Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳқиқи парвандаи латту кӯб "бо амри корманди Додгоҳи олӣ" (ВИДЕО)


Лаҳзае аз навори латту кӯби Қиёмиддин Ҳакимов

Лаҳзае аз навори латту кӯби Қиёмиддин Ҳакимов

Додситонӣ таҳқиқи парвандаи латту кӯби Қиёмиддин Шарифовро ба пулиси ноҳияи Фирдавсӣ супурдааст. Ҷабрдида иддао дорад, ки ба ӯ бо амри корманди Додгоҳи олӣ Маҳмадалӣ Шарифов ҳамла кардаанд.

Котиботи додситонии ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 6 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи шаҳрванди Тоҷикистон Назруллоев Шариф Шамсуллоевич, ки дар латту кӯби корманди тавқифгоҳи мошини шаҳри Душанбе Ҳакимов Қиёмиддин айбдор дониста мешавад, бо моддаи 237, қисми 2 (авбошӣ бо расонидани зарари ҷисмонӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз намуда, ҳанӯз рӯзи 31 декабр барои тафтиш ба додситонии ноҳияи Фирдавсӣ ирсол дошта буд. Додситонии ноҳияи Фирдавсӣ ба дунбол, парвандаи латту куби сардори тавқифгоҳи Душанберо барои таҳқиқи ҳамаҷониба дар поёни ҳафтаи гузашта ба шӯъбаи умури дохилаи ин ноҳияи фиристод ва ҳоло он дар дасти баррасии ҳамин шӯъба қарор дорад.

Қиёмиддин Ҳакимов, нафари ҷабрдида дар ин қазия, ки раҳбари тавқифгоҳи мошинҳо, воқеъ дар маҳаллаи “Дӯстӣ”-и пойтахт аст, ба Озодӣ гуфт, Шариф Назруллоев нафаре ҳаст, ки чуноне дар навори видеоӣ дида мешавад, аввал шуда омада ӯро бо зарби мушт ба замин афтонд ва ба дунболи вай дигарон ҳам ба вай дарафтода, латту кӯбаш карданд.

Рустам Қурбонов, вакили мудофеъи Қиёмиддин Ҳакимов мегӯяд, ки онҳо мунтазири тафтиши ҳодиса аз тарафи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ мебошанд ва кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки афроди дигаре,ки ҳамроҳ бо Шариф Назруллоев зерҳимояи ӯро латту кӯб кардаанд, низ боздошт вамуҷозот шаванд.

Қиёмиддин Ҳакимов иддао дорад, ки ӯро дар миёнаҳои моҳи октябр бо дастури Маҳмадалӣ Шарифов, як корманди баландпояи Додгоҳи олии Тоҷикистон латту кӯб кардаанд ва ӯ 8 рӯз дар бемористон табобат гирифтааст. Ин қазия моҳи декабр, джар пайи нашри видеои латту кӯби Ҳакимов дар расонаҳо, аз ҷумла дар сомонаи Озодӣ вирди забонҳо шуд.

Ҳакимов аз ин ҳодиса ба вазири умури дохилии Тоҷикистон шикоят навиштааст, ки ҳамлагарон ӯро дар маҳалли кораш, тавқифгоҳи мошинҳо бо мушту лагад аз пой дароварданд ва беш аз 2 ҳазор доллараш низ дар ҷараёни ин муноқиша гум шудааст. Саҳнаи латту кӯби Ҳакимро яке аз дурбинҳои атроф сабт кардааст ва дар он чеҳраи баъзе ҳамлагарон намоён аст.

Рустам Қурбонов, вакили Қиёмиддин Ҳакимов, мегӯяд, зерҳимояи ӯ ва корманди Додгоҳи олӣ Маҳмадалӣ Шарифов дар моҳи октябр бар сари маблағи хариди як мошин баҳси телефонӣ доштанд ва гӯё корманди додгоҳ ӯро таҳдид кардааст, ки “ҳамин ҳоло бачаҳо рафта бо ту гапзанон мекунанд.” Ба гуфтаи ӯ, “баъди лаҳзае панҷ нафар дар тавқифгоҳи мошинҳо, воқеъ дар маҳаллаи”Дӯстӣ”-и пойтахт ҳозир шуданд ва ба Қиёмиддин Ҳакимов ҳуҷум карданд.”

Қиёмиддин Ҳакимов мӯътақид аст, ки ӯро бо амри Маҳмадалӣ Шарифов, сардори шӯъбаи “зинаи кассатсионӣ ва назорат бар парвандаҳои оилавӣ”-и Додгоҳи олии Тоҷикистон, латту кӯб кардаанд. Аммо Маҳмадалӣ Шарифов қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, ин даъво ягон асос надорад. Ӯ мегӯяд, ягон навъ баҳс ё сӯҳбатҳои телефонӣ бо ҷабрдида ҳам надошт: “Дар навори дурбинҳое, ки ҳолати латту кӯби корманди таваққуфгоҳи мошин сабт шудааст, акси ман нест ва ман дар онҷо набудам ва ин кори ман нест. Ин тӯҳмат аст ва барои рехтани обрӯи ман ҳамчун корманди Додгоҳи олӣ бофта шудааст.”

Вай гуфт, ки барои ҳимоят аз шаъну шарафаш вакили мудофеъ гирифтааст ва ба ӯ ваколатнома ҳам додааст, то ин ки дар ин баҳс аз вай ҳимояти ҳуқуқӣ карда шавад.

Ҳамзамон ҷаноби Шарифов гуфт, Қиёмиддин Ҳакимов аз ӯ не, балки аз бародараш "20 000 доллар қарздор аст ва азбаски қарзро баргардонида наметавонад, зидди вай барои қаллобӣ парванда кушодан даркор аст." Вай акидан гуфт, “факти асосӣ дар ин баҳс видеоролик аст. Ман дар ҳамон видеоролик нестам, тамом! Ин, боз мегӯям, тӯҳмат аст! Беҳтар аст, то анҷоми тафтишот сабр кунем.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG