Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, харҷи як маърака дар ин кишвар 670 доллар шуда, мардум тайи 7 сол бо шарофати қонуни танзим 2 миллиард доллар сарфа кардаанд. Бисёриҳо аммо ба ин рақамҳои овардаи мақомот бовар намекунанд.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа масъулини тарабхонаи «Ориён»-и ин шаҳрро 20 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Дар қарори додгоҳ омадааст, ки «рӯзи 10-уми май Фирӯза Норова, сокини ин шаҳр барои баргузор кардани тӯйи сунатии писаронаш барои 120 нафар ба ин тарабхона шифоҳӣ фармоиш додаст, ки дар ин ҳолат ҳар ду ҷониб қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон кардааст».

Ҳамчунин додгоҳ Фирӯза Нороваро низ ба маблағи 2 400 сомонӣ ҷарима бастааст. Тибқи қонуни танзим ҳангоми баргузор кардани тӯйи сунатӣ набояд соҳибҷашн аз 60 меҳмон бештар даъват кунад.

Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

-уми июни соли 2007 қабул шудааст. Қабл аз қабули қонун телевизионҳои Тоҷикистон дар хиёбонҳо «Микрофони озод» гузоштанд, то мардум дар робита ба қабули ин қонун андешаҳои худро баён созад.

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, пас аз қабули ин қонун «аҳволи иҷтимоии сокинон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст». Дар ҳисоботи ин Кумита ба унвони мисол омадааст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 160 ҳазор маърака барпо гаштааст, харҷи онҳо наздики 530 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Ин Кумита харҷи як маросими хурсандиро ба ҳисоби миёна 3342 сомонӣ, яъне ҳудуди 670 долари амрикоӣ ҳисоб кардааст. Ҳарчанд сокинон мегӯянд, бо болоравии нарху наво дар бозорҳои кишвар ҳеҷ имкон надорад, ки ҳатто одитарин маросимро бо 600 доллар баргузор кард, чӣ расад ба тӯю сӯр.

Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон бо муқоисаи омор ба ин хулоса расидааст, ки «бинобар татбиқи қонуни танзим мардум 856 миллион сомонӣ сарфа кардааст.» Афзоиши пасандозҳо дар бонкҳои кишварро мақомот як «мева»-и дигари қонуни танзим мехонанд.

Сурайё Қосимова (аз чап) ва Гулчеҳра Содиқова

Сурайё Қосимова (аз чап) ва Гулчеҳра Содиқова

Аммо бисёри сокинон бар ин назаранд, ки дар ин 7 сол бар асоси қонуни танзим танҳо афроди камбизоатро ҷаримабандӣ кардаанд. Аз миёни соҳибмансабони баландмақом то ҳол номи касе бо ҷурми вайрон кардани ин қонун гирифта нашудааст, ҳарчанд, дар бораи вайрон кардани ин Қонун аз ҷониби онҳо сӯҳбат зиёд аст. Аз чеҳраҳои шинохта дар ин миён танҳоСурайё Қосимова ва чанд овозхони дигар ҷарима шудаанд.

Дар ин маврид аз ҷумла гуфта мешавад, ки дар соли қабули ин қонун Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон фарзанди худро ҳам хонадор карда буд ва соли гузашта дар як намоиши телевизиони К+ сокинон диданд, ки дар ин тӯй касе парвои қонуни танзими расму оинро надошт.

Давоми ҳафт соли иҷрои қонуни танзим дар Тоҷикистон 366 ҳазор маърака сабт шудааст ва Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон хулоса баровардааст, ки аз замони қабули ин қонун сокинони Тоҷикистон бо шарофати сарфакорона доир кардани маъракаҳояшон 10 миллиард сомонӣ, муодили қариб 2 миллиард доллар, фоида дидаанд. Рақаме ки кам касе дар Тоҷикистон бовараш мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG