Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармон содир шуд, фармон бекор шуд. "Ротатсия"-и ҷанҷолӣ дар ТВ


Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон
Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон

Баъзе аз хабарнигорону мутахассисони собиқадор, ки бар асоси "ротатсия" аз Шабакаи аввал ба Радиои ҷумҳурӣ гузаронда шуданд, дубора ба ҷойҳои кори пешинаи худ баргаштаанд.

Масъулони Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон фармони аз Шабакаи аввал рафтани бархе аз хабарнигорон ва мутахассисонро бекор карда, онҳоро дубора ба ҷойи кори пешинаашон баргардондаанд. Ин тасмим баъди он сурат гирифтааст, ки барканории чанде аз рӯзноманигорони собиқадор, аммо ҳанӯз ба синни нафақа нарасидаи Шабакаи аввал ва дар бахшҳои мухталифи Радиои Тоҷикистон ҷойгир кардани онҳо вокунишҳои тундро ба бор овард.

Аз ҷумла, бино ба иттилои манобеи мо, ҳоло Мавҷуда Саидова, Гулчеҳра Сатторова, Идигули Маҳмуд, Равзалӣ Амонов ва Бодом Маҳмадёрбеков, ки бар асоси "ротатсия" аз Шабакаи аввал ба барномаҳои Радиои ҷумҳурӣ гузаронда шуда буданд, дубора ба телевизион баргаштаанд.

Як масъули Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "онҳоро бо дарназардошти он ки таҷрубаи беҳтари кор дар телевизионро доранд, ба вазифаҳои пешинашон баргардондем". Вале талоши мо барои сӯҳбат бо Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар ин замина бенатиҷа буд.

Рӯзи шанбеи 15 август, ки асосан рӯзҳои қабули мансабдорони тоҷик ба шумор меояд, хабарнигорони Озодӣ барои фаҳмидани асли “ротатсия” ва баҳсҳои бархоста дар пайи он ба кумита рафтанд. Дар он ҷо нигоҳбонҳо гуфтанд, ки раиси Кумитаи телевизион ва радио бо коре дар ноҳияи Данғара қарор дорад ва рӯзҳои дигар метавонад ба саволҳо посух гӯяд. Ҳамон рӯз баъзе аз кормандони норозӣ низ барои матраҳ кардани масъалаи корашон ба назди оқои Пирзода рафта буданд.

Мавҷуда Саидова, корманди Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз содир шудани фармони як қатор кормандон дар мавриди ба редаксияҳои мухталифи Радиои ҷумҳурӣ гузаштан, онҳоро боз даъват намуда ва гуфтаанд, ки ба ҷойҳои пешинаашон баргарданд. Ӯ мегӯяд, ин ҷобаҷокунӣ барояшон мисли “чистон” буд ва ҳанӯз сабаби аслии барканорӣ ва ба ҷойи дигар рафтану дубора ба кори пешина баргардонданашонро нафаҳмидаанд.

Дар посух ба суоли он ки чаро як гурӯҳ аз хабарнигорону мутахассисони телевизион аз вазифаҳояшон барканор ва ба идораи радио фиристода шуданду дубора ба ҷойи худ баргаштанд? як корманди Шабакаи аввали Тоҷикистон гуфт, ин кор гӯё баъд аз муроҷиат ба Асадулло Раҳмон, ҳоло ёрдамчии раисиҷумҳур дар умури кадрҳо ва дар гузашта раиси Кумитаи телевизион ва радио имконпазир шудааст. “Ин масъала бо мусоидати он кас ҳал шуда ва баъдан бархе аз кормандони таҷрубадор ба телевизион баргардонда шуданд,” -- афзуд ҳамсӯҳбати мо.

“Ротатсия” дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон моҳи гузашта сар шуда, ба қавли раҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио бояд ба ҳамин зудиҳо ниҳоӣ шавад. Аммо ҷобаҷокунӣ натанҳо дар ин шабака, балки дар телевизионҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла “Сафина”, низ ҷараён доштааст. Қаблан яке аз корбарони торнамои Радиои Озодӣ дар ин бора нома навишта, хостори таҳқиқи мавзӯъ шуда буд.

Саодат Азораева, корманди собиқадори телевизиони Тоҷикистон, ки аз соли 1984 боз дар барномаҳои мухталиф фаъолият кардааст, мегуяд, то ҳол сабаби аслии ба радиои Тоҷикистон интиқол ёфтанашро намедонад. “Ба ман раҳбарони Кумита чизе нагуфтаанд. Шӯъбаи кадрҳо даъват кард ва гуфт, ки Шумо ба кори нав ба радиои “Фарҳанг” гузаронда мешавед. Сахт дар тааҷҷуб мондам. Чӣ гуна як корманд, ки солҳо дар телевизион фаъолият дорад, бе пурсиш ва маслиҳат ба ҷойи дигар интиқол меёбад?” – суол гузошт ӯ.

Нороҳатии бисёре аз кормандони аз телевизион ба радио “кӯчонда шуда” аз он аст, ки онҳо солҳои тӯлонӣ дар бахши варзиш ва ё сиёсӣ буданд ва ҳоло дар радио ба бахши фарҳангу барномаҳои субҳгоҳӣ афтодаанд. Собиқадорон иддао доранд, ки дар масъалаи барканории онҳо ва ба ҷояшон қабул кардани афроди ҷавон дар телевзион аз мақоли “калла ба ҷойи салла” истифода шудааст. Онҳо даъво доранд, ки афроди ҷавон ҳанӯз барои кор дар телевизион таҷрубаи кофӣ надоранд ва бояд аз собиқадорон меомӯхтанд ва сипас ҷойгузини онҳо мешуданд.

Мақомоти Кумитаи телевизион ва радио чунин иддаоро рад карда ва мегӯянд, ки ҳадаф аз ҷобаҷокуниҳо на аз кор маҳрум кардани собиқадорон ва печдарпечӣ дар кори онҳо, балки ҷавонсозии ҳайати телевизион буд. Ҳоло ба раҳбарии идораҳо дар телевизион афроди нисбатан ҷавон омада, ба қавли раҳбарияташон ҳоло аз пайи таҳияи барнома ва матолиби диданӣ ҳастанд.

Моҳи январи соли ҷорӣ дар пайи ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон таъин шудани Асадулло Раҳмон раиси Кумитаи телевизион ва радио низ иваз шуда, ин мақом ба Маҳмадсаид Пирзода, муовини пешини вазири фарҳанги Тоҷикистон расид. Баъд аз муддате муовинони ӯ ва ҳамин тавр, мудирони Шабакаи аввал, Баҳористон, Сафина ва Радиои Тоҷикистон ҳам иваз шуданд. Соҳибназарон мегӯянд, дар Тоҷикистон ҳар раҳбар шеваи кори худро дорад ва шояд тасмими охир гардиши раҳбарияти Кумита бошад. Барои мисол, Абдуҷаббор Раҳмонзода (Раҳмонов) соли 2004 вақте раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шуда, дар ин мақом Убайдулло Раҷабовро иваз карда буд, ғайриинтизор эълон кард, ки аз ҳамаи кормандони ин ниҳод ва шабакаҳои телевизионӣ ва радио давлатӣ иншо мегирад.

XS
SM
MD
LG