Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси омилҳои ошӯби Ҳоҷӣ-Ҳалим дар Шӯрои Амният


Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Амният

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Амният

Рӯзи 23 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Тоҷикистон гузориши додситони кулл дар бораи сабаб ва омилҳои ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода баррасӣ шудааст.

Рӯзи 23 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои Амният баргузор шуд, ки мавзӯи асосиаш баррасии натиҷаҳои таҳқиқи ошӯби моҳи сентябри генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим будааст.

Бино ба гузориши сомонаи расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон, додситони кулл Юсуф Раҳмон дар ин ҷаласа “оид ба сабаб ва омилҳои ба кӯшиши табаддулоти давлатии оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ мусоидаткарда, инчунин вазъи мубориза бо терроризму экстремизм ва тадбирҳои минбаъда дар самти таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва тақвияти суботу оромӣ дар кишвар” гузориш додааст. Ин манбаъ мегӯяд, дар ҷаласаи Шӯрои Амният дар баробари аъзои доимиаш раҳбарони Додгоҳи Қонуни Асосӣ, Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ ва дигар намояндагони маъсули вазорату идораҳои давлатӣ ширкат доштаанд.

Мӯҳтавои гузориши додситони кулл ба ҷуз ин ки “гурӯҳи террористӣ”-и Абдуҳалим Назарзода “ҳадафи ноором сохтани суботу оромии мардум ва халалдор сохтани амнияти мамлакатро дошт”, нашр нашудааст.

Вале сомонаи президент менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш пиромуни фаъолияти мақомоти нихомиву интизомӣ ва амалиёти рӯзҳои 4-16 сентяр алайҳи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода “мавҷудияти як силсила камбудиву норасоиҳоро дар самтҳои зикршуда таъкид карданд.”

Дар ин ҷаласаи вазирони корҳои дохила, мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ ва раисони Кумитаҳои дин ва ҷавонон низ ҳисобот додаанд. Гуфта мешавад, раҳбарони мақомоти низомиву ҳифзи ҳуқуқ муваззаф карда шуданд, кикамбудиҳои мавҷуда дар фаъолияташонро ҳарчӣ зудтар рафъ ва бо дарназардошти вазъи тағйирёбандаи дунё ва вазъи ноороми минтақа ҷиҳати “ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сатҳи малакаву таҷриба ва касбияти ҳайати шахсӣ, омодабошии ҷангӣ, ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ дар сафҳои сохтору мақомот чораҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ андешанд.”

Абдуҳалим Назарзода

Абдуҳалим Назарзода

​Субҳи 4 сентябр афроди силоҳбадаст ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва як гурӯҳи вижаи пулис дар шаҳри Душанбе ҳамла карданд. Худи ҳамон рӯз мақомот масъулияти ин ҳамларо ба дӯши муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода бор карданд ва гуфтанд, ки ӯ аз ҳисоби размандагони собиқи мухолифин гурӯҳи мусаллаҳ ташкил дода, ба исёни мусаллаҳона омодагӣ мегирифт.

Абдуҳалим Назарзода ва тарафдорони мусаллаҳаш ба дараи Ромит дартақрибан 50-километрии шарқи Душанбе паноҳ бурданд. Амалиёти таъқиби онҳо то 16 сентябр 12 рӯз давом кард ва бо кушта шудани генерал Назарзода ва муовинаш сарҳанг Ҷунайдулло Умаров ба поён расид.

Бар асоси иттилои расмӣ, давоми 12 рӯзи амалиёт 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва 25 тан аз гурӯҳи Назарзода кушта ва беш аз 150 нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ин ошӯб дастгир шуданд. Дар пайи хунсо шудани гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода мақомоти Тоҷикистон ҳизби мухолифи наҳзати исломиро ба раҳбарии ин талоши шӯриш айбдор карданд ва фаъолияти ин ҳизб бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябр расман манъ карда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG