Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 гузаргоҳ ва 13 ёдгории Тоҷикистон дар “Шоҳроҳи Абрешим”


Қалъаи Хуҷанд

Қалъаи Хуҷанд

Тоҷикистон 5 гузаргоҳ бо 13 ёдгории таърихиашро ба рӯйхати муқаддамотии ёдгориҳои “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим”-и ЮНЕСКО пешбарӣ кардааст.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, бар замми шаҳраки бостонии Саразм, ки дар рӯйхати ҷаҳонии ёдгориҳои ЮНЕСКО, Идораи илму фарҳанги СММ сабти ном шудааст, ин кишвар ба рӯйхати алоҳидаи ёдгориҳои таърихии “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим”-и ин созмон 5 гузаргоҳ ва боз 13 ёдгории таърихиашро пешбарӣ кардааст.

Шералӣ Хоҷаев, раҳбари бахши ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 1 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин 13 ёдгорӣ ба рӯйхати пешакии ёдгориҳои таърихии “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим”-и ЮНЕСКО шомил шудаанд: “Мо 8 ёдгории таърихӣ доштем барои пешбарӣ ба ин рӯйхат ва моҳи ноябри соли 2015 дар Алма-Ато боз 5 ёдгории дигарро номнавис кардем. Инҳо Панҷакенти қадим, Бунҷекат, қалъаи Ҳисор, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Хоҷа Машҳад, Ҳулбук, қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон, қалъаи Хуҷанд, маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, тасвирҳои рӯисангии атрофи Хуҷанд ва ноҳияи Ашт, мадрасаи Олим ва мадрасаи Мирраҷаб-додхоҳ дар Конибодом.”

Шералӣ Хоҷаев афзуд, баъди ниҳоӣ шудани рӯйхати ёдгориҳои таърихии “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” Созмони ҷаҳонии туризм, як идораи дигари вобастаи СММ, ёдгориҳои рӯйхатшударо ба масирҳои байналмилалии ҷаҳонгардӣ шомил ва тамошои онҳоро ба муштоқони дидани ин шоҳроҳи бостонӣ тавсия хоҳад кард.

Саразм

Саразм

Раҳбари бахши ҳифзи мероси таърихию фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, қисмати тоҷикистонии “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим”-ро ба 5 гузаргоҳ тақсим кардаанд. Ӯ мегӯяд, шарти сабти номи гузаргоҳҳо вуҷуди ҳадди ақал як ёдгории таърихӣ дар тӯли он аст: “Агар ҳар коридор ақалан як ёдгорӣ дошта бошад, баъд давлате ки гузаргоҳро пешниҳод кардааст, ҳақ дорад ёдгориҳои дигари атрофи он гузаргоҳро батадриҷ ба рӯйхат шомил карда бигирад. Асос сабти номи гузаргоҳ аст. Аз 5 гузаргоҳи мо якеаш гузаргоҳи Шимолӣ аст бо Панҷакенту Бунҷекат ва ёдгориҳои водии Зарафшон. Дуюмаш гузаргоҳи Сирдарё аст бо ёдгориҳои атрофи Хуҷанд. Баъд – гузаргоҳи Марказӣ бо қалъаи Ҳисор ва ёдгориҳои ин водӣ. Сипас гузаргоҳи Амӯдарёст, ки аз Тахти Сангин сар мешавад ва то Ҳулбукро дар бар мегирад. Охирин гузаргоҳи мо ёдгориҳои водии Вахонро фаро мегирад.”

Қаблан Оқтутӣ Раҳимқулова, раҳбари бахши мероси фарҳангии вазорати фарҳанги Қазоқистон аз пешбарии 16 ёдгории таърихии ин кишвар ба рӯйхати ёдгориҳои таърихии “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим”-и ЮНЕСКО хабар дода буд. Оқтутӣ Раҳимқулова гуфт, ҳамаи кишварҳои воқеъ дар қисмати шарқии ин шоҳроҳи бостонӣ – Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон – дар садади таҳияи як рӯйхати муштараки номинатсионӣ барои ин рӯйхати байналмилалӣ мебошанд. Қазоқистон қисмати худаш дар “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим”-ро ба се гузаргоҳ – Сирдарё, Қазоқистони ҷанубӣ ва Қазоқистони ғарбӣ тақсим кардааст ва ин 16 ёдгории пешниҳодшуда марбут ба танҳо гузаргоҳи Сирдарёи он кишваранд.

Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ки аз соли 1993 барномаи фарогиреро дар заминаи эҳё ва рушди масири сайёҳии “Роҳи Абрешим” пеш мебарад, ахиран дар байни ҷаҳонгардон назархоҳиеро анҷом дод. Дар ин назархоҳӣ 41 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки дар сурати вуҷуди имкони дарёфти визаи ягона ба ҳамаи кишварҳои масири “Роҳи Абрешим” ё ба истилоҳи дигар, “Шенгени осиёӣ”, майли онҳо барои саёҳат ба ин кишварҳо бештар мешуд.

Қалъаи Ҳулбук

Қалъаи Ҳулбук

Шоҳроҳи Бузурги Абрешим як роҳи бостонии корвонгард аст, ки шурӯъ аз асри дуюми пеш аз милод то асрҳои миёна Осиёи Шарқиро бо баҳри Миёназамин мепайваст. Дар оғоз ин роҳи корвонгард асосан барои интиқоли абрешим аз Чин ба Ховари Миёна ва Аврупо истифода мешуд ва ба ҳамин далел, “Шоҳроҳи Абрешим” номаш кардаанд. “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим”, бино ба маълумоти нашршуда дар пойгоҳи “Википедия”, аз Сиани Чин то Дунхуан рафта, инҷо ду тақсим мешуд: Як роҳаш аз тариқи Турфон аз Помир мегузашт ва то ба водии Фарғона ва дашти Қазоқ мерафт. Роҳи дувуми ҷанубиаш аз тариқи Ярканд ва ҷануби Помир ба Бохтар ва аз онҷо ба Парфия, Ҳинд, Ховари Миёна мерафт ва то ба соҳилҳои баҳри Миёназамин мерасид. Худи истилоҳи “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим”-ро бори аввал ҷуғрофиёшиноси олмонӣ Фердинанд фон Рихтгофен дар соли 1877 ба кор бурдааст.

Кишварҳои воқеъ дар тӯли ин шоҳроҳи бостонӣ аз бренди “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” барои ҷалби сайёҳони бештар истифода мебаранд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин як бренди алакай шинохта ва эътирофшуда аст ва метавонад дар сурати истифода ва таблиғи хуб сели сайёҳони хориҷии муштоқи тамошои “Шоҳроҳи Абрешим”-ро ба Тоҷикистон биафзояд.

Сайёҳони хориҷӣ дар Бадахшон

Сайёҳони хориҷӣ дар Бадахшон

Бино ба омори расмӣ, дар соли 2015 аз Тоҷикистон ҳудуди 420 000 сайёҳи хориҷӣ дидан кардаанд ва аз ҳисоби ин сайёҳон ба буҷаи ин кишвар беш аз 200 миллион доллар ворид шудааст. Дар ҳоли ҳозир аксари сайёҳон ба Тоҷикистон барои тамошои кӯҳистони Бадахшону Зарафшон ва кӯҳбароиву шикор меоянд.

Вале бовар меравад, ки ин кишвар метавонад ҳатто бо имконоти феълиаш дар сол беш аз 1 миллион сайёҳро бипазирад ва риштаи ҷаҳонгардиро ба як манбаи муҳими даромади будҷааш табдил бидиҳад. Аз ҷумла бо истифода аз бренди “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” ва ҷалби бештари мухлисони тамошои маконҳои таърихӣ бо 5 гузаргоҳу 13 ёдгории таърихие, ки Тоҷикистон дар тӯли ин шоҳроҳи бостонӣ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG