Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавошиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар давоми 4 рӯзи оянда бояд ба рӯзҳои пурбарф омода шавад. Аммо "Барқи Тоҷик" мегӯяд, лимит дар ин рӯзҳо тағйир нахоҳад ёфт.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, боридани барф, бахусус дар манотиқи кӯҳистону доманакӯҳҳои марказ ва ҷануби Тоҷикистон алакай аз шаби 15 декабр шурӯъ шуда, дастикам то 18 декабр давом хоҳад кард. Наталя Зерсикова, навбатдори хадамоти ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 15 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, боридани барфу борон бештар аз ҳама дар навоҳии тобеъи марказ ва ҳам дар вилояти Хатлон пешбинӣ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, пойтахт – шаҳри Душанбе – аз нимаи дувуми рӯзи душанбе, 16 декабр, ба ҳамлаи барфи боронолуд рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ин манбаъ меафзояд, ки ба сурати умум, кадом сармои фавқулоддае дар назар нест, балки ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон аз 2 то 7 дараҷа ва дар доманакӯҳҳояш дар атрофи 0 дараҷа қарор хоҳад гирифт ва дар водиҳои навоҳии тобеъи марказ низ ҳарорат дар гирди ҳамин 0 дараҷа давр хоҳад зад. Вале ба гуфтаи хонум Зерсикова, “зимистон зимистон аст ва бояд ба ҳар пешомаде аз қабл омода буд.”

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба тамоми ситодҳояш амр додааст, ки ба сармои ҳафтаи оянда омода шаванд. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба “Азия Плюс” гуфтааст, ҳайъати шахсии ин ниҳод дар ин рӯзҳои сармо, ки бино ба пешбинии ҳавошиносон, алакай аз шаби 15 декабр шурӯъ хоҳад шуд, дар ҳолати омодабош оварда мешавад. Нозимов гуфтааст, “ба тамоми ситодҳои Кумита дар маҳалҳо амр шудааст, ки барои кумак ба аҳолӣ дар роҳи рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ омода бошанд.”

Як мақоми баландпояи ширкати “Барқи Тоҷик” ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат лимити нирӯи барқашро дар рӯзҳои сармои дарпешистода дигар нахоҳад кард. Ӯ мегӯяд, ки реҷаи тавзеъи барқ барои тамоми фасли сармо таҳия шудааст ва онҳо ба далели имконоти маҳдуди тавлидотии нирӯгоҳҳои кишвар дар фасли зимистон ҳадди аксари талошро хоҳанд кард, то ҳадди ақал ҳамин реҷаи мавҷударо ҳифз кунанд.

Тибқи охирин реҷаи барқе, ки “Барқи Тоҷик” аз 1 ноябр ҷорӣ кард, тавзеъи нирӯи барқ дар кишвар рӯзона аз соати 9-00 то 17-00 интиқоли барқ маҳдуд карда шуда, ба истиснои пойтахт – Душанбе ва шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дар боқӣ манотиқи Тоиҷкистон дар соатҳои шабонгоҳӣ аз соати 22-00 то 05-00-субҳ интиқоли барқ қатъ мегардад. Ба ин тартиб аксари аҳолӣ дар рӯз танҳо 4 соат субҳ ва 5 соат шом барқ мегиранд.

“Барқи Тоҷик” дар шарҳи ҳадафи лимити барқ мегӯяд, “ин тадбир ба он мусоидат менамояд, ки обанбор дар сатҳи ҳар қадар баланд нигоҳ дошта шуда, манфиати истеҳсолияш беҳтар гардад ва таъминоти мардум ва хоҷагии халқи кишвар дар фасли зимистон, ки имсол хеле сард пешгӯӣ мешавад, нисбатан муътадил ҷараён гирад.”

Тоҷикистон, ки солона тақрибан 3 миллиард киловатт/соат камбуди барқ дорад, дар ҳар фасли сармо то 6-7 моҳ ба лимити шадиди барқ дучор мешавад. Ин лимит, ки маъмулан аз моҳи октябр то май давом мекунад, аз 9 соат дар шабонарӯз шурӯъ шуда, дар поёни фасли сармо гоҳо то ба ҳадди 2 ило 3 соат дар шабонарӯз мерасад.

Соли гузашта бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои бори аввал лимити барқ дар кишвар алакай аз 7 март лағв шуд. Аммо бисёриҳо ин иқдомро ба интихоботи навбатии президентӣ рабт доданд. Як мояи аслии интиқодҳо аз Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамин аст, ки тайи 21 соли раҳбариаш натавонистааст масъалаи лимити барқро ҳалл кунад. Аммо бо вуҷуди ин интиқодҳо, бино ба натоиҷи расмии интихоботи 6 ноябр, Эмомалӣ Раҳмон бо касби беш аз 80 дарсади оро ғолиб омад. Зимнан “Барқи Тоҷик” дар рӯзҳои интихоботи президентӣ низ аз соати 17-00-и рӯзи 5 ноябр то соати 11-00-и рӯзи 7 ноябр лимити барқро дар саросари кишвар муваққатан бардошта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG