Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон: "Мухолифони Наврӯз сахт мутаассибу тангназаранд"


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён гуфт, ки ҷашни Наврӯз "аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин ойинҳои миллӣ"-ст, ки "тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни кӯҳани моро таҷассум менамояд."

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 20-уми март дар театри опера ва балети ба номи Айнӣ дар мулоқоти солонааш бо зиёиён гуфт, ки «пос доштани Наврӯз ҳамчун суннати аҷдодӣ барои ҳар яки мо амри ҳаётӣ» аст.

«Аз ин лиҳоз, ин ҷашни бостонӣ илова бар ин, ки далели қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад, ба ягон дину мазҳаб робита надорад, тобеи ягон мафкура ё ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ нест ва аз ҷумлаи ҷашнҳои камназири башарият аст, ки онро хурду бузурги мардумони мухталифи сайёра истиқбол мегиранд,» - гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш, ки матни он алакай дар сомонаи расмии президент нашр шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зиёиёнро ба "зиракиву ҳушёрӣ" дар муқобили падидаҳои манфии ҷаҳонишавӣ даъват кардааст: "Ҷаҳонишавӣ ... бо вуҷуди паҳлуҳои муфиду мусбати он дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти башарият барои иқтисоду фарҳанг ва ҳастии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд таъсири ҷиддии манфӣ низ дорад.Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, худогоҳиву худшиносии миллиро густариш бахшем, наслҳои наврас ва ҷавононро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем."

Оқои Раҳмон ҳамчунин ба баҳсҳои бархоста дар атрофи Наврӯз пардохта, онҳоеро, ки ба далоили динӣ зидди ин ид садо баланд мекунанд, "муттаасибу тангназар" номид: "Онҳое, ки имрӯз бар зидди ин ҷашни мардумӣ сару садо баланд мекунанд, ё сахт мутаассибу тангназар ҳастанд ё таърихи миллат, расму ойинҳои аҷдодӣ ва арзишҳои ҷовидонии он, хулоса тақдири миллат барои онҳо комилан аҳамият надорад.Худатон тасаввур кунед, ки оё чунин як суннати фарогири халқиро, ки аз ҷониби хурду бузург бо шодиву нишоти беандоза ва дар давоми чандин рӯз ҷашн гирифта мешавад, ба таври сунъӣ ташкил кардан мумкин аст? Ҳаргиз не."

Як бахши аъзами суханронии президенти Тоҷикистон ба мероси адабии шоири классик Абдураҳмони Ҷомӣ ихтисос ёфта буд. Қарор аст, имсол 600-солагии Мавлоно Ҷомӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил шавад.


Ҳоло мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиёни тоҷик дар театри опера ва балет идома дорад.

Эмомалӣ Раҳмон имсол бо зиёиён аз чӣ хоҳад гуфт?

Бисёриҳо умедворанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти имсолааш бо зиёиён ягон барномаи фарогири раҳоии Тоҷикистон аз ҳолати кунуниро ироа хоҳад кард. Вале бархе мегӯянд, ин мулоқот низ як минбари дигари таърифу тавсифи президент хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳар сол дар арафаи Наврӯз бо намояндагони равшанфикрон мулоқоти алоҳидаеро анҷом медиҳад, имсол бо зиёиён дар толори Театри опера ва балети ба номи Айнии Душанбе дидор мекунад. Соли гузашта чунин мулоқоти Раҳмон бо зиёиён дар бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда буд.

Мулоқоти солонаи Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён чанд сол боз ба ҳукми анъана даромадааст. Яке аз хотирмонтарин мулоқотҳои ӯ бо равшанфикрон мулоқоти соли 2007 буд, ки дар он раисиҷумҳури Тоҷикистон эълон кард, ки пасванди русии “ов”-ро аз исми хонаводагиаш хат мезанад ва номаш ба ҷои Эмомалӣ Раҳмонов акнун Эмомалӣ Раҳмон мешавад.

​Аммо бештари мулоқотҳои раисиҷумҳур бо намояндагони қишри равшанфикр, ба гуфтаи мунтақидон, ба як минбари дигари мадҳу санои Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ин нишастҳо табдил ёфтааст. Чанд дафъа ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон зиёиёнро аз ин амал манъ кард ва хост, ба ҷои мушкилоти шахсиашону таърифу тавсифи президент аз мушкилоти ҷомиа сӯҳбат кунанд. Аммо ҳар дафъа ҷаласа хеле зуд бармегашт ба ҳамон маҷрои қаблии тавсифи президент ва ситоиши ӯ ба унвони “Исмоили сонӣ” ва сифатҳои дигари амсоли ин.

Соҳибназарон мегӯянд, худи формати ин мулоқот чунин сохта шудааст ва шеваи даъвати меҳмонон аз миёни равшанфикрон ҳам чунон аст, ки имкони аз минбар баланд шудану матраҳ кардани масоили ҷиддиро тақрибан намедиҳад. Онҳое ки дар мулоқотҳои қаблӣ бо раисиҷумҳур ширкат кардаанд, мегӯянд, маъмулан рӯйхати онҳое, ки бояд сухан кунанд ё аз Эмомалӣ Раҳмон суоле бипурсанд, аз пеш омода карда мешавад ва аз пеш “маслиҳат” мешавад, ки кӣ бояд чӣ гӯяду чӣ нагӯяд, чиро пурсаду чиро – не?

Мояи дигари интиқодҳо ин аст, ки равшанфикрони мустақил ва озодандеш ба мулоқотҳои президент роҳ намеёбанд. Дар назарпурсиҳое ки расонаҳои маҳаллӣ дар арафаи мулоқоти имсолаи Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён анҷом доданд, бисёриҳо аз ҷумла номи шахсиятҳое, чун Барзу Абдураззоқов, Темур Варқӣ, Марат Мамадшоев, Олга Тутубалина, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Мӯъмин Қаноат ва Ойниҳол Бобоназароваро ном бурдаанд, ки дар канори зиёиёни ба истилоҳ “давлатӣ”, бояд онҳо низ ҳатман дар мулоқоти имсола ширкат варзида, масоили доғи ҷомиаро нотарсида, дар рӯбарӯи раҳбари давлат матраҳ кунанд.

Мулоқоти имсолаи Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён нахустин дидори ӯ бо равшанфикрон баъди пирӯзиаш дар интихоботи моҳи ноябр ва тамдиди замони раёсаташ барои 7 соли дигар аст. Ин маърака, ҳарчанд бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт, аммо як силсила мушкилоти доғу ҳалношуда ва ҳамчунон истода дар назди ҳукумати ӯ, ба вижа фасоди идорӣ, маҳаллгароиву ошнобозӣ дар сиёсати кадрии ин ҳукумат, ҳарчӣ бештар мунсаҷим шудани мансабҳои калидӣ дар дасти наздикони президент, фақру бекорӣ ва вобастагии аксарияти кулли хонаводаҳо аз пули пур аз азоби муҳоҷирони корӣ, бебарқиву бегазӣ, марзҳои баста ва мушкили равуо ва тиҷорат тақрибан бо ҳамаи кишварҳои ҳамҷаворро бармало кард.

Бисёриҳо умедворанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти имрӯзааш бо зиёиён ҳадди ақал ба бархе аз суолҳои ҷамъшуда дар зеҳни мардум дар ин дидораш бо зиёиён посух хоҳад дод ва ҳатто шояд ягон барномаи фарогири раҳоии Тоҷикистон аз ҳолати кунуниро ироа хоҳад кард. Аммо мунтақидон мӯътақиданд, ки мулоқоти имсола низ мисли мулоқотҳои солҳои қабл боз ҳам ба як минбари дигари таърифу тавсифи президент табдил хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG