Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти соҳибони 3 фоҳишахона дар Душанбе


Ин сокини Душанбе бо ҷурми ташкили фоҳишахона 40 000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Ин сокини Душанбе бо ҷурми ташкили фоҳишахона 40 000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Вазорати умури дохила мегӯяд, дар ду рӯзи охир дар пойтахти Тоҷикистон фаъолияти се фоҳишахонаро ошкор ва соҳибонашонро дастгир кардааст.

Ду сокини шаҳри Душанбе ва як сокини шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми даллагӣ ва ташкилу нигоҳ доштани фоҳишахона дастгир шудааст. Вазорати умури дохила рӯзи 6 январ дар сомонааш хабар дод, ки А.З., сокини 44-солаи пойтахт манзилашро ба фоҳишахона табдил дода, рӯзи 3 январ бо ташкили шароити алоқаи ҷинсӣ дар ивази 200 сомонӣ ба А.С., сокини ш. Душанбе ва Д.Н., сокини ш. Ваҳдат, соли таваллудашон 1984 ба «иҷора» додааст. Бо айни иттиҳоми ба талабгорони муносибати маҳрамона «иҷора» додани манзилаш сокини дигари ш. Душанбе К.Н., соли таваллудаш 1987 низ дастгир шудааст.

Вазорати умури дохила мегӯяд, ин нафар дар ивази хидматаш аз ҳар ҷуфт 100 сомонӣ «ҳаққ» мегирифт. Мақомот мегӯянд, ӯ аз ҷумла тайи рӯзҳои 2-4 январ манзилашро ба 3 ҷуфти мухталиф барои алоқаи ҷинсӣ супурдааст: «Чунончӣ, рӯзи 04.01.с.2015 ба шаҳрвандон: Қ.Ф., соли таваллудаш 1989, сокини н.Шаҳринав ва З.З. соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, рӯзи 03.01.с.2015 бошад, ба шаҳрвандон: Б.Ш., соли таваллудаш 1989, сокини ш. Кӯлоб ва Ҳ.Л., соли таваллудаш 1975, сокини ш. Душанбе ва санаи 02.01.с.2015, ба шаҳрвандон: К.У., соли таваллудаш 1994, сокини н.Шаҳринав ва Б.М., соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ш.Душанбе шароит барои алоқаи ҷинсӣ муҳайё намудааст.»

Ҳамин тавр, бино ба гузориши вазорати корҳои дохилӣ, «зимни як чорабинии оперативии дигар, кормандони милитсия муайян намуданд, ки шаҳрванд А.Ш., соли таваллудаш 1979, сокини ш.Ваҳдат дар назди бинои истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе шаҳрванд Ҳ.М., соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шаҳритусро ба фоҳишагӣ ҷалб намуда, ӯро ба маблағи 200 доллари ИМА ба сокини ноҳияи Фархор С.Р., соли таваллудаш 1991 фурӯхтааст.»

Алайҳи ҳарсе мавриди ташкили фоҳишахона ва даллагӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.

Ин мавридҳои тозаи кашфи фоҳишахонаҳо дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ин кишвар дар ин авохир аз афзориши ҷиноятҳои ахлоқӣ ва ҷалби шумори зиёди занону духтарон ба танфурӯшӣ изҳори нигаронӣ мешавад. Дар моҳи июни соли 2014 баъди як суханронии тунди вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода, дар Тоҷикистон як маъракаи густардаи зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ ба роҳ андохта шуд ва мақомот эълон карданд, ки дар зарфи ҳамагӣ як ҳафтаи аввали ин маърака ва танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 500 нафарро бо гуумони танфурӯшию даллагӣ ваё ташкили фоҳишахона боздошт кардаанд.

Танфурӯшӣ тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб намешавад ва занони танфурӯш маъмулан баъди боздошт бо пардохти ҷаримаи начандон бузурге раҳо мешаванд. Вале кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои даллагӣ, ҷалби афрод ба танфурӯшӣ, қочоқи инсон ва ташкили фоҳишахона муҷозоти сангинеро пешбинӣ кардааст. Ҳарчанд як зан бо номи Х. Т., ки моҳи августи соли ҷорӣ бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне ташкили фоҳишахона аз тарафи мақомот боздошт шуда буд, дар моҳи ноябр бо пардохти 40 000 сомонӣ ҷарима аз толори додгоҳ озод карда шуд.

Ҳанӯз омори расмии марбут ба соли 2014 нашр нашудааст, вале бино бар иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар соли 2013 дар ин кишгвар 1641 занону духтарони фоҳиша ошкор ва боздошт шудаанд, ки ин нисбат ба як соли қабл 338 зану духтар бештар будааст. 41 нафари онҳо духтарони ноболиғ будаанд. Дар маҷмӯъ дар соли 2013 дар Тоҷикистон 189 фоҳишахона кашфу ошкор шудааст, ки ин ҳам нисбат ба як соли пеш 39 адад зиёд будааст.

Тақрибан ҳар рӯз дар сомонаи вазорати корҳои дохила аз кашфи ин ё он фоҳишахона ваё афроди алоҳида бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ бо духтарони ноболиғ ва қонуншиканиҳои дигари ахлоқӣ хабарҳои зиёд ба нашр мерасанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҷумла дар ин ҳафта хабар дод, ки як сокини 34-солаи шаҳри Душанберо бо гумони алоқаи ҷинсӣ бо як духтари 16-сола дастгир кардаанд. Дар хабари рӯзи 5 январ нашршуда дар сомонаи ин вазорат гуфта мешавад: “Санаи 03.01.с.2015, ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Н.Р. соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки духтари ноболиғаш Н.М. соли таваллудаш 1998-ро моҳи декабри соли 2012-ум шаҳрванд Х.А. соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Душанбе, ба хонаи истиқоматиаш бурда бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Х.А. дастгир карда шуд."

Қаблан ин вазорат аз боздошти як сокини Ҳисор бо гумони алоқаи ҷинсӣ бо як духтари 12-солаи сокини пойтахт хабар дода буд. Р.С., соли таваллудаш 1996, бар асоси шикояти падари духтари ноболиғ дастгир шудааст. Дар хабари вазорати умури дохила омадааст: “Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино шаҳрванд М.Э. соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 22.12.с.2014 марди ношиносе дидаю дониста бо духтари ноболиғи ӯ М.З. соли таваллудаш 2002, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, алоқаи ҷинсӣ намудааст. Дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Р.С. соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ҳисор дастгир карда шуд. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.​»

Ин боздоштҳо дар ҳолест ки аз афзоиши мизони ҷиноятҳои ахлоқӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мешавад ва вазорати умури дохила дар тобистони соли 2014 як маъракаи густардаи зидди чунин ҷиноёт, аз ҷумла алайҳи танфурӯшону даллаҳо ва моликони фоҳишахонаҳоро ба роҳ андохта буд. Нозирони умур бо таваҷҷӯҳ ба маъракаи густардае ки аз тобистони соли 2014 дар Тоҷикистон идома дорад, мегӯянд, интизор доранд, ки омори имсолаи марбут ба ҷиноятҳои ахлоқӣ нисбат ба соли 2013 хеле бузургтар хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG