Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон тарҳи қонуни вижаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар дасти баррасии порлумон қарор дорад. Ин қонун бояд сӯиистифода аз нирӯи кори кӯдакро қонунан манъ кунад. Аммо мушоҳидаҳо ҳокист, ки кори кӯдакон дар Тоҷикистон ҳамчунон фаровон ба назар мерасад.

Кумитаи порлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак”-ро мавриди баррасӣ қарор дод, ки бар асоси он сӯиистифода аз меҳнати кӯдак дар Тоҷикистон мамнӯъ мешавад. Агар намояндагони мардуми ин тарҳи Кумитаи масоили иҷитмои оила ва ҳифзи сиҳат тасдиқ кунанд ва ба он ҳукми қонунро бидиҳанд, ҳама гуна меҳанати кӯдак, ба хусус кори онҳо дар соҳаи кишоварзӣ расман маннӯъ мешавад.

Абдураҳмон Хонов, узви Кумитаи масоили иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи сиҳат дар порлумон, рӯзи 8-уми январ дар сӯҳбат ба Радои Озодӣ гуфт, агар қонун қабул шавад, тибқи банди 18-и он меҳнати кӯдак манъ буда, ҳар нафаре, ки кӯдаконро ба хотири фоида кӯдаконро ба кор водор меунад, ҷазо хоҳад гирифт, хоҳ кордеҳ бошанд, хоҳ падару модар.

Абдураҳмон Хонов ҳамчунин ин қонун як гурӯҳи калони мутахассисон давоми ду сол дар заминаи омӯзиши бештар аз сад санади ҳуқуқи ва конвенсия дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таҳия карданд. “Дар банди 40-и қонун пешбини шудааст, ки дар сурати риоят накардани он ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҷавобгарӣ бар асоси як қатор қонунҳо, аз ҷумла Кодекси мурофиавӣ, Қонуни маъмурӣ пешбинӣ шудааст,”гуфт ҷаноби Хонов.

Ин бори аввал аст, ки Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак”-ро қабул мекунад. То ҳол дар робита ба ҳуқуқи кӯдакон санадҳои меъёрии ҳуқуқи амал мекараданд.

Порлумон дар ҳоле ба масъалаи ҳуқуқи кӯдак таваҷҷӯҳ кард, ки дар даҳсолаҳои ахир ҳазорҳо кӯдак дар шаҳру навоҳии кишвар ба кори кӯчаву бозор гузашта дар деҳкадаҳо ба чиниши пахта сафарбар шуданд.

Дар хиёбонҳо, марказҳои савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе кӯдакони коргар ҳамеша ба чашм мехӯранд. Онҳо ароба мекашанд, борҳои вазнин мебардоранд, ба поккорӣ машғул мешаванд ва мошиншӯӣ меунанд. Дар деҳкадаҳои Тоҷикистон кӯдакон бештар ба корҳои саҳро, аз қабили пахтачинӣ, молчаронӣ, ҳезумчинӣ, сангкашиву регкашӣ ҷалб мешаванд.

Баҳрулло, як хонандаи синфи 8, ки аз гуфтани шумораи мактабаш худдорӣ кард, дар назди бозори Шоҳмансур ба савдои меваҳои хушк машғул аст. Дурбини ҳамкори ман ӯро нигарон кард, ки дарҳол “ҳоло таътил аст ва ман ба хонаводаам кӯмак мекунам” гуфт. Баҳрулло бо худсафедкунӣ мегӯяд, “бачаҳое ҳастанд, ки тамоман ба дарс намераванду рӯз то бегоҳ дар бозоранд. Аз хона ба дарс меравем гуфта мебароянд, сумкаҳояшонро дар ягон магазин монда, худашон аз пушти кор мешаванд.”

Кӯдаконе, ки дар кӯчаву бозор ба тиҷорат машғуланд мегуфтанд, ки онҳо дар баробари хонаводаҳояшон масъулият доранд, бояд кор кунанд ва пул ёбанд.

Парвина, хонандаи синфи 8, дар назди Маркази савдои “Садбарг” “ҷуворӣ” савдо мекунад. Парвина мегӯяд, ҷуворифурӯшӣ “бизнес”-и хонаводагии онҳост ва ӯ ҳиссаи хурди худро ба буҷаи оилавӣ ворид мекунад. “Хайр, чӣ кор кунам? Падарам қарздор аст. Таътил ки ҳастем, ёрдамашон мекунам. Бояд қарзамонро канем. Ҳар рӯз 40 сомонӣ фоидаи тоза мегирам,”- гуфт Парвина.

Кӯдаконе, ки дар бозорҳо кор мекунанд, мегӯянд, ҳар боре ки онҳо ба дасти кормандони полис меафтанд, мақомот падару модарашонро барои бемасъулияти дар тарбияи фарзанд ба андозаи аз 40 то 80 сомони ҷарима мекунанд.

Макнуна, хонандаи синфи 6-и мактаби 29-и Душанбе, сабаби ба бозор рӯ оварданашро ба зиндагии сангини хонаводааш марбут кард. Макнуна падар надорад ва танҳо модараш аз ӯ ва ду додараш муроқибат мекунад. “Охир падар надорам. Модарам танҳо кор мекунад, зӯраш намерасад барои хӯрондану пӯшонданамон. Боз ду додари дигар дорам. Аз субҳ то нисфирӯз дарс мехонам, баъди дарсам ҷуворӣ савдо мекунам. Рӯзона 25-30 сомонӣ фоида мегирам,”- гуфт Макнуна.

Замира Ғуломова, як тоҷири Маркази тиҷоратии “Садбарг” дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳамарӯза даҳҳо кӯдак барои кор ба ин макон меоянд. Кормандони милиса ҳам доимо рейд мегузаронанд. Дастгирашон мекунанд, аммо боз ҳам онҳо кори худро идома медиҳанҳ. Ин зани тоҷир мегӯяд, ки ӯ ҳам ду фарзанди ноболиғ дорад, зиндагияш хело душвор аст, аммо талош мекунад бачаҳояш аз дарсашон қафо намонанд то оянда мисли худи ӯ ба корҳои сангин машғул нашаванд.

Баширхон Иброҳимов, сардори бахши кор бо ноболиғон дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе мегӯяд, агарчи имсол ҷиноят миёни ноболиғон каме коҳиш ёфт, аммо мавридҳои ҷалби онҳо ба кор бештар ба қайд гирифта шудааст. Ба қавли ҷаноби Иброҳимов, дар пайи рейдҳои пай дар пай дар соли 2014 дар шаҳри Душанбе 1 112 мавориди кори кӯдак ошкор шудааст. Аз ҷумла шустани нақлиёт, боркашонӣ, талбандагӣ, савдои кӯчагӣ, кор дар нақлиёти умумӣ, яъне кондукторӣ ба қайд гирифта шуда, нисбати волидайни онҳо бар асоси моддаи 90-и Қонуни маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG