Пайвандҳои дастрасӣ

КОРИ САВОБ: Дасти Сорбонҷонро кӣ мегирад?


Сорбонҷон дар бистари беморӣ

Сорбонҷон дар бистари беморӣ

Алӣ Саидзода, сокини деҳаи Тутқавули шаҳри Норак мегӯяд, барои табдили гурдаи фарзандаш Сорбонҷон ба 10 000 доллар кӯмаки молии мардуми савобҷӯ ниёз дорад.

Алӣ Саидзода, сокини деҳаи Тутқавули шаҳри Норак барои додани як гурдаи худ ба фарзанди 14-солааш Сорбонҷон як моҳ боз ҳамроҳи писараш дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон, воқеъ дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе бистарист.

Ӯ мегӯяд, барои ин ҷарроҳӣ ба 10 ҳазор доллар ниёз дорад.

Алӣ Саидзода рӯзи 5 феврал аз бистари беморхона ба дафтари Радиои Озодӣ омад ва гуфт, писараш Сорбонҷон 6 сол мешавад, ки аз бемории гурда азоб мекашад ва ҳоло ҳарду гурдааш хушк шуда истодаанд. Ӯ гуфт, омода ҳаст як гурдаашро ба писараш бидиҳад, вале барои чунин ҷарроҳӣ 10 000 доллар лозим будааст, ки ӯ надорад ва аз мардуми хайрхоҳ ёрӣ металабад.

Вай гуфт, барои зинда мондани фарзандаш пизишкҳо танҳо иваз кардани гурдаҳои ӯро маслиҳат додаанд ва худи ӯ омода аст, як гурдаашро ба Сорбонҷон диҳад.

Алӣ Саидзода

Алӣ Саидзода

Падари Сорбонҷон мегӯяд, як моҳ боз дар беморхона ҳамроҳи фарзандаш бистарист ва гурдаи худашро ҳам табобат дорад, чунки, ба қавли ҳуди ӯ, мехоҳад ба фарзандаш гурдаи сиҳату саломат диҳад. Вай мегӯяд, тайи ин як моҳ барои харидани доруворӣ беш аз 8 ҳазор доллар харҷ кардааст ва ҳоло дигар барои ҷарроҳӣ пулаш намондааст.

Пизишкони Маркази миллии пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар ивази 10 ҳазор доллар амалиёти табдили гурдаи Сорбонҷонро анҷом диҳанд.

Алӣ Саидзода мегӯяд, ба ҳар қимате ҳам ки бошад, бояд саломатии писараш Сорбонҷонро ҳифз кунад ва намехоҳад ӯро аз даст диҳад. Вале, бо ҳасрат гуфт ин падар, ҳоло ноилоҷ мондаву ҳама аҳли хонаводаи онҳо бо умед чашм ба сӯи саховатмандон дӯхтаанд, ки дар ин рӯзи сахтӣ ба ёрии онҳо бирасанд.

Онҳое ки мехоҳанд ба ин падару писар ёрӣ бирасонанд, метавонанд шумори ҳисоби бонкии онҳоро аз ин акс дарёфт кунанд:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG