Пайвандҳои дастрасӣ

БМТ: Пули муҳоҷирон имсол 4 миллиард нашуд...


Лаҳзаи бозгашти як марди муҳоҷири тоҷик

Лаҳзаи бозгашти як марди муҳоҷири тоҷик

Бонки миллии Тоҷикистон эътироф кард, ки ҳаҷми пулҳои фиристодаи муҳоҷирони тоҷик дар соли 2014 ба 4 миллиард доллар нарасид.

Муҳаммадӣ Саидов, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳар сол 6 то 7 моҳ барои кор ба Русия меравад, моҳи декабр тақрибан бо 70 000 рубл ба хона баргашт. Ӯ як сол қабл ҳам бо худ 70 000 рубл оварда буд, ки бо қурби он сол қариб 2300 доллар мешуд ва чанд моҳ ба зиндагиаш, ба таъбири Муҳаммадӣ, “баҳузур мерасид”.

Вале коҳиши башиддати қурби рубли русӣ ин навбат 70 000 рубли имсол овардаи Муҳаммадиро баробари 1000 доллар кардааст ва ба ин далел, ӯ маҷбур аст, пулашро хеле сарфакорона харҷ кунад.

Муҳаммадӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Бовар кунед, ҳар бор вақте аз назди саррофон мегузарам, ба худ мегӯям, ки яке қурби рубл хеста бошад. Як камтар хест, то 95-96 сомонӣ расид қурби 1000 рубл, вале дигар он 140 - 150-еро ки буд, хоб мебинем. Кам-каму хеле бо эҳтиёт ҳар бор 1000-рублӣ пул майда мекунам, ки яке беҳтар мешавад қурбаш. Ва ҳар дафъа худамро сад бор мехӯрам, ки чаро дар ҳамон Русия вақте 40 рубл шуда буд як доллар, пуламро доллар накардам. Чаро вақте ҳатто 50 рубл шуд, доллар накардам?”

Маълум мешавад, мисли Муҳаммадӣ, 89 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик бо айни ҳамин умед, ки шояд қурби рубл боз баланд шавад, пули дар Русия коркардаашонро бо рубли русӣ ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ахиран эътироф кард, ки интиқоли пул аз Русия ба ин кишвар дар соли 2014 дар ҳақиқат коҳиш ёфтааст. Дар як посухи расмии ин ниҳоди молӣ ба суолҳои ҳафтаномаи “Нигоҳ”, ки рӯзи 25 феврал дар сомонаи Бонки миллӣ нашр шуд, гуфта мешавад, дар соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон 3,9 миллиард доллар ворид шуд, ки назар ба соли 2013 8,3 дарсад камтар аст. Дар соли 2013 аз Русия ба Тоҷикистон танҳо тавассути бонкҳои расмӣ ва асосан бо шарофати муҳоҷирони корӣ 4 миллиарду 162 миллион доллар пул интиқол ёфта буд.

Бонки миллӣ дар шарҳи сабабҳои коҳиши интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон гуфтааст, “коҳиши бесобиқаи нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва таҳримҳои сиёсию иқтисодии давлатҳои Ғарб нисбати Русия ва таъсири онҳо ба паст шудани суръати рушди иқтисодиёт, кам гардидани ҷойҳои корӣ дар ин кишвар ва беқурбшавии ниҳоят зиёди қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА оварда расониданд. Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, қисмати зиёди муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар кор мекунанд ва онҳо тавассути бонкҳо, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ бо рубли русӣ маблағи зиёд интиқол медиҳанд.”

Аммо бо вуҷуди башиддат пойин рафтани қурби рубли русӣ, 89,1 дарсад аз ҷамъи маблағҳое, ки соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон интиқол додаанд, бо рубли русӣ ва ҳамагӣ 10,8 дарсадаш бо долар ва танҳо 0,1 дарсади ин пул бо евро – воҳиди пулии умумии Аврупо будааст.

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҳудуди аз 1 то 1,5 миллион нафар гуфта мешавад. Ин мардум солона маблағқи муодили қариб нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ва бештар аз ҳаҷми қисми дахли буҷаи солонаи ин кишварро ворид мекарданд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, ки аз нигоҳи иқтисодӣ фақиртарин кишвари пасошӯравӣ ба шумор меравад, дар соли 2014 чизе бештар аз 45 миллиард сомонӣ, беш аз 8 миллиард доллар бо қурби имрӯзаро ташкил дод. Қисми дахли буҷаи солонаи Тоҷикистон барои соли равон каме бештар аз 15 миллиард сомонӣ, муодили 2,7 миллиард доллар бо қурби имрӯза ва маоши миёна дар ин кишвар ҳудуди 620 сомонӣ, муодили каме бештар аз 100 долларро ташкил медиҳад.

Ба далели камбуди ҷойи кор ва маошҳои паст аксари аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳар сол худро ба Русия мезананд. Аммо бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия, ки дар пайи таҳримоти эълонкардаи Ғарб ба далели дахолатҳои Маскав дар низои Украина, уфти башиддати нархи нафт ва қурби рубли русӣ ин кишварро дар як вазъи аз нигоҳи иқтисодӣ осебпазире қарор додааст, зоҳиран ҷаззобияти Русия ҳамчун бозори кор ва манбаи таъмини гузарони зиндагии хонаводаҳои Тоҷикистонро камтар мекунад.

Яке аз сохтмонҳои нав дар Душанбе

Яке аз сохтмонҳои нав дар Душанбе

Аз тарафи дигар бори бӯҳрони иқтисодӣ мақомоти Русияро ҳам маҷбур кардааст, то аз соли нав қоидаҳои кору иқомат дар қаламравашро барои муҳоҷирон ба маротиб шадидтар кунад. Ба гуфтаи муҳоҷирон, риояи муқаррароти нави ҷоришуда дар Русия, аз ҷумла гирифтани патенту сабти ном, супурдани имтиҳони забони русӣ ва харҷҳои дигаре мисли ин дар баробари “ҳаққ”-е ки аз онҳо ҳам миёнаравҳо ва ҳам пулису ФМС ва идораҳои дигари назоратӣба ин далел ҳаҷми пуле ки онҳо ба хонаводаҳои худ мефиристанд, имсол боз ҳам камтар хоҳад шуд.

Ин амалан ба маънои ба таъхир уфтодани нақшаҳое, чун сохтани хонаи нав, хонадор кардан ё хонондани фарзандон ва ё харидани мошин аст, ки аҳли хонаводаи ин муҳоҷир бо ҳисоб рӯи даромади эҳтимолии мардони ноновараш дар Русия таҳия мекунанд.

Коҳиши пули муҳоҷирон ба сурати силсилаӣ ба дигар соҳоти зиндагии иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла ба нарху наво ва ҳаҷми савдо дар бозорҳояш, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, бозори мошину чорво ва ҳатто ба ... сатҳи фасоду ришва дар идораҳои давлатӣ таъсир мерасонад. Бино ба иқрори як корманди Кумитаи замин дар ноҳияи Ҳисор, "аз ҳамин мардуми муҳоҷир як чӣ-ним чӣ кор мекунӣ. Онҳое ки дар дохиланд, ҳама соҳиб доранд, бепул корашонро буд мекунанд."

Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон низ эҳтимоли боз ҳам кам шудани ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон – як манбаи муҳими гардиши мол дар иқтисоди ин кишварро эътироф мекунанд ва ҳоло дар пайи таҳияи як барномаи зиддибӯҳронӣ будаанд. Дар меҳвари ин барнома таъсиси 200 000 ҷойи кор дар худи Тоҷикистон меистад. Вале ба ақидаи иқтисоддонҳо, ин 200 000 ҷойи кор дар шароите ки лашкари муҳоҷирони тоҷик танҳо дар Русия то 1,5 миллион нафар гуфта мешавад, метавонад шиддатро дар бозори кор танҳо коҳиш диҳад, аммо масъаларо ба сурати куллӣ ҳал карда наметавонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG