Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёӣ кист? Посухи Э.Раҳмон ба ин суол дар мулоқот бо равшанфикрон(Видео)


Акс аз www.president.tj
Акс аз www.president.tj

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоташ бо зиёиён, шарҳ дод, ки чӣ касеро мешавад зиёӣ хонд.

Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 март дар мулоқоти навбатиаш бо зиёиёни тоҷик гуфт, баҳсҳо дар атрофи зиёӣ дар аксари ҷомеаҳо вуҷуд дорад ва «ман ба ақидаи бархе аз равшанфикрон розиям, ки аҳли зиё бояд чун як қишри ҷомеа шакл гирад ва парчамбардорӣ маънавиёт дар байни халқ бошад. Барои ин пеш аз ҳама зарур аст, ки зиёӣ бо тамоми ҳастӣ рисолат ва масъулияти хешро дар назди миллат ва гузаштаву фардои он дарк намояд. Танҳо дар ҳамин сурат зиёӣ воқеан виҷдон, номус ва дардошно ва чашми бедори миллат хоҳад буд

Баҳси «Киро зиёӣ метавон шумурд?» дар ҷомеаи Тоҷикистон пас аз он доғ шуд, ки мусиқидон Аскаралӣ Раҷабов, шоир Ҳикмат Раҳмат ва донишманди илми тиб Дилбар Абдиева ҳамроҳ бо чанд иттиҳодияи эҷодӣ худро зиёӣ хонда, аз хабарнигори «Азия плюс» Олга Тутубалина барои як матлаби, ба гуфтаи эшон, дар ҳаққи зиёиён таҳқиромез ҷуброни маънавӣ талаб карданд ва додгоҳ ин хостаи онҳоро дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ бароварда кард.

Акс аз www.president.tj
Акс аз www.president.tj
Дар идомаи суханронии хеш раисҷумҳур хитоб ба аҳли зиё гуфт, ки қаблан маҳз бо дархости эшон дар манотиқи кишвар нуқтаҳои фурӯши китоб таъсис дода шуд, аммо рафҳои он холӣ аст. Аз ин рӯ ба таъкиди президент зиёиён бояд дар таълифи асарҳои пурмазмун сайъи бештар кунанд: «барои нашри китоб давлат кумак мекунад. Мо бояд тарзе кор кунем, ки фазои холи сиёсиву идеологӣ набошад . Ба мардум ғизои маънавӣ ҳарчи бештар пешкаш кунем, махсус барои наврасон.»

Мулоқоти ин дафъаи раисҷумҳур бо зиёиён ба фарқ аз солҳои қаблӣ бидуни саволу ҷавоб гузашт ва он бештар ба паёми президент ба аҳли зиё монанд буд. Аз ин рӯ ҷомеашиносон мегӯянд, сол то сол ин мулоқотҳо аҳамияти худро аз даст медиҳанд ва мақомот танҳо талош доранд зоҳиран нишон диҳанд, ки ба фикру андеша ва назари аҳли зиё арҷ мегузоранд.


Муаллифи чанд пажӯҳиши марбут ба зиёиёни тоҷик, номзади илмҳои ҷомеашиносӣ Саодат Олимова мегӯяд, зиёиён дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон мавқеи худро наёфтаанд ва дар ҳоле ки муносибат ба онҳо тағйир мекунад, аз рӯи “инертсия” пеш мераванд. Аммо хонум Олимова дар ин на худи зиёиён, балки низомеро масъул медонад, ки дар кишвар шакл гирифтааст.

Ба ақидаи Саодат Олимова, дар ҷомиаи суннатии тоҷик одат шудааст, корҳо як навъ бо ризоият ва як навъ “фотеҳа”-и кӯҳансолон анҷом шавад. Ин аст ки ҳукумат ҳам аз ҳамин шева кор мегирад: «Ҳукумат мекӯшад, ки ба розигии кӯҳансолон такя кунад. Мулоқоте, ки бо зиёиён мешавад, маҷлиси оқсақолонро мемонад. Яъне зиёиён чун кӯҳансолони ин диёр амали ҳукуматро қонунӣ мегардонанд. Аммо онҳо ин корро на чун зиёиён, балки чун афроди кӯҳансол анҷом медиҳанд. Тавре мебинем, синну соли нафароне, ки дар ин мулоқот ширкат мекунанд, аксаран аз 70 боло аст. Ҷавонҳоро-ку мо дар ин мулоқот намебинем.»

Саодат Олимова
Саодат Олимова
Ба таъкиди хонум Олимова, аксари даромаде, ки мардуми Тоҷикистон доранд, аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Аммо дар муҳоҷират намояндагони кори илмӣ қариб нест, бештари онҳо кӯчарӯбу андовагар ва коргари сохтмонанд, ки ба машварати академик ниёз надоранд. Аз ин рӯ, ба таъкиди ин ҷомеашинос, дар Тоҷикистон зиёиён нақши худро аз даст додаанд ва ҷомеа ниёзмандии хешро ба онҳо эҳсос намекунад.

Аммо зиёиёне, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз дар мулоқоти раисиҷумҳур ширкат карданд, худро узви як табақаи муҳим ва махсуси кишвар мешуморанд.

Тағоймурод Розиқов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки низ аз ширкатдорони ин мулоқот буд, мегӯяд, ҳарҷанд ин дафъа саволу ҷавоби бевосита бо зиёиён сурат нагирифт, вале раисиҷумҳур дар ин мулоқот муҳимтарин масъалаҳои ҷомеаро бо зиёиён матраҳ кард: “Саволу ҷавоб нашуд, аммо ин хубтар буд. Чунки ҳамаи масъалаҳоро зимни суханрониашон баррасӣ карданд ва бо ҳамин нутқашон қариб ба ҳамаи суолҳо посух гуфтанд.”

Пас аз мулоқот бо зиёиён президент барои эшон дар Боғи ботаникии Душанбе инчунин зиёфати хоса низ ташкил кард ва ҳамроҳи эшон ғизо низ хӯрд. Зимнан бархе аз зиёиён дар сӯҳбатҳои алоҳида бо Озодӣ эътироф карданд, ки ба мулоқот бо президент дар театри опера ва балет нарафтанд, аммо аз зиёфати раисҷумҳур баҳравар шуданд.
XS
SM
MD
LG