Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Қазоқистонро дар Остона шикаст дод


Лаҳзае аз зарбаҳои 11-метра дар бозии Тоҷикистону Қазоқистон
Лаҳзае аз зарбаҳои 11-метра дар бозии Тоҷикистону Қазоқистон

Дар шаҳри Остона бозии тимҳои футболбозони то 16-солаи Тоҷикистону Қазоқистон барои ҷои сеюм дар Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон анҷом ёфт. Вақти асосии бозӣ 1:1 анҷом ёфт, вале дар зарбаҳои 11-метрӣ Тоҷикистон бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад.

Тими футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон тавонист дар рақобат барои ҷои сеюм дар Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон дар шаҳри Остона бар тими мизбон дар зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 4:3 баранда шавад. Вақти асоси бозӣ бо ҳисоби 1:1анҷом ёфта буд. Тӯби ягонаи тими Тоҷикистонро дар ин бозӣ Кароматулло Саидов зад.

Имрӯз, 29-уми июн, мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон дар Остона барои ҷойи севум бар тими мизбон аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуд.

Замони асосии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1-1 поён ёфт. Дар задании зилсилаи пеналтӣ кори футболбозони навраси тоҷик омад кард ва онҳо бо ҳисоби 4:3 ғалаба карда, мақоми севумро касб намуданд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ ва 4000 доллари ИМА мукофотонида шуд.

Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон -2014

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум. Қазоқистон – Тоҷикистон – 1-1 (3-4 - аз рӯи пеналтӣ). Голи Тоҷикистон: Кароматулло Саидов, 24.

Силсилаи пеналтӣ: Олтинбек Тулеев – 0:1. Собирҷон Гулаков – 1:1. Бакдавлат Рисбеков – 1:2. Худойдод Узоқов – 2:2. Мадӣ Ойтӯра – 2:2 (хато зад). Кароматулло Саидов – 3:2. Алибек Қосим – 3:3. Табрези Давлатмир – 4:3. Алишер Сагинов – 4:3 (дарвозабон баргардонд).

Рақобати Тоҷикистону Қазоқистон асосан бо бартарии тими Тоҷикистон гузашт.

Дар дақиқаҳои 62 ва 63 бозигарони тоҷик ду фурсати хуби голзанӣ доштанд. Бори аввал ҳамлагари мо бо дарвозабони қазоқ якбаяк баромад, вале зарбааш каме хато рафт. Баъди чанд лаҳза тими Тоҷикистон як партоби олӣ ба майдончаи ҷаримавии тими мизбон дошт, вале довар ҳукм кард, ки ҳамлагари тоҷик дар ҳолати оффсайд қарор дошт. Бозӣ дар маҷмӯъ бо бартарии тими Тоҷикистон идома дорад.

Дақиқаи 65. Ҳамлагари тоҷик Муҳаммадҷони Ҳасан боз якбаяк рафт ва боз гол зада натавонист.

Дақиқаи 70. Тими Қазоқистон якбора 3 ҳамла анҷом дод, вале ҳимоятгарони Тоҷикистон бо раҳбарии дарвозабон Беҳрӯз Хайриев ҳарсе ҳамларо рафъ карданд. Аммо зоҳиран эҳсос мешавад, ки тими Қазоқистон кам-кам ба худ меояд ва ташаббусро ба даст мегирад.

Дақиқаи 71. Дар ҳайати тими Қазоқистон Ниёз Шугаев Обидҷон Жақсибоевро иваз кард.

Дақиқаи 73. Дар ҳайати Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шариповро Руслан Толибов иваз кард.

Дақиқаи 76. Тағйирот дар ҳайати тими Қазоқистон: Ба ҷои Жандос Султонов Олтинбек Тулеев ба майдон баромад.

Дақиқаи 80. Вақти асосии бозӣ тамом шуд ва довар 4 дақиқаи изофӣ дод. Дар ин мусобиқот тимҳо ду қисм 40-дақиқаӣ бозӣ мекунанд. Агар бозӣ мусовӣ анҷом ёбад, бидуни ду қисми иловагӣ ғолибро билофосила аз тариқи силсилаи зарбаҳои 11-метра муайян хоҳанд кард.

Зарбаҳои 11-метрӣ:

Олтинбек Тулеев 0:1

Собирҷон Гулаков 1:1

Багдавлат Разбеков 1:2

Худойдод Узоқов 2:2

Мадӣ Айтӯра хато кард. Ҳисоб ҳамоно - 2:2

Кароматулло Саидов Тоҷикистонро пеш баровард. 3-2!

Алибек Қосим аз Қазоқистон ҳисобро 3:3 кард.

Табрези Давлатмир 4:3

Дарвозабони Тоҷикистон Беҳрӯз Хайриев зарбаи Алишер Сагиновро гардонд ва Тоҷикистон бо ҳисоби 4:3 ғолиб омада, сазовори нишонҳои биринҷии Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон шуд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ ва 4000 доллари ИМА мукофотонида шуд.

Пахши мустақими ин бозиро метавон инҷо тамошо кард:

Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон бо ширкати 6 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ба гурӯҳи «В» Испания, Озарбойҷон ва Тоҷикистон дохил буданд.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои Гурҷистон ва Қазоқистон бо чоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро азони худ карданд. Вале мунтахаби Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт.

Дар гурӯҳи «В» Испания бо 4 имтиёз ғолиб омад. Тоҷикистон бо 3 имтиёз дувум шуд. Озарбойҷон бо як имтиёз ҷойи охиринро гирифт. Ба ин тартиб, Гурҷистон ва Испания ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд ва 29-уми июн барои дарёфти Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон талош мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон 25-уми июн дар нахустин бозиаш дар Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон бар дастаи Озарборйҷон бо ҳисоби 2-1 ғалаба карда буд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадҷон Шарифов (аз пеналтӣ) ва Худойдод Узоқов ба самар расонданд.

Вале мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 26-уми июн дар дувумин бозиаш дар Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон аз тими Испания бо ҳисоби бузурги 0-7 шикаст хӯрд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ба ҳайати даста 18 бозигар, аз он ҷумла 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд. Ин мусобиқа барои мо як давраи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 маҳсуб мешавад. Бачаҳои мо боз имкон пайдо карданд, ки таҷоруби хуби байналмилалӣ касб кунанд.»

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб 10 ҳазор доллар мегирад. Барои ҷойи дувум 6 ҳазор ва барои ҷойи севум 4 ҳазор доллари ИМА муқаррар шудааст.

Ҳайати мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16):

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Шаҳром Исмоилов («Вахш»).


Ҳимоятгарон: Сироҷиддин Гулмуродов, Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (ҳарду – «Истиқлол»), Абубакр Азимов («Равшан»), Алишер Баротов («Вахш»), Зоир Ҷӯрабоев (ССКА «Помир»).


Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду – «Вахш»), Ҳокимҷон Ҳасанов («Энергетик»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Шаҳбози Шарифӣ (РШВСМ), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

Ҳамлагарон: Собирҷон Гулаков, Рустам Толибов, Муҳаммадҷон Шарифов (ҳама – РШВСМ), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).


Сармураббӣ: Салоҳиддин Ғафуров.

Тақвими бозиҳои Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон -2014

Даври 1-ум

25 июн (чоршанбе)

Озарбойҷон - Тоҷикистон – 1-2

Қазоқистон – Қирғизистон -3-0

Даври 2-юм

26 июн (панҷшанбе)

Гурҷистон – Қирғизистон -10-0

ТоҷикистонИспания – 0-7

Даври 3-юм

27 июн (ҷумъа)

Испания – Озарбойҷон – 1-1

Қазоқистон – Гурҷистон – 0-0

29 июн (якшанбе)

11.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум. Қирғизистон - Озарбойҷон

13.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум. Қазоқистон - Тоҷикистон

18.00 – Финал. Гурҷистон - Испания

XS
SM
MD
LG