Пайвандҳои дастрасӣ

Танҳо дар 6 моҳи соли равон соҳибкорон ва ширкатҳои Тоҷикистон аз 250 қарори Кумитаи андоз ба додгоҳҳо шикоят бурдаанд. Аммо дар аксари ҳолатҳо ин баҳсҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон ба фоидаи ниҳодҳои давлатӣ ҳал мешаванд.

Беҳзод Нуралиев, як соҳибкори ҷавон қасд дорад, ки Тоҷикистонро тарк кунад. Вай мегӯяд, 4 сол қабл аз муҳоҷират як миқдор сармоя бо худ оварда буд ва дар зодгоҳаш як корхонаи хурди қандбарорӣ бунёд кард. Аммо як сол қабл дахлу харҷи се сол пеши корхонаашро нозирони андоз тафтиш карда, ӯро ҷаримаи калон бастаанд.

Беҳзод мегӯяд, бо ин қарори нозири андоз розӣ нашуд ва ба додгоҳ шикоят бурд: “Андози давлатро сари вақт месупоридем. Фоизи қарзи бонкро ҳам. Барои ин ки моро имрӯз ҷарима кунанд? Мо дар кадом аср зиндагӣ дорем? Дар асри ғуломдорӣ?”

Аммо Беҳзод дар ҳамаи зинаҳои додгоҳӣ шикаст хӯрд ва додгоҳ қазияро ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал кард. Ҳамакнун ӯ папкаи ғафси ҳуҷҷатҳо дар даст дари идораҳои гуногуни давлатиро мекубад то, ки расман кори фаъолияти корхонаашро қатъ карда бо дили пур дубора роҳ сӯи муҳоҷират пеш бигирад.

Ин танҳо Беҳзод нест, ки дар супоридани андоз мушкил дорад ва бо Кумитаи андоз вориди баҳси додгоҳӣ шудааст. Бино бар маълумоти Кумитаи андози Тоҷикистон, танҳо дар шаш моҳи соли равон тоҷирон, соҳибкорон ва ширкатҳои алоҳида аз 250 қарори Кумитаи андоз ба додгоҳҳои кишвар шикоят бурдаанд. Як масъул аз Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, дар 95 дарсади ҳолатҳо баҳсҳои додгоҳӣ бо Кумитаи андоз ба фоидаи ин ниҳод ҳал мешаванд.

Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров, роҳбари коллегияи вакилони мудофеъ “Сипар” мегӯяд, додгоҳҳои Тоҷикистон дар тасмимгириҳои хеш ҳангоми судури ҳалнома мустақил нестанд ва аз ин рӯ, дар аксарияти марвид ба нафъи идораҳои давлатӣ ҳукм мебароранд. Вай мегӯяд: “Ман дар вилояти Суғд бештар дар парвандаҳои иқтисодӣ ба ҳайси вакил ширкат кардаам. Аммо дар 99 дарсади ҳолатҳо ин гуна парвандаҳо ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал мешаванд. Намояндагони додгоҳҳо дар сӯҳбатҳои алоҳида мегӯянд, ки аз тарафи давлат супориш гирифтаанд, ки манфиати Кумитаи андоз ва умуман давлатро ҳимоя кардан даркор. Аз ин рӯ, дар аксарияти ҳолатҳо қонун як сӯ мемонад ва додгоҳҳо манфиат давлат гуфта, парвандаро ба манфиати Кумитаи андоз ҳал мекунанд.”

Ҷаноби Ёров мегӯяд, то замоне ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақилияти комил ба даст наоранд, нишондодҳои қонун риоя ва адолат дар ҷомеа бақарор намешавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи соҳибкорон мегӯянд, дар Тоҷикистон низоми молиётситонӣ тавре ба роҳ монда шудааст, ки нозирони андоз ба бештар ҷарима бастан ва умуман ёфтани айби соҳибкорон манфиат доранд.

Михаил Петрушков

Михаил Петрушков

Михаил Петрушков, роҳбари Маркази ҳимояи бизнес дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, афзудани шумораи баҳсҳои додгоҳии тоҷирон ва ширкатҳои алоҳида бо Кумитаи андоз аз бурузи як бӯҳрони системавӣ дарак медиҳад. Ба таъкиди Петрушков, “яке аз масъулиятҳои Кумитаи андоз ин дуруст фаҳмонидани бандҳои қонуни андоз ба соҳибкорон мебошад. Ин ки шикоятҳо аз сӯи соҳибкорон ба додгоҳ бештар шудааст, маънои онро дорад, ки кумтаи андоз яке аз масъулиятҳои худро дуруст иҷро намекунад.”

Кодекси андози Тоҷикистон

Кодекси андози Тоҷикистон

Ҷаноби Петрушков афзуд, дар кишварҳои пасошӯравӣ низоми кори ниҳодҳои давлатӣ бар пояи зӯроварӣ бунёд шудааст. Ба таъкиди вай, самараи кори чӣ мақомоти андоз ва чӣ кори милиса бар асоси ҳаҷми ҷаримаҳои ситонидашуда ва миқдори ҷиноятҳои ошкоршуда баҳо дода мешавад, ки ба ақидаи Михаил Петрушков, самарааш мисли “як қадам ба пешу ду қадам ба қафо” хоҳад шуд.

Мақомот теъдоди корхона ва соҳибкронеро, ки маҳз ба хотири андозҳои гарон ва ё ҷаримаҳои ҳангуфт баста мешавад, махсус ҳисоб намекунанд. Аммо як сол қабл дар се моҳи аввали ба иҷро даромадани Кодекси нави андоз 18 ҳазор соҳибкор кори фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG