод, барои ширкат дар даври ниҳоӣ интихоб шуданд. Рӯзи 1 май аз Тоҷикистон маро ғолиб эълон карданд.

Озодӣ: Хабари ғолиб шуданатонро чӣ гуна қабул кардед?

Толибшоҳи Давлат: Шаб буд, вақте ки занг зада, хабар доданд. Як ҳамкорам занг зада гуфт: «Табрик мекунем, дар озмуни “Новеллазия” ғолиб омадаӣ!» Ростӣ, дар аввал бовар накардам. Аммо вақте дақиқ фаҳмидам, ки ман дар ин сабқат дастболо шудам, хеле хурсанд гардидам. Ин озмун як воситаест ,ки дар муаррифии асарҳои адибони Осиёи Марказӣ нақши хуб бозида метавонад.

Озодӣ: Китоби «Турнаҳо дар баҳорон» ба кадом мавзӯъ бахшида шудааст?

Толибшоҳи Давлат: Ин китоб ба мавзӯи муҳоҷират бахшида шудааст. Мавзӯи муҳоҷират мавзӯи доғи ҷомеаи имрӯзаи мо гаштааст. Аммо дар маҷмӯъ бигирем агар, муҳоҷират танҳо масъалаи доғи Тоҷикистон нест, балки дарди аксари кишварҳои пасошӯравӣ гардидааст. Ба ҳама маълум аст ,ки ҷавонон дар муҳоҷират азобу шиканҷа мекашанд. Шояд сабаб ҳамин буд, ки китоби мазкур дар шомили панҷгона гардид. Шомил гардидани китоби «Турнаҳо дар баҳорон» ба панҷгонаи озмуни “Новеллазия” ин таҳо муваффақияти ман нест, балки аз ҳамиа адибони тоҷик аст, аз маи Тоҷикистони кӯчаки мост.

Озодӣ: Дар ин китоб қаҳрамону сюжаҳо воқеиянд ё тахаюлӣ?

Толибшоҳи Давлат: Дар китоб ҳам қаҳрамонҳо ва ҳам ҳодисаву воқеаҳо воқеиянд. Қаҳрамони китоб як ҷавони тоҷикест ,ки пас аз хатми мактаб мехоҳад ба донишгоҳ дохил шавад, аммо бо сабаби пул надоштан дохил шуда наметавонад. Ба муҳоҷират меравад, то пули донишгоҳро кор карда биёяд. Аммо аз Русия тобуташро ба Тоҷикистон меорад. Аммо чизе ки дар «Турнаҳо дар баҳорон» барои хонанда метавонад ҷолиб бошад, оғози раванди муҳоҷират аст. Муҳоҷират дар Тоҷикистон замоне сар шуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Як қисми тоҷикон ҳамон солҳо ба дигар кишварҳо гуреза шуданд ва ин ба сели муҳоҷирати мардуми тоҷик замина гузошт. Ва ин сел дигар ист накард…
XS
SM
MD
LG