Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти идораи зиндонҳо овозаҳо дар мавриди даргузашти “Шайх Темур”дар боздоштгоҳро рад карданд. Ин рӯҳонӣ аз 16 феврал дар боздошт қарор дорад.

Раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди даргузашти Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур" дар боздоштгоҳи мувақатии раёсати ислоҳиро рад кард. Тайи як ҳафтаи ахир дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он овозаҳое сари забони мардум аст, ки гӯё "Шайх Темур" дар СИЗО ҷон додааст. Мақомот ин сокини 65-солаи шаҳри Турсунзодаро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ - 250, қисми 4 (тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон), 164 (монеъ шудан ба таҳсили фарзандон) ва 170​ (бисёрзанӣ) - муттаҳам мешуморанд.

Илҳом Маҳмудов, корманди раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 10 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки овозаҳои даргузашти "Шайх Темур" ҳеҷ асосе надоранд ва ӯ сиҳату саломат аст. Вай тааҷҷуб кард, ки аз куҷо ва чӣ гуна чунин овозаҳо дар байни мардум пашн мешавад ва киҳо аз ин гуна овозаҳо, манфиатдоранд.

Як корманди дигари ҳамин ниҳод низ ба Радиои Озодӣ гуфт, “Шайх Темур” дар боздоштгоҳи муваққатии раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад ва аз саломатиаш аслан шикоят надорад.

Шабакаи якуми телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 6 феврал филми мустанади нимсоатӣ дар бораи Саидмаҳдихон Сатторов, нашр кард ва дар он гуфта мешуд, ки ин рӯҳонии 65-сола 7 зан дорад ва дар соли 2012 номи худро ҳатто дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст ва даъвои "авлиёгӣ" ва "паёмбарӣ" кардааст.

Муаллифони филм “Шайх Темур”-ро як “қаллоби динӣ” ба қалам дода, мегӯянд, ӯву муридонаш бо сӯиистифода аз бесаводию гумроҳии мардум тавонистаанд садҳо нафарро ба доми фиребашон андохта, барои худ аз ҳисоби ин мардуми аз дунё бехабар зиндагии пур аз нозу неъмат ва айшу ишрат дуруст кунанд.

Пас аз нашри ин навор Шайх Темур дар ҳабси хонагӣ нигоҳ дошта мешуд ва рӯзи 16 феврали соли ҷорӣ бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯ барои ду моҳ боздошт шуд. Мақомоти додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Саидмаҳдихон Сатторов то ду моҳ, яъне анҷоми марҳилаи аввали тафтишотӣ, дар боздошт хоҳад монд.

Мақбараи падари "Шайх Темур" дар Ваҳдат

Мақбараи падари "Шайх Темур" дар Ваҳдат

Як манбаъ аз додгоҳи ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ​раҳоӣ ва ё дар боздошт боқӣ мондани ӯ аз ҷараёни тафтишот ва натиҷааш вобаста аст. Ба гуфтаи вай, ҳангоми қироати қарор худи "Шайх Темур" низ дар додгоҳ ҳузур дошта, гунаҳкорияш бар асоси моддаи 250, қисми 4, яъне тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калонро рад карда, фақат дар баъзе ҳолатҳо худро гунаҳкор донистааст.

Ба гуфтаи манбаъ, вай гуноҳи худро бар асоси ду моддаи дигар, яъне монеъ шудан ба таҳсилу бисёрзанӣ эътироф кард. Фақат дар масъалаи тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон гуфт, қисман худро айбдор медонад ва хоҳиш кард, зиндонӣ нашавад. Моддаи 250, қисми 4 аз 15 то 20 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG