Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2014


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) омодагиро ба Ҷоми Иттиҳод-2014 шурӯъ кард.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки рӯзи 12-уми декабр дар Душанбе шурӯъ шуд, 28 бозигар – 3 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

Дар Ҷоми Иттиҳод-2014, ки аз 24-уми январ то 2-юми феврал дар Санкт-Петербурги Русия барпо мегардад, 11 дастаи мунтахаби ҷавонон ширкат мекунад. Мувофиқи низомномаи мусобиқот соли таваллуди бозигарон 1993 ва аз он хурд мебошад. Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский» барпо мегарданд.

Дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014 бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим шудаанд:
Гурӯҳи«А»: Эстония, Тоҷикистон, Украина, Қирғизистон.
Гурӯҳи «В»: Литва, Туркманистон, Русия, Молдова.
Гурӯҳи «С»: Латвия, Беларус, Қазоқистон, Узбакистон.

Вале мунтахаби ҷавонони Узбакистон аз иштирок дар Ҷоми Иттиҳод-2014 даст кашид. Мусобиқот барои Ҷоми Иттиҳод-2014 рӯзи 24-уми январ бо бозии футболбозони ҷавони Эстония ва Тоҷикистон оғоз меёбад. Бозии дувуми мунтахаби Тоҷикистон 25-уми январ бо тими Қирғизистон ва бозии охиринаш дар сабқати гурӯҳӣ 27-уми январ бо дастаи Украина баргузор мешавад.


Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-21):

Дарвозабонҳо: Муъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), Баҳодур Шамсов («Равшан»);

Ҳимоятгарон: Алишер Шарифов, Саид Исмоилов, Фирдавс Тусматов (ҳарсе аз «Регар-ТадАЗ»), Сайидхони Амрохон («Равшан»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»), Фирдавс Ҳоҷиев, Дилшод Каримов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Музаффар Назаров, Сайидамири Сайидаҳмад, Хуршед Бекназаров (ҳарсе аз «Вахш»), Фирдавс Гадоев («Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Шавкати Ҳотам, Абдулло Саидов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду аз «Энергетик»), Ҳусниддин Ашӯров («Спитамен»), Ҷаҳонгир Эргашев, Ромиш Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол»), Абдурасул Раҳмонов, Шодмон Тағойзода (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Наврӯз Рустамов («Вахш»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), Толибҷон Султонов («Истиқлол»).
XS
SM
MD
LG