Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Тоҷикистон бар Сингапур бо голи ягонаи Сиёвуш


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U23) дар бозӣ бо Сингапур пирӯз шуда, 17 сентябр бо тими Фаластин ва 24 сентябр бо бозигарони Умон қувваозмоӣ хоҳад кард.

Футболбозони тоҷик дар нахустин даври сабқати гурӯҳӣ дар Бозиҳои XVII-и осиёӣ 14-уми сентябр бар мунтахаби Сингапур бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуданд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи "Ансан-Ва" барпо гардид. Голи ягонаро ҳимоятгар Сиёвуш Асроров дар дақиқаи 87-ум ба самар расонд. Вай тӯби аз бурҷи майдон ҳавододаи Умедҷон Шарифовро бо сараш ба тӯри дарвозаи мунтахаби Сингапур равон кард.

Хабарнигори "Озодӣ", ки ин бозиро дар Инчони Куриёи Ҷанубӣ мушоҳида мекард, мегӯяд, бозӣ бо ҳуҷуми тарафҳо сурат гирифта, футболбозони тоҷик лаҳзаҳои зиёди голзанӣ доштанд, аммо танхо се дақиқа қабл аз анҷоми замони асосии бозӣ муваффақ гаштанд, тӯбро ба ҳадаф расонанд. Дар чаҳор дақиқаи вақти иловагӣ ҳисоб тағйир наёфт ва мунтахаби Тоҷикистон се имтиёз ба даст овард.

Мӯҳсин Муҳаммадиев
Мӯҳсин Муҳаммадиев

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби футболиТоҷикистон (U-23), дар нишасти хабарие, ки баъд аз анҷоми ин бозӣ баргузор шуд, гуфт, “бозӣ хеле вазнин буд. Мо як рӯз пеш аз ин бозӣ ба Инчон омадем. Бинобар ин, бачаҳои мо ҳанӯз ба обу ҳавои ин ҷо мутобик нашуда буданд. Бо вуҷуди ин, ғалаба кардем, ки натиҷа бароямон муҳим аст ва аз хушҳол шудем. Акнун ба бозии оянда бо мунтахаби Фаластин омодагӣ мебинем. Мақсади мо ба даври баъдӣ роҳ ёфтан аст.”

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дувумашро 17 сентябр бо тими Фаластин ва бозии севумашро 21 сентябр бо дастаи Умон анҷом медиҳад.

Дар мусобиқаи футбол аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII-и осиёӣ, ки то 2 октябр дар Инчони Куриёи Ҷанубӣ баргузор мешавад, 29 дастаи мунтахаби мардона (U-23) ширкат меварзад. Мунтахаби футболи Тоҷикистон мувофиқи натоиҷи қуръакашӣ ба гурӯҳи "С" ҳамроҳи тимҳои Умон, Фаластин ва Сингапур шомил аст.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шудаанд. Панҷ гурӯҳ аз чаҳордастаӣ ва се гурӯҳ аз седастаӣ иборатанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба 1/8 финал мебарояд. Дар мавриди ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон рақибаш яке аз тимҳои гурӯҳи «D» (Ҷопон, Кувайт, Ироқ ва Непал) мешавад.

Тибқи регламент ё тартиби Бозиҳои осиёӣ дар мусобиқа футболбозони синнашон то 23-сола (соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд) иштирок мекунанд. Инчунин ҳар як даста ҳуқуқ дорад, ки се футболбози синнашон аз 23-сола болоро ба ҳайат ворид намояд. Ин се футболбози бузургсол – дарвозабон АлишерТӯйчиев, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳамлагар Дилшод Восиев мебошанд.

Сабқати футболи Бозиҳои осиёӣ-2014

Гурӯҳи«С»

Даври 1-ум

14 сентябр (якшанбе)

Сингапур – Тоҷикистон – 0-1

Гол: Сиёвуш Асроров, 87.

Умон – Фаластин – 0-2

Голҳо: Суад Аҳмад Вридат, 40 (0:1). Самир Муҳаммад Марааба, 56 (0:2).

XS
SM
MD
LG