Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии тими ҷавонони Тоҷикистон бо мунтахаби вилояти Хатлон


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) бозии санҷиширо бо мунтахаби вилояти Хатлон бо ҳисоби мусовии 2-2 анҷом дод.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагиҳои футболбозони ҷавони тоҷик ба Ҷоми Иттиҳод-2014 дар Санкт-Петербург рӯзи 25-уми декабр дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Ҳисобро дар нимаи авали бозӣ Фирӯз Раҳматов, ҳамлагари мунтахаби ҷавонон, боз кард. Дар оғози қисми дувуми бозӣ Неъмат Тошев, бозигари мунтахаби вилояти Хатлон, ҳисобро баробар намуд. Голи дувуми мунтахаби вилояти Хатлонро Ҳасан Рустамов аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. Понздаҳ дақиқа пеш аз анҷоми бозӣ Ромиш Ҷалилов, нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонон, ҳисобро баробар кард – 2-2.

Бозии дувуми санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев рӯзи шанбе, 28-уми декабр, бо мунтахаби бошгоҳҳои футболи кишвар, ки ба он Тоҳир Муъминов раҳбарӣ мекунад, баргузор мешавад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00
Линки мустақим


Бозии санҷишӣ

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) – Мунтахаби вилояти Хатлон - 2:2.

Голҳо: Фирӯз Раҳматов, Ромиш Ҷалилов – Неъмат Тошев, Ҳасан Рустамов, аз пеналтӣ.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21): Муъминҷон Гадойбоев, Хуршед Бекназаров, Бахтиёр Азимов, Фахриддин Сафарзода, Ойбек Абдуғаффоров, Фаридун Шарифов, Амирбек Ҷӯрабоев, Абдулло Саидов, Ҷаҳонгир Эргашев, Фирӯз Раҳматов, Наврӯз Рустамов.

Дар ҷараёни бозӣ инҳо ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Баҳодур Шамсов, Сайидамири Саидаҳмад, Музаффар Назаров, Дилшод Каримов, Саидхони Амрохон, Фирдавс Тусматов, Ромиш Ҷалилов, Абдурасул Раҳмонов, Шодмон Тағойзода, Меҳроҷиддин Музаффаров, Толибҷон Султонов, Муҳаммади Ҳасан.

Мунтахаби вилояти Хатлон: Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Далер Шомуродов, Фаридун Рустамов, Тоҳири Баҳром, Зокир Абдулхайров, Комрони Саидзод, Неъмат Тошев, Фурқат Мирҳайдаров, Бахтиёр Комилов (Акмал Сабуров, 46).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

25-уми декабр. Душанбе. Майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Бояд гуфт, ки ба дархости ниҳоии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2014, ки аз 24-уми январ то 2-юми феврал дар Санкт-Петербург барпо мегардад, 20 бозигар дохил мешавад. Мувофиқи низомномаи мусобиқот соли таваллуди бозигарон 1993 ва аз он хурд мебошад.

Дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014 бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Мусобиқот рӯзи 24-уми январ бо бозии футболбозони ҷавони Эстония ва Тоҷикистон оғоз меёбад. Бозии дувуми мунтахаби Тоҷикистон 25-уми январ бо тими Қирғизистон ва бозии охиринаш дар сабқати гурӯҳӣ 27-уми январ бо дастаи Украина баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG