Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе: Товони садамаи қаторро Тошканд месупорад


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти вазорати нақлиёт мегӯянд, ки ҷониби Узбакистон бо айби ин кишвар рух додани садамаи қатори Душанбе-Конибодомро эътироф кардааст.

Куммиссиюни муштараки садамаи қатораи Тоҷикистон кори худро дар Тошканд анҷом дод, ба Душанбе баргаштааст.

Қурбонхон Саидов, сардори Хадамоти бехатарии роҳи оҳани вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 21 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Куммиссиюни муштараки Узбакистону Тоҷикистон дар Тошканд баррасии сабабҳои садамаи қатори Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Ҷиззахро анҷом дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ба ин натиҷа расиданд,ки ҷониби Узбакистон тамоми зарари моддӣ ва ҷисмонии расида бар асари ин садамаро ҷуброн хоҳад кард.

«Ҳайати тарафи Тоҷикистонии Куммиссиюн аз 2 мутахассиси роҳи оҳан иборат буд ва онҳо дар гузориши худ таъкид карданд, ки садама бо ҷурми ҷониби кишвари ҳамсоя сар задааст. Тошканд ҳамаи зарари ворида аз ин садамаро хоҳад пардохт,» - мегӯяд ин масъули вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ҷаноби Саидов афзуд, тамоми санадҳои марбут ба садама, ки аз тарафи Куммиссиюни муштарак баррасӣ шудаанд ,дар ҷаласаи навбатии қарибулвуқӯъи Шӯрои сарони идораҳои роҳи оҳани кишварҳои муштаракулманофеъ(СНГ) ва Балтик баррасӣ хоҳад шуд.

«Ба ин тартиб, Куммиссиюни муштарак ба ин баҳс ки кадом тараф айбдор аст?, нуқта гузошт ва мувофиқи хулосаи он ҷониби кишвари ҳамсоя шурӯъ аз зарари ҷисмонии мусофирон то таъмири вагонҳоро пардохт хоҳад кард,» - таъкид кард Қурбонхон Саидов .

Субҳи 10 октябр, соатҳои тақрибан 10-15 дар минтақаи Ғаллаарали вилояти Ҷиззах, тепловози Узбакистон, ки вагонҳои қатори Душанбе - Конибодомро мебурд, аз роҳаш берун шуд. Дар натиҷа, 8 вагони ин қатор сарнагун шуд.
Дар бархе гузоришҳо гуфта мешуд, ки 33 нафар ва бино ба хабарҳои дигар, аз 52 то 69 нафар аз мусофирони ин қатор ҷароҳат бардоштаанд.

Аксари мусофирон наваскароне буданд, ки барои адои хидмат ба қисмҳои низомии воқеъ дар вилояти Суғд эъзом мешуданд. Сарнишинони қаторро ҳамон шоми 10 октябр тавассути қатори дигар аз Ғаллаарал ба истгоҳи Спитамени вилояти Суғд интиқол доданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG