Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бархе идораҳои давлатии Тоҷикистон корафтодагонеро, ки дар тан “либоси расмӣ” надоранд, ба дохили бино роҳ намедиҳанд. Масъулон мегӯянд, ки “либоси хонагӣ” хилофи ҳам муқаррарот ва ҳам одоби мардуми тоҷик аст.

Як корафтодаро рӯзи 4 июл ба далели надоштани “либоси расмӣ” ё "дресс-код" ба дохили бинои Маркази барномаҳои байналмилалии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон роҳ надодаанд.

Ин марказ, ки бо номи “Дурахшандагон” ҳам маъруф аст, масъулияти бо бурсҳои давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои хориҷӣ фиристодани толибилмон аз Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад ва табъан дар ин шабу рӯз як макони хеле пуриздиҳом аст.

Саша, як сокини ҷавони Душанбе мегӯяд, ки ӯ мебоист ба ин Марказ ҳуҷҷатҳоеро месупорид, вале аз дами дар пасаш гардонданд: “Бори аввал бе мамониат бо як дӯстам ҳарду ворид шудем. Вале дафъаи дувум, ки мехостам як чизи фаромӯшкардаамонро пурсам, дар дами дар як мард пеши роҳамро гирифт ва шармам дод, ки “Айбро намедонӣ, як мардаки калон?” Ман дар тан футболка, шортик ва дар поям “босоножки” доштам. Ман исрор кардам, ки шумо ҳақ надоред, маро роҳ надиҳед, вале бефоида. Гуфтанд, ки дастур ҳаст, тамом – вассалом.”

Саша роҳ наёфтанаш ба бинои Маркази барномаҳои байналмилалии вазорати маорифро поймол шудани ҳуқуқи худ мешуморад ва мехоҳад ба вазири маориф шикоят барад.

Аммо Наврӯз Ҳоҷиев, мутахассиси пешбари Маркази барномаҳои байналмилалӣ рӯзи 4 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазорати маориф бар асоси як дастур пӯшидани либоси расмӣ дар муассисаҳои марбут ба ин вазоратро ҳатмӣ кардааст ва азбаски ин марказ ҳам дар назди вазорати маориф аст, ба ҳамин дастур дар бораи либоси расмӣ амал мекунад: “Охир, бо шортик чӣ гуна медароянд? Инҷо ҳама меҳмонон аз хориҷи кишвар меоянд, аз рӯи одоби мо нест пеши меҳмон бо шортик гаштан. Дар мавриди пойафзол ҳам бояд ақалан туфли дошта бошад, мувофиқ бошад ба шиму ба куртааш.”

Наврӯз Ҳоҷиев афзуд, ки “либоси расмӣ” ба маъное нест, ки ҳар корафтода бояд ҳатман ба тан шиму костюм ва гарданбанд пӯшад, вале “бо либоси хонагӣ, ба мисли шортик ё “сланси” ба муассисаҳои вазорати маориф даромадан дуруст нест.”

Ин нахустин шикоят аз шадидтар шудани талаби риояи “либоси расмӣ” дар муассисаҳои вазорат ва илми Тоҷикистон нест. Дар ибтидои моҳи июн як корафтода шикоят карда буд, ки милисаи дарбон ӯро ба далели дар пой “сланси” доштанаш иҷозати даромадан ба бинои худи вазорати маорифро надодааст. Алишер Раҷабализода ба расонаҳо гуфт, “чун милиса дар поям “сланси”-ҳоро дид, маро аз роҳам боздошт. Гуфт, бо чунин пойафзол ба вазорат омадан мумкин нест. Дар дастурамали вазорат чунин навишта шудааст.”

Ин корафтода мегӯяд, ба маҳзи ҳавои хеле гарм ба пой “сланси”-и сабук пӯшида буд, вале бо вуҷуди пойфишориаш милисаи дарбон ӯро ба даруни бино иҷозат надодааст. Саша ҳам мегӯяд, сабаби шортик пӯшиданаш ҳавои гарм буд ва идораҳои давлатӣ ҳангоми навиштани дастурҳо бояд инро ҳам ба инобат бигиранд, ки ҳавои Тоҷикистон дар моҳи июл аз 40 дараҷа пойин намеравад ва хеле гарму тоқатфарсост.

То кунун аз Тоҷикистон бештар дар бораи эҷоди маҳдудиятҳо дар роҳи пӯшидани либоси мазҳабӣ, аз ҷумла сатри исломӣ, ва сар додани риш гузоришҳо ба даст мерасид. Дар бисёре аз идораҳои давлатии Тоҷикистон пӯшидани ҳиҷобро ба кормандонашон манъ кардаанд. Бо ҳиҷоб ба дарс омадан дар муассисаҳои таълимии ин кишвар низ наздики 10 сол боз манъ шудааст. Дар соли 2015 Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳам бо судури як дастур бидуни “либоси расмӣ” ворид шудан ба бинои ин китобхонаро манъ кард.​

Лутфулло Бобобеков,сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 31 марти соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд милиса риши ӯро тарошидааст.

Лутфулло Бобобеков,сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 31 марти соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд милиса риши ӯро тарошидааст.

Ҳамин тавр, бархе занони ҳиҷобпӯш ва мардони ришдор шикоят мекунанд, ки мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт дар кӯчаву бозорҳои “рейди махсус” анҷом дода, ришдорону ҳиҷобпӯшонро “мебардоранд.” Чандин бор дар бораи аз сӯи мақомот маҷбуран тарошидани риши мардон ҳам гузориш шудааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон вуҷуди кадом маъракаи расмии зидди ҳиҷобу ришро дар кишвар рад мекунанд. Вале Баҳром Шарифзода, сардори раёсати корхои дохилаи вилояти Хатлон мояи январи соли равон дар нишасти хабариаш эътироф кард, ки дар соли 2015 танҳо дар ҳудуди ин вилоят 6773зану духтари сатрпӯш аз пӯшидани ҳиҷоб даст кашида, намуди зоҳирии 12 818 шаҳрвандеро, ки “ришҳои бениҳоят баланди бетартиб” доштаанд, ба тартиб даровардаанд.

Тарафдорони пӯшишҳои исломӣ ҳар дафъа бо доман задани масъалаи маҳдудиятҳои эҷодшуда дар роҳи пӯшидани либоси мазҳабӣ мақомоти тоҷикро мазаммат мекарданд, ки дар айни замон ба пӯшидани либоси аврупоии, ба назари ин гурӯҳ, “хеле урён” чашм мепӯшанд. Намунаҳои Саша ва Алишер нишон медиҳанд, ки либоси аврупоӣ низ наметавонад дари идораҳои давлатиро дар Тоҷикистон ба рӯи шумо ба осонӣ боз кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG