Пайвандҳои дастрасӣ

Раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди ба озодӣ баромадани Ҷамшед Сиёев, раҳбари ширкати “Ҷамол-компания»-ро радд кард.

Илҳом Маҳкамов, муовини сардори идораи зиндонҳои вазорати адлия хабару овозаҳо дар мавриди озод шудани Ҷамшед Сиёев, масъули ширкати "Ҷамол-компания" маъруф ба «муҳрабизнес»-ро радд кард ва гуфт, ки вай давраи ҷазоро тайи се сол дар «низоми маҳбасӣ» анҷом дод ва акнун ба маҳбаси рақами 4, воқеъ дар маҳаллаи «1-ум Советский»--и Душанбе интиқол дода шуд. Ба гуфтаи ӯ, Ҷамшед Сиёев давраи боқимондаи ҷазоро дар ҳамин маҳбаси низомаш пурзӯр паси сар хоҳад кард

Саъдуллло Зоҳиров, яке аз дӯстони Ҷамшед Сиёев ба Озодӣ гуфт, ки овозаҳо дар мавриди озодии ӯ тайи як ҳафта мешавад дар Душанбе сари забонҳост, вале ҳеҷ нафаре ӯро бо чашмони худ надидааст. Ҷамшед Сиёев дар соли 2003 ба муддати 11 сол маҳкум шуда буд ва инак дар соли равон давраи ҷазои ӯ ба охир расидааст ва шояд ба ин гумон Ҷамшед озод шуда бошад.

Ҷамшед Сиёев, масъули ширкати "Ҷамол компания" бо ҳукми додгоҳ аз 31-уми декабри соли 2003-ум барои ба муддати 11 сол аз озодӣ маҳрум бо гузаштани ҷазо дар колонияҳои режимаш пурзур маҳкум шуда буд. Тибқи ҳукми Додгоҳи олӣ, вай пас аз анҷоми давраи маҳбас 5 соли дигар ҳаққи иҷрои вазифаи раҳбариро дар ин ё он идора надорад. Бо маҳкум шудани Ҷамшед Сиёев сарнавишти маблағи 56 ҳазор нафаре, ки баробар ба 117 миллион сомонӣ, ки он замон қариб 40 миллион долларро ташкил медод, бо ин ширкат муҳра тиҷорат кардаанд, норӯшан монд.

Мардум аз ин ширкат як қуттии мӯҳраро бо 34 сомонӣ харидорӣ мекарданд ва бо гузашти муддати таъйиншуда ва баъди ҳамел кардани он, ин мӯҳраро бар ивази 50 сомонӣ ба "Ҷамол-компания" пас мегардониданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG