Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо Қазоқистон барои ҷойи севум мубориза мебарад


Рӯзи якшанбе, 29-уми июн, мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон дар Остона бо тими мизбон барои ҷойи севум рақобат мекунад.

Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон бо ширкати 6 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ба гурӯҳи «В» Испания, Озарбойҷон ва Тоҷикистон дохил буданд.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои Гурҷистон ва Қазоқистон бо чоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро азони худ карданд. Вале мунтахаби Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт.

Дар гурӯҳи «В» Испания бо 4 имтиёз ғолиб омад. Тоҷикистон бо 3 имтиёз дувум шуд. Озарбойҷон бо як имтиёз ҷойи охиринро гирифт. Ба ин тартиб, Гурҷистон ва Испания ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд ва 29-уми июн барои дарёфти Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон талош мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон 25-уми июн дар нахустин бозиаш дар Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон бар дастаи Озарборйҷон бо ҳисоби 2-1 ғалаба карда буд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадҷон Шарифов (аз пеналтӣ) ва Худойдод Узоқов ба самар расонданд.

Вале мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 26-уми июн дар дувумин бозиаш дар Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон аз тими Испания бо ҳисоби бузурги 0-7 шикаст хӯрд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ба ҳайати даста 18 бозигар, аз он ҷумла 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд. Ин мусобиқа барои мо як давраи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 маҳсуб мешавад. Бачаҳои мо боз имкон пайдо карданд, ки таҷоруби хуби байналмилалӣ касб кунанд.»

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб 10 ҳазор доллар мегирад. Барои ҷойи дувум 6 ҳазор ва барои ҷойи севум 4 ҳазор доллари ИМА муқаррар шудааст.

Ҳайати мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16):

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Шаҳром Исмоилов («Вахш»).
Ҳимоятгарон: Сироҷиддин Гулмуродов, Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (ҳарду – «Истиқлол»), Абубакр Азимов («Равшан»), Алишер Баротов («Вахш»), Зоир Ҷӯрабоев (ССКА «Помир»).
Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду – «Вахш»), Ҳокимҷон Ҳасанов («Энергетик»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Шаҳбози Шарифӣ (РШВСМ), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

Ҳамлагарон: Собирҷон Гулаков, Рустам Толибов, Муҳаммадҷон Шарифов (ҳама – РШВСМ), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).
Сармураббӣ: Салоҳиддин Ғафуров.

Тақвими бозиҳои Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон -2014

Даври 1-ум

25 июн (чоршанбе)

Озарбойҷон - Тоҷикистон – 1-2

Қазоқистон – Қирғизистон -3-0

Даври 2-юм

26 июн (панҷшанбе)

Гурҷистон – Қирғизистон -10-0

ТоҷикистонИспания – 0-7

Даври 3-юм

27 июн (ҷумъа)

Испания – Озарбойҷон – 1-1

Қазоқистон – Гурҷистон – 0-0

29 июн (якшанбе)

11.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум. Қирғизистон - Озарбойҷон

13.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум. Қазоқистон - Тоҷикистон

18.00 – Финал. Гурҷистон - Испания

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG