Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҷавони тоҷик, ки 3 сол боз бо марг дастбагиребон буд, бо шарофати ҷонфидоии падар, ки як гурдаяшро ба ӯ дод, имрӯз рӯ ба шифо овардааст.

Мирзохӯҷа Тӯраев, падари Мақсудҷон Тӯраеви 22-сола, ки се сол боз талош дошт писарашро аз марг наҷот диҳад, аз анҷоми бомуваффақи ҷарроҳӣ ва пайванди гурдаи фарзандаш хабар дод.

Падари Мақсудҷон панҷшанбеи 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, донори писараш худи ӯст ва ба хотири саломатии фарзандаш гурдаи худро барояш дареғ надоштааст. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки ҷарроҳӣ рӯзи 11-уми март дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе муваффақ анҷом шудаву ҳоло сиҳатии ӯ ва писараш хуб аст.

3 сол пеш номаи падари Мақсудҷон дар паи дарёфти донор, ки дар “Блогистон»-и Озодӣ нашр шуд, ҳазорон нафар аз афроди саховатпешаро бетараф нагузошт ва онҳо ба Максудҷон кӯмак карданд, ки то фароҳам шудани шароити табдили гурдааш бо ёрии «диалез» зинда монад.

Ҳамакнун волидону наздиконаш барои ин аз Радиои Озодӣ ва онҳое, ки кумак карданд, изҳори сипос карданд.

Мирзохӯҷа Тӯраев бо писараш Мақсудҷон

Мирзохӯҷа Тӯраев бо писараш Мақсудҷон

Се сол қабл Мирзохӯҷа Тӯраев дар номае ба Радиои Озодӣ аз ҷумла чунин навишта буд: «Бовар дорам, он рӯз дур нест, ки дар заминаи анҷоми ҷарроҳӣ ва пайванди гурда саломатии фарзанди ман хуб мешавад ва ӯ худаш ба якояки Шумо ташаккур мегӯяд.»

Мирзохӯҷа Тӯраев, ки як гурдаи худро ба писараш Мақсудҷон додааст, аз он меболад, ки бо кумаки афроди хайрхоҳ тавонист, саломатии писарашро дубора барқарор кунад.

Аммо табибоне ки Мақсудҷонро ҷарроҳӣ кардаанд, мегӯянд, дар ҳоли ҳозир, барои сӯҳбат дар ин мавзӯъ ҳозир нестанд ва мехоҳанд то пурра шифо ёфтани ин ҷавон сабр кунанд.

Зимнан, соли 2013 дар Тоҷикистон барои аввалин бор амалиёти пайвандсозии гурда дар се кӯдаки 13 ва 15-сола анҷом шуда буд. Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар соли 2013 дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 70 амалиёти пайвандсозии гурда сурат гирифта, аксари ин ҷарроҳиҳо муваффақ анҷом шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG