Пайвандҳои дастрасӣ

Ёриҳои Русия лозиманд, на бозгашти марзбонҳояш (ВИДЕО)


Қисми марзбонӣ дар Дарвоз

Қисми марзбонӣ дар Дарвоз

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш барои таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кумак хоҳад кард.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия рӯзи 13 март пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе дар иртибот ба паёмадҳои хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон то поёни соли ҷорӣ аз муташанниҷ шудани авзоъ дар Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Миёна изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки бояд иқдомот барои ҷилавгирӣ аз ин ва таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон руи даст гирфта шавад. Ба ин далел хонум Матвиенко таъкид кард, ки Русия барои таъмини суботу амният ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Аммо ин барои бори аввал нест, ки мақомоти Русия мавзӯи таъмини амният дар минтақа ва кумак ба таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро матраҳ мекунанд. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико низ чунин иқдомотеро рӯи даст доранд. Ин ҳама ба чӣ хотир аст?

Дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои НАТО аз қаламрави Афғонистон то поёни соли ҷорӣ, мақомоти Русия ва ИМА бештар дар бораи кумак ба таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва таъмини амният дар минтақа таъкид доранд.


Валентина Матвиенко

Валентина Матвиенко

Ин бор Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, ин мавзуъро сари забон овард ва гуфт, "дар воқеъ он чӣ мояи нигаронии мост, ки пас аз хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон, вазъ дар ин кишвар ва ҳатто минтақаи Осиёи Миёна муташанниҷ хоҳад шуд."

Хонум Матвиенко иттихози тадобир барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои номатлуби ин таҳаввулро зарурӣ медонад ва дар ин росто ба таҳкиму тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид дорад ва мегуяд, кишвараш дар ин масъала ҳатман ба тоҷикҳо кумак хоҳад кард.

Душанбе ба чӣ кумакҳое дар марз ниёз дорад?

Дар он тарафи баҳр, яъне дар Ню-Йорк низ, мақомоти амрикоӣ дар дидор бо вазири хориҷии Тоҷикистон ба идомаи кумакҳо барои муҳофизати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва тақвияти фаъолияти сохторҳои қудратӣ таъкид кардаанд. Чун Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо як сафар дар ИМА қарор дорад ва ҳамакнун дидорҳое бо масъулони Департаменти Давлатӣ анҷом додааст. Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 13-уми март иттилоъ дод, ки "дар чорчӯби сафар ба ИМА, Сироҷиддин Аслов, бо Виллиамзом Бернз, муовини вазири хориҷаиАмрико ва Нишей Бисуал, ёвари вазири хориҷа дидор ва дар масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд."

Аслан масъалаи ироаи кумак ба умури мудирият ва таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз сӯи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ҳануз дар ҳудуди даҳ соли пеш, замони берун шудани марзбонони Русия аз ин минтақа матраҳ шуда ва ҳоло идома дорад.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки ин ҳама талошҳои Русия ва Ғарбу ИМА барои кумак ба Тоҷикистон ба чӣ маънист ва чӣ ангеза дорад?

Нуралишоҳ Назаров

Нуралишоҳ Назаров

Генерал Нуралишоҳ Назаров, собиқ муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳадафи Русия барои кумак ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро чунин шарҳ дод: "Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз қаб, ҳамчун марзи кишварҳои ИДМ(СНГ) ба шумор мерафт ва аз ин хотир, Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи вазъият кумак мекунад. Русия ҳоло ҳам кумак хоҳад кард ва ин кумак аз лиҳози фаннӣ, аз қабили таҷҳизоту силоҳу муҳимот ва мустаҳкам кардани дидбонгоҳҳо хоҳад буд."

Ҳамзамон генерал Назаров талошҳои Ғарб ва ИМА барои кумак ба таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро дар чорчӯби мубориза алайҳи терроризм дар Афғонистон рабт медиҳад ва мегӯяд, "Амрико аз он дар ташвиш аст, ки гурӯҳҳои назири Ал-қоида ва Толибон метавонанд, пас аз хурҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон дар қисмати шимоли Афғонистон фаъол шаванд, ки хатареро ба бор хоҳанд овард.

Ташвиши Русия беҳадаф нест?

Ин ҳам дар ҳолест ки Тоҷикистон бо шимоли Афғонистон ҳаммарз аст ва ҳафтаи гузашта мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз эҳтимол фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар он сӯи марз ва таҳдидҳо ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд.

Вале нозирони умур валваласозии мақомоти Русия дар заминаи муташанниҷ шудани вазъ пас аз хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон, ба хусус дар ин кишвар ва минтақаи Осиёи Миёнаро ҳадафмандона арзёбӣ мекунанд.

Амнияти Абдулназар

Амнияти Абдулназар

Амнияти Абдулназар, коршиноси масоили амниятӣ мегӯяд, Русия солҳост, ки боз дар интизори баргаштан ба хатти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аст: "Ин ҳама танҳо ба хотири марз аст. Чун агар русҳо марзро зери назорат бигиранд, ҳам нуфузи худро дар ин минтақа бештар мекунанд ва ҳам тамоми тиҷорат ва ҳатто сиёсати берунӣ ва дохилии Тоҷикистон то андозае дар дасти Русия хоҳад шуд. Ин боиси рушди бештари тиҷорати хориҷии Русия низ мегардад."

Аммо генерал Нуралишоҳ Назаров, ба дубора баргаштани ин неруҳо бовар надорад: "Не – не, марзбонони рус дигар ҳеҷ вақт барнамегарданд. Зеро барои баргаштанашон имконият низ нест. Лекин бояд ҳаматарафа дар мустаҳкам кардани марз ва ҳифозати он кумак расонанд." Ин генерали тоҷик меафзояд, ки фаъолияти чанд соли ахири марзбонони тоҷик дар хатти аввали марзи давлатӣ бо Афғонистон собит кард, ки онҳо аз ӯҳдаи ҳифз ва таъмини амнияти марзу буми Тоҷикистон ба хубӣ мебароянд. Боз ҳам ӯ таъкид дорад, ки барои Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи он танҳо ва кумакҳои фанниву молӣ лозим аст, на ҳузури марзбонони бегона.

Ин ҳам дар ҳоле ки бо вуҷуди борҳо таъкид ба "баргашти русҳо ба марзи Тоҷикистону Афғонистон" кардани иддае аз мақомҳои Русия мусаллам аст, ки дигар ин иқдомро намехоҳанд ва танҳо ниёз ба кумак дорад.

"Ташаббуси шахсӣ"-и генерал Назаров


Маркази таълимии марзбонон дар Ҳисор

Маркази таълимии марзбонон дар Ҳисор

Зимнан, дар соли 2003, вақте ки мӯҳлати эътибори қарордоди истиқрори марзбонони Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба поён мерасид, мавзӯи берун шудани марзбонони рус аз ин хатти марз ва ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузор шудани он аз забони генерал Нуралишоҳ Назаров, муовини вақти раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон садо дод. Албатта, ин изҳорот ногаҳонӣ буд ва ҳатто исми ин генерали тоҷик дар сархатти ахбори байналмилалӣ қарор гирифт ва бархе аз мақомоти расмии Тоҷикистон ба сарзаниши ӯ шурӯъ карда, ҳарфҳои ӯро "ташаббуси шахсӣ" ҳам хонданд.


Дар ниҳоят "ташаббуси шахсӣ" -и генерал Назаров мунҷар ба он шуд, ки марзбонони рус дар соли 2005 аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба куллӣ берун шуданд ва бар асоси созишномаи нав, ки аз соли 2005 то 2011 амал кард, танҳо теъдоде аз мушовирони рус дар марз монданд. Он замон теъдоди ин мушовирон дар ҳудуди 200 нафар буд, вале ҳоло, ба иттилои як масъули раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ин мушовирон дар марз нестанд ва танҳо як гурӯҳи кӯчаки онҳо дар Донишкадаи олии марзбонии Тоҷикистон ва Маркази таълимии марзбонон боқӣ мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG