Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД табдили асноди ронандагиро шарҳ дод


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қарор оид ба тағйири шаҳодатномаҳои ронандагиеро, ки акси соҳибонашон дар даҳ соли охир нав нашудааст, шарҳ дод.

Дар шарҳи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбе дар торнамои расмии ин ниҳод он ба нашр расид, омадааст, ки мутобиқат накардани акси ронандагон дар ҳуҷҷатҳо бо намуди зоҳирии онҳо, зарурияти муқаррар намудани мӯҳлати иваз намудани акс дар шаҳодатномаҳои ронандагиро ба вуҷуд овардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳолат дар аксар кишварҳо, ба вижа дар Русия, ки мӯҳлати истифодабарии ҳуҷҷати ронандагӣ 10 сол муқаррар гардидааст, низ ба назар мерасад ва нисбати муҳоҷирони тоҷик мушкил эҷод менамояд. Зеро дар ин муддат ҳуҷҷатҳои ронандагӣ фарсуда ва дар баъзан ҳолат корношоям гардида, симои зоҳирии соҳиби шаҳодатнома низ, тағйир меёбад.

Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сабаби дигари ин тасмим, мутобиқ шудан ба талаботи Созишномаи Вена оиди ҳаракати роҳ мебошад, ки Тоҷикистон низ ба он шомил мебошад ва мувофиқи талаботи нав, ҳуҷҷатҳои ронандагии миллӣ дар ҳама кишварҳои узви Созишномаи Вена бланкаи якхела истифода гардида дар он сатрҳо рақамгузорӣ шудаанд, ки ҳар рақам ба сатри мувофиқ, ба талаботи созишнома мебошад. Ба ин тартиб, аз ин ба баъд ҷойгиршавии маълумоти ҳуҷҷатҳои ронандагии Тоҷикистон аз кишварҳои аврупоӣ фарқ нахоҳад дошт. Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки бо ҷорӣ шудани намунаи нави ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар Русия ва дигар кишварҳои узви ин созишнома ронандагӣ кунанд.

Ҳуҷҷатҳои намунаи нав корти пластикӣ мебошад ва ба гуфтаи манбаъ, сатҳи баланди муҳофизатӣ аз ҳар гуна сохтакорирор доранд. Дар он ба ҷуз акси соҳиби ҳуҷҷат, ҳамчунин имзои рақамӣ ва изи ангушти ӯ низ сабт мешавад. Ҳамчунин ҳуҷҷатҳои нав чипи махсус доранд, ки корманди БДА бо дастгоҳи махсуси “хонандаи дастӣ” метавонад маълумоти лозимиро оиди дар кофтуков ё дуздӣ будани автомашина, мавҷудияти суғурта, дар бораи соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ, ҷаримаҳои пардохтнашуда ва ғайраро маълумот пайдо намуда, ахборотро дар бораи қоидавайронкунӣ дар шакли электронӣ ба чип ворид намояд.

Ҳафтаи гузашта масъулони Бозрасии давлатии автомобили Тоҷикистон дар суҳбат бо "Озодӣ" гуфтанд, ки тибқи қонун, ҳар даҳсола акс дар ҳуҷҷати ронандагӣ бояд иваз карда шавад ва аз он ҷо, ки ҳуҷҷати ронандагӣ ҳамагӣ як саҳифа беш нест, якбора ҳуҷҷатро иваз мекунанд. Ба гуфтаи масъулони БДА, табдили шаҳодатномаҳои ронандагӣ 9 моҳ ба ин сӯ, аз моҳи марти соли 2013 то ҳоло, идома дорад ва аз ронандаҳо барои ин имтиҳони такрорӣ талаб карда намешавад.

Нозирони умур мегӯянд, дар 10 сол дигаргунӣ дар қиёфаи инсон зоҳир мешавад ва аз ин рӯ, зарурати табдили аксу асноди ронандагӣ пеш меояд. Умедҷон Саъдуллоев, хабарнигори тоҷик мегӯяд, иваз кардани акси шаҳодатномаи ронандагӣ баъд аз даҳ сол ба мисли иваз кардани акс дар шиноснома аст, ки дар ҳарду маврид амре, ба гуфтаи ӯ, лозим мебошад.

«Дар даҳ сол афроде ҳастанд, ки биноии худро аз даст медиҳанд ва ё дар ин даҳ сол ки риш надоштанд, риш мемонанд, ки он ба симои зоҳирии даҳ соли баъдаш мувофикат намекунад. Ва ин омилҳо гоҳҳо сабаби нофаҳмии миёни нозири БДА ва ронанда мешавад. Аз ин рӯ, иваз кардани акси ҳуҷҷати ронандагӣ дар даҳ сол мушкил надорад,» - мегӯяд Саъдуллоев.

Масъулони Бозрасии давлатии автомобили Тоҷикистон нагуфтанд, ки чӣ теъдод аз ронандагон шаҳодатномаҳои худро нав карданд ва чӣ шуморе – ҳанӯз на. Аммо бархе аз ронандагон мегӯянд, зарурати муоинаи тиббӣ ва нагузаштан аз он мумкин аст, сабаби лағви шаҳодатномаи онҳо шавад. Дар чунин ҳолат ва ҳамчунин акнун, ки муҳлати табдили шаҳодатномаи ронандагӣ ба поён расидааст, аз эҳтимол дур нест, бархе аз ронандагон ба ҳалли мушкили худ бо истифода аз ришва умед банданд.

Мояи дигари нороҳатӣ маблағест, ки бояд ҳар нафар барои табдили ҳуҷҷати ронандагиаш бисупорад. Ба гуфтаи мусоҳибони мо, табдили асноди ронандагӣ дар Тоҷикистон 116 сомонӣ, яъне тақрибан 24 доллар нарх дорад.

Аммо дар гузориши вазорат омадааст, ки иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли зист дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва пардохти маблағ, дар умум 36 сомонию 6 дирам анҷом дода мешавад.
XS
SM
MD
LG