Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбати Ҳаҷ то 10 солу 20 сол пур шудааст


Бархе сокинони Тоҷикистон тибқи саҳмияи муқарраркардаи Арабистони Саудӣ бояд то 20 соли дигар дар навбат бимонанд, то зиёрати Каъба насибашон гардад.

Бар асоси квотаи ҷудонамудаи Арабистони Саудӣ аз Тоҷикистон, имсол ҳам танҳо 6 300 нафар имкони зиёрати Хонаи Худоро дорад. Саудӣ аз ҳар 100 сокини кишвар танҳо ба 1 нафар иҷозати Ҳаҷ медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон ба ин далел ки аҳолии ин кишвар ба 8 миллион расидааст, ду сол боз талош доранд, то квотаи Тоҷикистон ба 8000 расонда шавад. Аммо ҳукумати Арабистони Саудӣ ин дархостро имсол ҳам ҷавоби рад додааст.

Агар дар солҳои оянда ҳам Арабистони Саудӣ саҳмияи зоирини Тоҷикистонро бештар накунад, тибқи рӯйхат, наавбат дар бисёр ноҳияҳо барои чандин соли наздику дур аз ҳоло пур шудааст ва барои мисол, дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Қӯрғонтеппа талабгорони сафари Ҳаҷ аз 10 то 20 соли дигар бояд барои сафари Ҳаҷ мунтазир бимонанд.

Афшин Муқимов, сухангӯи Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар аксари навоҳии кишвар хоҳишмандони зиёрати Хонаи Худо дар ҳоли афзоиш аст ва рӯйхатҳо барои чанд соли оянда аз ҳоло пур шудааст: «Дар ҳар ноҳия талабот ҳар гуна ҳаст, вале дар маҷмӯъ талабот зиёд аст. Намояндаи Кумитаи дин барои зиёд кардани квота ба Арабистони Саудӣ сафар дошт ва ба он хотир теъдоди квотаро зиёд накарданд, ки ҳоло дар Макка корҳои сохтмонӣ рафта истодааст. Шояд ин 2-3 сол давом кунад ва мо умедворем, ки солҳои оянда квотаро зиёд мекунанд.»
Навбати тӯлонии Ҳаҷ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00
Линки мустақим

Файзиддин Рашидов, сокини минтақаи Кӯлоб, ки 68 сол дорад, мегӯяд, ду сол боз талош дорад, сафари Каъба кунад, аммо навбаташ намерасад. Ӯ мегӯяд, имсол масъулин розӣ шудаанд, ҳуҷҷатҳояшро қабул кунанд, аммо барояш гуфтаанд, шояд навбати сафари ӯ соли 2016 бирасад: «Ҳамин 2016-ро ҳам аниқ ваъда накарданд. Айби мо ҳам шуд, ки дар вақти навбат кам будан ҳуҷҷатҳоямонро насупоридем. Агар умр вафо кунад ва дар насибамон бошад, як рӯз не - як рӯз меравем.»
Сабаби афзоиши хоҳишмандони сафар ба Каъбаро коршиносон гуногун шарҳ медиҳанд. Шариф Абдулҳамидов, сармутахассиси Кумитаи дин дар минтақаи Кӯлоб аз мушоҳидаҳои худ мегӯяд, унвони ҳоҷиро соҳиб шудан барои бисёриҳо “муд” шудааст, аз ин рӯ, талош мекунад, то ин унвонро соҳиб шавад. Ба гуфтаи ӯ, ба ҷо овардани ин фаризаи диниро дар ҳоли даст додани имконот Худованд фарз дониста бошад ҳам, аммо бисёриҳо қарз гирифта талош мекунанд, Ҳаҷ кунанд. Аз сӯи дигар Абдулҳамидов мегӯяд, бархе бори дуввуму севвум талоши зиёрат рафтан доранд, ки ин навбати талабгоронро боз ҳам бештар мекунад.

Шариф Абдулҳамидов афзуд: “Ҳаҷҷи фарзиро як маротиба анҷом додан кифоя ҳаст. Пайёмбари мо як бор Ҳаҷҷи фарзӣ карда буд ва ду бор Ҳаҷҷи умра. Дар мо ҳоло муд шудааст, ки кӣ чанд бор Ҳаҷ рафтааст. Онҳое, ки ду- се бор мераванд, барои тиҷорату рекорд нишон додан мераванд. Аз тарафи дигар мардуми мо дар бисёр масъалаҳо фармудаҳои Худованду пайёмбарро иҷро мекунанд, аммо дар ҳамин маврид фаромӯш мекунанд, ки Худованд дар сурати имкон доштан Ҳаҷро фарз гардонидааст. Бархе қарз мекунанд ва баъзеи дигар аз пули бо сад азоб дар Русия ёфтаи фарзандонашон сафар мекунанд, ки намедонам, ин то кадом андоза дуруст аст. ”
Аксари хоҳишмандон мегӯянд, дар роҳи сабти номи талабгорони зиёрати Хонаи Худо адолат риоя намешавад. Абдусамад Ғайратов, яке аз хоҳишмандон мегӯяд, ҳанӯз ду соли пеш навбати сафараш расида буд, вале бо сабабҳои номаълум то имсол ба таъхир афтод: “Масъулини пештараи Кумитаи дини Кӯлоб каме моро дурӯғ гуфтанд. Ваъда доданд, вале дар амал дигар кор карданд. Шояд дар навбати мо дигаронро фиристоданд. Ҳоло имсол масъулин дигар шудааст ва умед дорем, ки сафарамон амалӣ мешавад. Дар ҳақиқат мушоҳида мешавад, ки бисёриҳо даводав мекунанд ва роҳу восита меҷӯянд, то қабл аз навбаташон ба зиёрати Хонаи Худо бираванд. ”

Афзоиши шумораи хоҳишмандони зиёрати Каъба, макони муқаддас барои мусалмонон аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли гузашта харҷи он барои ҳар зоир ба 17 ҳазору 625 сомонӣ ё худ 3 710 долари амрикоӣ расид.
XS
SM
MD
LG