Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии мунтахаби Тоҷикистон бо Баҳрайн дар бозии дӯстона


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии дӯстонаро бо тими миллии Баҳрайн бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Ин бозӣ 23 март дар шаҳри Риффа, дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн, баргузор шуд. Дар бозии дӯстона миёни тимҳи миллии Баҳрайну Тоҷикистон ҳисобро Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари меҳмонон, дар дақиқаи чоруми дидор боз кард. Вале футболбозони тоҷик ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Ба мизбонон муяссар шуд, ки дар замони изофакардаи сардовари бозӣ Муҳаммад Мӯсо Абу Лум (Урдун) - 90+3 - ҳисобро баробар намоянд. Тӯбро Комил Ал-Асвод ба ҳадаф расонд.

Бозӣ миёни тимҳои миллии Яман ва Тоҷикистон рӯзи 28 март дар Доҳа, дар варзишгоҳи Суҳайм Бин Ҳамад, баргузор мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов дар бозии дӯстона муқобили тими миллии Баҳрайн чунин буд: Абдуазиз Маҳкамов, Давронҷон Эргашев (Ойбек Абдуғаффоров, 68), Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов (Ромиш Ҷалилов, 68), Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Алиев (Нозим Бобоҷонов, 73), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Эргашев), Умедҷон Шарифов, Парвизҷон Умарбоев (Дилшод Восиев, 68), Манучеҳр Ҷалилов (Давронҷон Тухтасунов, 68).

Дар ин бозӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш легионер - дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн) ва Умедҷон Шарифов («Машъал», Узбакистон) – бозӣ карданд.

Зимнан, ин бозии севуми тимҳои миллии Тоҷикистону Баҳрайн ба шумор мерафт. Аз ин пеш ин дастаҳои мунтахаб соли 2004-ум дар доираи мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2006 ду бор бо ҳам рақобат карда буданд. 31 март бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳисоби 0:0 ба охир расида буд. Дарвоқеъ, дар ин бозӣ дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев ду бор дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаҳои 28-ум ва 35-ум, тӯби аз ҷаримаи 11-метрӣ задаи бозигарони Баҳрайнро баргардонд. Вале бозии ҷавобӣ дар меҳмонӣ бо пирӯзии мунтахаби Баҳрайн бо ҳисоби бузурги 4:0 поён ёфт.

Бозии дӯстона бо мунтахаби Баҳрайн дар Риффа барои футболбозони тоҷик озмоише буд пеш аз бозии марҳилаи муқаддамотии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» муқобили мунтахаби Яман, ки 28 март дар пойтахти Қатар – Доҳа – доир хоҳад шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар 25 март тавассути ҳавопаймо аз Баҳрайн ба Қатар парвоз мекунад. Бозӣ миёни тимҳои миллии Яман ва Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар Доҳа, дар варзишгоҳи Суҳайм Бин Ҳамад, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

XS
SM
MD
LG