Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар қатори 6300 зоири имсолаи тоҷик, ки имсол Хонаи Худоро зиёрат карданд, Матлубхон Давлатов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон низ ба унвони пурифтихори "Ҳоҷӣ” сазовор шуд.

Ҳарчанд як нафар аз ҳамроҳони Матлубхон Давлатов, ки нахост номаш ифшо шавад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муовини нахуствазир бо супориши раисиҷумҳур - Эмомалӣ Раҳмон - бо сафари хидматӣ ва асосан барои ошноӣ бо шароити зоирони тоҷик ба Макка сафар карда, ҳамзамон зиёрати Хонаи Худоро, ки барои ҳар мусалмони тавонманд дастикам як бор дар зиндагиаш фарз шудааст, анҷом дод.

Ин фард мегӯяд, Матлубхон Давлатов ҳангоми зиёрати Маккаву Мадина баробари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аҳкоми Ҳаҷро иҷро кард ва на ҳамчун як мансабдор, балки мисли як инсони заминӣ рафтор дошт.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ҷаноби Давлатов баробар будани "шоҳу гадо" дар ин макони муқаддасро хуб медонад: «На шукӯҳу шаҳомат буду на хаймаҳои алоҳида. Дар ҳама мавриду ҳама ҳолат баробари дигар ҳоҷиён ҳама рукнҳои шаръиро ба ҷо овард. Ҳамеша дар байни мардум буд. Ҳатто замони ба тимсоли шайтон санг задан.»

Ҳамчунин ба гуфтаи ин фард, Матлубхон Давлатовро дар ин зиёрат Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин ва чанд тани дигар аз кормандони дастгоҳи иҷроияи раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ кардаанд.

Абдулло Ҳабибов

Абдулло Ҳабибов

Муовини собиқи вазири дифоъи Тоҷикистон Абдулло Ҳабибов низ имсол сафари Ҳаҷ дошт, вале ӯ бо роҳхати маъмулӣ дар қатори дигар зоирон ба Арабистони Саудӣ сафар кард, на бо ҳайъати расмии давлатӣ.

Дар солҳои пеш низ иддае аз мансабдорон тавонистаанд, ки бо зиёрати Маккаву Мадина мақоми "Ҳоҷӣ"-ро соҳиб шаванд. Ин дар ҳолест, ки дар то чанд соли аввали истиқлол таъсири динситезии ҳукумати Шӯравии пешин дар зеҳни афроди мансабдори коммунистмаоб чунон боқӣ монда буд, ки талоши зиёде барои рӯ овардан ба арзишҳои исломиро надоштанд.

Аммо пас аз он ки дар даҳ соли пеш Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зиёрати хонаи Худоро анҷом дод, қолабҳо низ шикаста шуд ва мансабдорон ҳам аз раисиҷумҳур пайравӣ карданд. Ҳамроҳи оқои Раҳмон дар он сафар раиси вақти Бонки миллӣ ва ҳоло муовини сарвазир Муродалии Алимардон ва сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода низ аҳкоми Ҳаҷро иҷро карданд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода

Абдуфаттоҳ Шарифзода

Ҳоло дар рӯйхати мансабдорони ҳоҷишудаи тоҷик баъзе аз вазирону раисони шаҳру ноҳияҳоро ёфтан мумкин аст. Аммо Мавлон Мухторзода, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки худаш ҳам ба истилоҳ ҳоҷии чандкарата шудааст, гуфт, ки онҳо рӯйхати махсусе дар ин робита тартиб намедиҳанд, ки кадом мансабдори тоҷик ба зиёрати хонаи Худо рафтааст ё кадоме нарафтаанд. Вай гуфт: «Абдураҳим Холиқов, Матлубхон Давлатов ва чанд нафари дигар аз коргарҳо буданд. Аммо мо чунин омор надорем, ки чанд нафарашон мансабдор буд ва чанд нафари дигарашон шаҳрвандони оддӣ.»

Бо он ки муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон намегӯяд, ки то кунун чанд нафар аз мансабдорони тоҷик зиёрати Ҳаҷро анҷом додаанд, аммо дар солҳои ахир ба ғайри Муродалӣ Алимардону Абдуфаттоҳ Шарифзода Ҷӯрахон Зоиров, сардори раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили вазорати корҳои дохилӣ, ва Муҳаммад Ғоиб, собиқ раҳбари шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ва ҳоло сардабири рӯзномаи ҳукуматии «Ҷумҳурият» низ ба зиёрати Маккаву Мадина ва унвони “Ҳоҷӣ” мушарраф шудаанд.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё Ҳаҷи мансабдорон метавонад ба зиндагии мардуми тоҷик ё фаъолияти онҳо дар иртибот ба зердастонашон таъсире гузорад? Ваё, барои мисол, дасти онҳоро аз аъмоле, чун ришвахорӣ ё фасод кӯтоҳтар кунад?

Як мақоми баландпоя, ки унвони “Ҳоҷӣ”-ро дорад, бидуни бурдани ном ба Озодӣ гуфт, зиёрати хонаи Худо ба сари худ наметавонад одамро зиёд тағйир диҳад. Ӯ мегӯяд, бештари мансабдорон на аз рӯи ақида, балки бештар барои дидану муқоиса кардан ба сафари Ҳаҷ мераванд: «Шояд каме таъсир гузорад ба нафаре, ки хатогиҳои зиёд карда бошад. Камбудиҳо дошта бошад. Мумкин то андозае ба як раҳи нек барад одамро. Лекин имрӯзҳо миллионҳо нафарн Ҳаҷ мекунанд. Агар ҳамаи онҳо тағйир ёбанд, олам гулистон мешуд.» Аммо ба сурати умум, меафзояд ҳамсӯҳбати мо, аксар баъди сафари Ҳаҷ низ ҳамоне ки буданд, мемонанд – манфиатҷӯ – манфиатҷӯ мемонаду ришвахор – ришвахор ва ватандӯст – ватандӯст.

Зубайдуллои Розиқ, яке аз рӯҳониёни маъруфи тоҷик бар ин бовар аст, ки зиёрати Хонаи Худо низ зиёд ба рафтору кирдор и инсон тағйирот ворид намекунад, агар ӯ ақидатан худро тағйир надиҳад: «Кори давлат ин як низом аст. То низом дигар нашавад, ҳар касеро сари вазифа монед, агар ӯ намозхон бошад, Ҳоҷӣ бошад ҳам, дар танҳоӣ коре карда наметавонад. Барои тағйир бояд аз президент то оддитарин шаҳрванд ҳама талош кунанд.»

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Макка

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Макка

Бо ин ҳама соҳибназарон аз афзудани сафи мансабдорон дар сафи ҳоҷиён истиқбол мекунанд ва мегӯянд, фазои Маккаву Мадина, ин ду макони муқаддастарин барои мусалмонҳо ҳатман ба рӯҳияи инсон, ки бандаи Худост, таъсире хоҳад кард ва дар зиндагии минбаъдаи онҳо то андозае дигаргуниҳо, албатта, ба самти мусбат ворид мекунад.

Ба иттилоъи Кумитаи дини Тоҷикистон, имсол ҳудуди 6300 шаҳрванди тоҷик сафари Ҳаҷ кард. Нархи сафари Ҳаҷ имсол 17 625 сомонӣ ё 3 710 доллари амрикоӣ таъйин шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG