Пайвандҳои дастрасӣ

Бар пояи тағиру иловаҳои ахир ба қонуни Тоҷикистон дар бораи афроди мубтало ба вируси норасоии масъунияти бадан ё СПИД дигар ба хориҷиҳое, ки вориди Тоҷикистон мешаванд, аз ташхиси ВИЧ гузаштан ҳатмӣ нест.

Ҳамчунин бояд барои кӯдаконе, ки аз занҳои олуда ба СПИД ба дунё меоянд, то 18-моҳагӣ кӯмакпулӣ муайян шавад. Тарҳи қонуни нав, ки 14 март аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, аз сӯи як гурӯҳи корӣ бо шумули намояндагони созмонҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ тайи як соли ахир таҳия шуда, ҳадафаш кам кардани табъиз нисбати афроди олуда ба ВИЧ ва лағви ҳама гуна монеаву маҳдудиятҳо барои ин гурӯҳи одамон аст.

UNAIDS, Барномаи мубориза бо бемории СПИД-и СММ, марказаш дар Женеваи Швейтсария дар як изҳорот аз 28 март аз бекор шудани маҳдудиятҳо дар роҳи вуруд ва кору иқомати маризони гирифтор ба ВИЧ, вируси ангезандаи бемории қаттоли СПИД, истиқбол кард. Ба ҳисоби UNAIDS, баъди лағви ин маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон дар ҷаҳон танҳо 40 кишвар боқӣ мемонанд, ки алайҳи афроди гиирфтор ба ВИЧ ва СПИД аз шаклҳои мухталифи мониасозиву маҳдудиятҳо кор мегиранд.

Дар изҳороти UNAIDS гуфта мешавад, маҳдуд кардани ҳаракати афрод ба далели вуҷуди вируси ВИЧ дар бадани онҳо як амали табъизомез ва поймол кардани ҳуқуқи башар буда, аз нигоҳи иқтисодӣ ҳам тавҷеҳе надорад. Ва ин ҳам дар ҳоле ки ба бовари ин барномаи СММ, ягон далеле нест, ки бигӯяд, чунин маҳдудиятҳо метавонанд пеши роҳи густариши ВИЧ-ро бигиранд ва саломатии мардумро ҳимоят кунанд.

Ба гуфтаи муттахассисон, то соли 2008 қонунгузории Тоҷикистон ба афроде, ки дар хунашон вируси ВИЧ ёфт мешуд, иҷозаи вуруд ба кишварро намедод, аммо 6 сол қабл, дар пайи як тағирот дар қонун ин банд аз байн бурда шуд, вале барои хориҷиҳо гузаштан аз ташхиси ВИЧ як амри ҳатмӣ боқӣ монда буд.

Азиза Пирова, мудири кафедраи эпидемиологии донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки дар таҳияи лоиҳаи нави қонун оид ба беморони ВИЧ ва СПИД ширкат доштааст, мегӯяд: «Мо мегӯем, ки мо давлати демокративу дунявием, вале агар ин тағирот ворид намешуд, мо ҳуқуқи онҳоро поймол мекардем. Аксар кишварҳо ҳам гуфтанд, ин табъизу хушунат аст ва қарор шуд, ки он аз байн бурда шавад. Аз сӯи дигар, вақте ҳуқуқи беморон ҳимоя намешавад, боварии онҳо ҳам ба мо камтар мешаваду ин барои ҷилавгирӣ аз афзоиши ин беморӣ мушкилу монеаҳо эҷод мекунад. Мо бояд боварии онҳоро ба худ бештар кунем.»
Нуқтаи муҳими дигар дар тағироти ахир, ба гуфтаи намояндаҳои созмонҳое, ки бо мубталоёни ВИЧ ва СПИД кор мебаранд, ин пешбинӣ шудани кӯмакпӯлӣ барои навзодону кӯдаконеаст, ки худ ва ё волидонашон ба вируси норасоии масъунияти бадан гирифторанд. Ба гуфтаи як корманди маркази ҷилавгирӣ аз сирояти СПИД, дар як сол қариб то 100 зани бемор тифл ба дунё меоварад ва муайян кардани маризӣ дар ҷисми навзод то чанд моҳ мушкил аст. Ба ин хотир пешниҳод кардаанд, ки ҳукумат барои ин атфол ширпулӣ муайян кунад, то онҳо тавонанд то 18 моҳагӣ барои ҷилавгирӣ аз сироятёбӣ аз шири модар парҳез кунанд.

Як намояндаи маркази ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз сирояти ВИЧ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Дар як сол то 70- 80 кӯдак аз модарони олуда ба ВИЧ таваллуд мешавад ва маълум нест, ки ин кӯдакон олуда ҳастанд ё не. Бино бар ин пешниҳод шуд, ки барои аз шири сунъӣ истифода кардани онҳо давлат ба ин модарон кӯмак кунад. Вазорати молия ҳам аз ин пешниҳод огоҳ буд ва то ҷое медонам, ҳисобу китоб ҳам кардаанд, ки барои як кӯдак бояд чӣ қадар маблағ ҷудо шавад.»

Аммо Пӯлод Ҷалолов, раиси созмони мустақили «СПИД плюс» мегӯяд, қонун бисёр кӯмакҳо барои ин гурӯҳи одамонро пешбинӣ кардааст, махсусан дар самти дастрасии онҳо ба хадамоти тиббӣ. Аз ҷумла барои кӯдакони то 18-солаи гирифтор ба ВИЧ нафақа муайян шудааст. Аммо аз нигоҳи ӯ, роҳҳои расидани ин кӯмакҳо ба афроди бемор дуруст мушаххас нашудааст: «Механизме нест, ки бемор чӣ хел метавонад ҳамин кӯмакро ба даст орад. Чун дар будҷа маблағ барои дарёфти доруи антиретровирусӣ пешбинӣ шудааст, ки аз ҳисоби Фонди глобалӣ харида мешавад, аммо барои табобат нест. Барои ин бояд ягон фармон ё қароре тасвиб шавад, ки беморон тавонанд ба осонӣ табобату давои зарурии худро бигиранд.»
ВИЧ, вируси ангезандаи СПИД ном бемории қаттолест, ки ба иллати коҳиш ёфтани масунияти бадан пайдо шуда, дар ниҳоят ба марзи нафари гирифтор меорад. Ин вирус аз тариқи хун, луоби даҳон ва ҳам тавассути алоқаи ҷинсӣ сироят мешавад. СПИД ва ВИЧ дар солҳои 80 кашф шуда, бино ба омори СММ, дар ҳоли ҳозир, дар дунё зери 40 миллион нафар аз камбуди масунияти бадан ранҷ мекашанд ва солона ВИЧ ва СПИД ҷони то 2 миллион нафарро мегирад.

Ҳоло дар Тоҷикистон 5 ҳазору 550 нафар мубталоёни ин ин беморӣ расман сабт шудаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, инҳо нафароне ҳастанд, ки расман аз ташхис гузашта сабти ном шудаанд, теъдоди воқеъии сироятёфтаҳо метавонад ба маротиб бештар аз омори расмӣ бошад. Гуфта мешавад, аксари сироятёфтагон ҷавононанд. Гузоришҳо ҳокиянд, ки 90 дарсади гирифторони ВИЧ пайваста шаклҳои гуногуни таҳқиру табъизро эҳсос мекардаанд, аз ҷумла, аксаран ҳангоми муошират, дарёфти кор ваё гирифтани кӯмаки тиббӣ.

Мақомоти Тоҷикистон низ эҳтиёт дар муносибат бо чунин гирифторонро “маслиҳат” медиҳанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон, барои мисол, як сол пеш ба сартарошхонаҳо тавсия дода буд, то ба хотири пешгирӣ аз густариши ВИЧ аз арзаи хидматҳое, чун тарошидани риши муштариён, даст бикашанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG