Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёриҳо аз он сӯи уқёнус. Русия чаро дасти Тоҷикистонро намегирад?


Дар Душанбе аз ваъдаи ёриҳои Амрико барои мубориза бо терроризм истиқбол мекунанд, вале мегӯянд, вазъ дар он сӯи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон пешгӯинашаванда боқӣ мемонад.

Тоҷикистон кӯмаки молӣ ва низомии кишварҳо барои мубориза бо терроризмро “муҳим ва саривақтӣ” медонад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоле ки ҳама кишварҳои дунё тероризмро омили хатар медонанд, бояд ба кишварҳое, ки дар рӯ ба рӯи хатар қарор доранд, дар доираи имконот кӯмак бирасонанд.

Ин дархости Тоҷикистон дар ҳолест, ки Амрико эълон кард, аз 50 миллион доллари кӯмак барои мубориза бо терроризм ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештарашро ба Тоҷикистон хоҳад дод.

Як мақоми низомии Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло Тоҷикистон дар ростои хатари терроризм қарор дорад ва авзои пешгӯинашаванда дар кишвари ҳамсояи Афғонистон вазъиятро печидатар мекунад. Ин мақоми тоҷик, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ҳарчанд, ҳоло сарҳадбонони тоҷик дар ҳоли омодабош қарор доранд ва аз тавони мубориза бо ҳама гуна гурӯҳҳо то ҳадде бархӯрдор ҳастанд, вале ҳанӯз ҳам эҳтиёҷ ба кӯмакҳои молӣ ва низомӣ барои тақвияти нерӯҳо вуҷуд дорад.

Ӯ мегӯяд, мутаассифона, ҳанӯз Русия ба ваъдаи худ барои азнавсозии нерӯҳои Тоҷикистон, ки қабл аз бастани шартномаи ҳузури пойгоҳҳои низомиаш дода буд, вафо накардааст. Ин мақом кӯмаки 70 миллиард рубли Русия ба артиши Тоҷикистонро, ки соли гузашта расонаҳои Русия навишта буданд, дуруст намедонад. Ба гуфтаи ӯ, Русия танҳо низомиёни тоҷикро тамрин дод, вале ҳеҷ кӯмаки мустақим дар доираи он ваъдаҳо ба нерӯҳои Тоҷикистон то ҳол нарасидааст.

Нирӯҳои пойгоҳи 201-уми Русия

Нирӯҳои пойгоҳи 201-уми Русия

Коршиносон мегӯянд, Русия, ки торафт ба ботлоқи бӯҳрони иқтисодӣ фурӯ рафта ва ҳамчунин торафт ба низои Сурияву Украина амиқтар ворид мешавад, эҳтимолан ҳузури беш аз 7 ҳазор низомии пойгоҳи 201-уми мустақар дар хоки Тоҷикистонро ҳамчун кӯмаки кофӣ арзёбӣ мекунад.

Рустам Назаров, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ҳарчанд Русия аз вазъи Афғонистон хеле нигарон аст, аммо ҳамеша талош мекунад, ки мустақиман ва бо ҳузураш ба ин хатарҳо посух бигӯяд. Ӯ афзуд: “Русия ҳоло барои амният дар сарҳадҳои ҷанубиаш манфиатдор аст. Ҳатто вазири хориҷии Русия бо дар назрдошти ин таҳдидҳо ба Туркманистон пешниҳоди кӯмаки низомӣ кард. Аммо Туркманистон чунин кӯмакро рад кард ва гуфт, худаш бо нерӯи худ бо терроризм мубориза мебарад. Дар Тоҷикистон Русия мустақиман ҳузур дорад ва аз ин рӯ зоҳиран мехоҳад бо ҳама таҳдидҳое, ки амнияти ӯро низ халалдор мекунанд, худаш бо шеваҳои худ мубориза кунад. Воқеан, ҳоло Тоҷикистон ба чунин кӯмакҳо ниёз дорад, чун вазъ дар он сӯи марз печида аст.”

Ба назари коршиносони дигар, ин шеваи кор аз як тараф нуфузи Русияро дар минтақа бештар мекунад ва аз тарафи дигар вобастагии Тоҷикистон ва кишварҳои дигарро ба кумакҳои низомии Русия афзоиш медиҳад.

Дар давоми ду соли ахир гурӯҳҳои тундрав дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон фаъол шуда, назорати чанд вулусволии вилояти Бадахшонро низ аз дасти ҳукумати Афғонистон гирифтаанд. Дар фосилаи наздик аз марзҳои Тоҷикистон қарор доштани ҷангиёни гурӯҳҳои мухталиф, бо шумули “Давлати исломӣ” ва Толибон Душанберо ҳамеша дар ҳоли ташвиш қарор медиҳад.

Баъзе аз мақомоти Тоҷикистон таҷаммӯъи ҷангиёни мухталиф дар он сӯи марзро амали танзимшуда ва бахше аз бозиҳои геополитикӣ ном мебаранд, вале аз давлатҳои манфиатдор ном намегиранд. Мақомоти давлати ҳамсоя низ дар робита ба ин гурӯҳҳои мусаллаҳ дар марз ахбори зиддунақиз пахш мекунанд, ки тасдиқи онҳо аз манобеъи дигар имконпазир нест. Бархе ҳам пахши ингуна хабарҳоро ҳисоббарорбаркуниҳои гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ дар худи Афғонистон мешуморанд.

Шодихони Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар як мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо такя ба маълумоти ҳамтоҳои афғони худ мегӯяд, ки дар он сӯи марз гурӯҳи Толибон ва гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” фаъолиятҳои ҷиддӣ ба роҳ мондаанд. Раиси вилоят “Давлати исломӣ”- ро хатари ҷиддӣ ба амнияти Тоҷикистон хонда гуфтааст, фаъолшавии толибон дар марз ба Тоҷикистон таҳдид намекунад.

”Толибон як мақсади муайян доранд: гирифтани ҳукумат дар дохили худи Афғонистон, на аз он бештар. Онҳо мақсади ташкили хилофат надоранд. Барои онҳо ин чиз лозим ҳам нест. Барои онҳо маводи мухаддир фурӯхтан ва маблағи ҳангуфт ба даст овардан басанда аст. Аммо ончӣ “Давлати исломӣ” мехоҳад, дигар аст. Рақобат миёни толибон ва “Давлати исломӣ”ба фоидаи мост,”- гуфтааст раиси вилояти Бадахшон Шодихони Ҷамшед.

Ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар шимоли Афғонистон

Ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар шимоли Афғонистон

Бар пояи маълумоти истихборотии бархе аз кишварҳо, Русия низ ба тарҳи сар ба сар задани Толбион бо “Давлати исломӣ” ҳавасманд аст ва бино бар маълумоти истихборотии Иёлоти Муттаҳида, Русия ҳатто Толибонро бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ таъмин кардааст.

Тоҷикистон наздики 1400 километр бо Афғонистон хатти марз дорад, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ минтақаи душвортарини марзи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя аст. Ҳарчанд, дар давоми ду соли ахир гурӯҳҳои “Давлати исломӣ” ва Толибон дар наздики марзи Тоҷикистон вориди ҷангҳо шудаанд, аммо то ҳол марзшикании ин гурӯҳҳо ба хоки Тоҷикистон сабт нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъ пешгӯинашаванда аст ва талоши рахна кардани марз аз тарафи ин гурӯҳҳо ҳам чандон аз эҳтимол дур нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG