Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талаби иҷозатномаи махсус барои ҳавопаймоҳои бесарнишин


Уқоби "мусаллаҳ" бо дрон дар тамринҳои пулиси Ҳолланд

Уқоби "мусаллаҳ" бо дрон дар тамринҳои пулиси Ҳолланд

Воридоту содирот, сабти ном ва истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар Тоҷикистон аз ин ба баъд бо иҷозатномаи махсус сурат хоҳад гирифт.

Тоҷикистон аз ин ба баъд воридоту содирот ва хариду фурӯши ҳавопаймоҳои бесарнишин, аз ҷумла "дрон" ё "квадракоптер"-ҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор хоҳад дод. Дар ин бора Мансур Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 6 апрел дар ҷаласаи парлумон хабар дод.

Ӯ ҳангоми баррасии Кодекси фазои ҳавоии Тоҷикистон гуфт, ки ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир гирифта шудааст. Ба қавли Умаров, “дар моддаи 37-уми Кодекси ҳавоии Тоҷикистон мафҳумҳои “ҳавопаймоҳои бесарнишин” ва “системаҳои авиатсионии бесарнишин”-ро муайян намуда, дар моддаи 77-ум дастрасии ғайриқонунии шахсони бегонаро ба системаи авиатсионии бесарнишин маҳдуд мекунад.”

Ҳамин тавр, бар асоси нашри нави моддаи 38-уми Кодекси ҳавоӣ, ҳукумати Тоҷикистон бояд акнун тартиби муомилоти ҳавопаймоҳои бесарнишинро таҳия кунад. Мансур Умаров гуфт, тарҳи ин қоидаҳои муомилоти ҳавопаймоҳои бесарнишин аз сӯи гурӯҳи корӣ алакай омода карда шудааст ва он “қоидаҳои воридоту содирот, бақайдгирӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба танзим медарорад ва инчунин назорати давлатиро дар ин самт муқаррар мекунад.”

Мансур Умаров

Мансур Умаров

Мансур Умаров баъд аз тасвиб шудани тағйирот ба Кодекси ҳавоӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ба баъд воридот, сабти ном ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини низомӣ бояд бо вазорати мудофиа ва бесарнишинҳои ғайринизомӣ бо департаменти авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳамоҳанг карда шаванд. Дар посух ба суоли Озодӣ, ки оё ин маҳдудиятҳо ба камераҳои бесарнишине, ки барои сабти тӯйҳо ва клипҳо истифода мешаванд, низ дахл доранд?, муовини аввали раиси Кумитаи амниятӣ миллӣ гуфт, азбаски баъзе анвои ин ба ном

"дрон" ё "квадракоптер"-ҳо метавонанд то 10-15 кило борро ҳам бардоранд, “ба хотири пешгирӣ кардани ҳаргуна амалҳои террористӣ,қочоқи маводи мухаддир аз сарҳад ва чизҳои дигар, инҳо низ ба танзим дароварда мешаванд ва иҷозати махсус мегиранд. То имрӯз як танзим набуд дар соҳа, ҳар касе чизе мехост, ворид мекард.”

Тоҷикистон дар ҳоле дар роҳи воридоту истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин маҳдудиятҳо эҷод мекунад, ки дар ду соли охир дар ин кишвар истифода аз чунин дастгоҳҳо бахусус ҳангоми ба навор гирифтани арӯсиҳо ва сабти клипҳо хеле зиёд шудааст.

Ин лаҳзаи тӯй бо дрон сабт шудааст

Ин лаҳзаи тӯй бо дрон сабт шудааст

Чунин дронҳоро барои истифода дар тӯю маросим ширкатҳои махсус бар ивази 200 доллар ба хоҳишмандон пешниҳод мекунанд. Дронҳо ба фарқ аз дастгоҳҳои маъмулии сабт аз боло ва аз зовияҳои гуногун муҳиттро тасвир мекунанд.

Аммо мақомот мегӯянд, аз чунин васоил шабакаҳои қочоқбари маводи мухаддир низ барои интиқоли ҳероину афюн аз Афғонистон ба Тоҷикистон истифода баранд. Ҳамин тавр, эҳтимоли корбурди дастгоҳҳои паррони бесарнишин аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ бо ҳадафи анҷоми ҳамлаҳо низ истисно карда намешавад.

Як риштаи дигари истифодаи чунин дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар солҳои охир фаъолиятҳои ҷосусӣ низ ҳаст. Мақомоти марзбонии Қирғизистон моҳи сентябри соли 2015 аз боздошти як шаҳрванди Австрия хабар доданд, ки як минтақаи марзи ин кишвар бо Тоҷикистонро тавассути дрон наворбардорӣ мекард. Моҳи декабр низ дар ҳамин марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон як шаҳрванди Ҷопон бо иттиҳоми ғайриқонунӣ аксу навор бардоштан аз манотиқи мамнӯъ дастгир шуд.

Дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, ё квадрокоптер, тақрибан аз 1 то 4 кило вазн дошта, асосан барои аксу наворбардорӣ истифода мешавад. Ин васоили парвозкунанда дар бозор аз 200 то 5000 доллар нарх доранд ва озодона фурӯхта мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG