Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикваи Эрон аз мушкилоти ташкили TV-и форсизабонон


Алиасғари Шеърдӯст, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Алиасғари Шеърдӯст, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон

Алиасғари Шеърдӯст ҷониби Тоҷикистонро дар таъхири роҳандозии ТВ форсизабони "Наврӯз" муттаҳам кард.

Ӯ гуфт, ҷониби Эрон ба ҳама тааҳуди худ амал карда ва то кунун сохтмони ин телевизионро таъмир намудаааст.
Аз нигоҳи идеологӣ низ Тоҷикистон як давлати дунявӣ ва Эрону Афғонистон низомҳои маҳзабӣ доранд, ки метавонад як мушкили дигар дар барномасозиҳои ин телевизион бошад...


Ҳамчунин ба гуфтаи сафир, онҳо таҷҳизотро ворид сохта ва интизори посухи ҷониби Тоҷикистон барои таъйини рӯзи мушаххаси нашри барномаҳои ин телевизионанд.

Аммо мегӯяд ҷаноби Шеърдӯст, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, Асадулло Раҳмонов, ба зангҳои телефонии ӯ барои ҳамоҳангсозии нашри барномаҳо пусух намедиҳад.

"РАҲМОНОВ ҶАВОБ НАМЕДИҲАД"

Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон (аз тарафи чап)

"Ҳатто зангҳое, ки мо мезанем, Асадулло Раҳмонов ҷавоб намедиҳад. Мо як моҳ талош кардем, ки як ҷаласа бо эшон бигузорем, ба мо гуфтанд, ки ёддошт бидиҳед. Нотаи расмӣ бидиҳед. Аммо нотаи расмӣ мо фақат барои мулоқоти мақомоте медиҳем, ки як бор мехоҳанд биоянд ва мулоқот кунанд. Мо ҳар рӯз бояд ҷаласа дошта бошем. Ман намехоҳам гилоя бикунам, агар Асадулло Раҳмонов матраҳ накарда буд, ман матраҳ намекардам. Вале ман ин ҷо суол мекунам, чун муовини мӯҳтарами эшон ин ҷо ҳастанд, ғайр аз ду табақаи як сохтмони махруба чӣ коре барои ин телевизион карданд? Ҳақиқатан дилозурда шудам, мо дар ин майдон ва шахси ман аълон танҳо ҳастам",-афзуд сафири Эрон.

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон

Гуфтанист, Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар чанд ҳафтаи пеш Эронро ба амал накарданаш дар иҷрои тааҳуди худ барои роҳандозии телевизиони "Наврӯз" муттаҳам намуда буд.

Аммо сафири Эрон чунин чизеро радд мекунад ва мегӯяд, Эрон бештар аз тааҳуди худ амал кардааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки бар асоси тавофуқ таъмини сохтмон бар ӯҳдаи ҷониби Тоҷикистон буд, Тоҷикистон фақат як бинои фарсударо дар ихтиёри ин телевизион қарор дода, ки Эрон маҷбур шудааст, онро таъмир бикунад.

ГИЛА АЗ МУШОВИРИ РАИСИҶУМҲУР

Сайидмурод Фаттоев, мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон

Ҷаноби Шеърдӯст ҳамчунин афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ворид намудани таҷҳизот низ ирода нишон надодааст. Ӯ гуфт, аз ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла аз сафири Тоҷикистон дар Олмон ва аз раиси ширкати ҳавопаймоии "Сомон-Эйр" дархост намудааст, ки дар амри ворид намудани таҷҳизоти техникӣ аз Олмон мусоидат кунанд. Аммо инҳо чунин кореро накардаанд.

Гузашта аз он, ба гуфтаи сафири Эрон, ӯ дар мулоқоти ахири худ аз Сайидмурод Фаттоев, мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсози ҷониби Тоҷикистон дар таъсиси телевизиони "Наврӯз" низ ҳаст, хостааст, ки ба мушкилоти мавҷуд расидагӣ кунад ва ҷониби Тоҷикистон таърихи оғози нашри барномаҳоро таъйин кунад.

Аммо мегӯяд сафир, мушовири раисиҷумҳур то кунун ба ин дархост посух нагуфтааст. Дар ҳоле, ки бар асоси тавофуқи масъулини телевизион бо ширкатҳои олмонӣ, бояд 45 рӯз қабл аз оғози пахши барномаҳо ин рӯз таъйин шавад, то мутаххасисони олмонӣ ба Тоҷикистон биоянд ва корҳои техникиро ба сомон расонанд.

МУОВИНИ РАҲМОНОВ: "ОГОҲ НЕСТАМ"

Дар ҳамин ҳол, Ҳабибулло Нозирӣ, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки дар нишасте ба манзури баррасии мушкилоти роҳандозии телевизиони "Наврӯз" бо сафири Эрон дар шаҳри Душанбе ширкат дошт, дар посухи ин суханони сафир гуфт: "Ростӣ, ман ба пуррагӣ огоҳ нестам. Ман пеш аз омадан омӯхтам, дар ин бора гуфта мешавад, ки биноро бояд Тоҷикистон омода кунад, таҷҳизотро Эрон ва моҳвораро Афғонистон. Дар ҳамин ҳудуд ман маълумот дорам, маълумоти зиёде надорам. Он чӣ ки Алиасғари Шеърдӯст гуфтанд, ман нав огоҳӣ ёфтам, пеҳшниҳоди ҷаноби Шеърдӯстро ба раиси Кумита мерасонам, мо ба ҳам меоем, дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекунем."

Таҳлилгарони тоҷик, ки дар ин нишаст ширкат доштан мегӯянд, мушкили аслӣ дар роҳандозии телевизиони форисзабон давлатӣ будани ин тарҳ аст. Дар ҳоле ки ҳар се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар мадорҳои мухталифи сиёсати ҷаҳонӣ қарор доранд ва манофеи мухаталиферо дунбол мекунанд.

МУШКИЛИ ПАНҶСОЛАИ ТВ ФОРСИЗАБОН

Аз нигоҳи идеологӣ низ Тоҷикистон як давлати дунявӣ ва Эрону Афғонистон низомҳои маҳзабӣ доранд, ки метавонад як мушкили дигар дар барномасозиҳои ин телевизион бошад.

Аммо сафири Эрон мегӯяд, роҳи ҳалле барои нигаронии ҷониби Афғонистон низ пайдо шудааст ва он нашри ҳамзамони барномаҳо бо забони пашту хоҳад буд. Аммо мегӯяд ҷаноби Шеърдӯст, вазири фарҳанги Афғонистон Махдуми Раҳмин низ аз мулоқот роҷеъ ба ин масъала дар охирин сафари худ ба Тоҷикистон худдорӣ намудааст.

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар соли 2006 ба таъсиси телевизиони муштараки форсизабон иқдом намуданд. Аммо ба далоили мухталиф роҳандозии он то кунун анҷом нашудааст.

Аммо бо ҳама вуҷуд, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон дар охирин мулоқоти худ дар Наврӯзи гузашта тавофуқ намуданд, ки телевизиони “Наврӯз” қабл аз таҷлили 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон оғоз ба кор кунад.
XS
SM
MD
LG