Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маҷлиси ҳукумат 18 январ баргузор мешавад"


Интизор меравад, рӯзи 18 январ бо иштироки бархе аз вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон баргузор шавад. Як манбаъ аз ҳукумат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳамоиш “масъалаҳои ҷорӣ” баррасӣ шуда, аммо масъалаҳои кадрӣ дар назар нест. “Таъин ё барканории кадрҳо дар сохторҳои давлатӣ тақрибан ҳамарӯза бар асоси фармону амри раиси ҷумҳур ва қарорҳои ҳукумати кишвар сурат мегирад”, - афзуд ӯ. Манбаъ гуфт, дар назар аст, охирҳои моҳи январ маҷлиси васеи ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда ва дар он натиҷаҳои соли гузашта арзёбӣ ва нақшаҳои соли ҷорӣ баррасӣ ва қабул шавад. Ҳафтаи гузашта дар раёсати шаҳр Душанбе, ноҳияҳои пойтахат ва баъзе вазоартҳо тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бар асоси ин тағйирот Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мири шаҳри Душанбе таъин шуда ва дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард. Рустами Эмомалӣ то расидан ба ин мақом раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия буд.

XS
SM
MD
LG