Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати адлия: "Шиканҷа шояд ҳаст, вале расман сабт нашудааст"


Мақомоти вазорати адлия мегӯянд, дар як соли ахир дар муассисаҳои ислоҳии ин кишвар, яъне дар зиндонҳояш ягон мавриди шиканҷа сабт нашудааст.

Ҳаким Мирсайев, муовини вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 30 январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки "дар як соли ахир ҳеҷ мавриди вуҷуди шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ба қайд гирфта нашудааст." Аммо ҷаноби Мирсайев гуфт, ки "инкор намекунем, ки вобаста ба ҳолати фаъолият дар муассисаҳои ислоҳӣ шиканҷа набошад, аммо дар соли 2013 мавориде дар ин замина мушоҳида нашудааст."

Муовини вазир дар иртибот ба қазияи Ҳамза Икромзода гуфт, ки додгоҳ нисбат ба ин қазия қарорашро баровард, вале ин ҳодисаи солҳои пеш буд, на соли 2013.

Ҳамза Икромзода

Ҳамза Икромзода

Ҳамза Икромзода, ки дар зиндони рақами яки шаҳри Душанбе бо ҷурми ҳамла ба манзили як рӯҳонӣ дар ноҳияи Ҳисор адои ҳукм мекард, моҳи сентябри соли 2012 даргузашт. Мақомот ибтидо иллати марги ӯро сактаби қалб гуфтанд, вале наздиконаш аломатҳои шиканҷа дар бадани ӯро расонаӣ карда, мақомотро маҷубур ба кушодани парванда алайҳи зиндонҳо карданд.

Як маъмури собиқи ин зиндон Маҳмуд Исмоилов даро моҳи июни соли 2013 бо ҷурми даст доштан дар марги Икромзода ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд. Вале додгоҳҳо даъвои волидони Ҳамза барои рӯёндани 10 миллион доллар ҷуброн аз идораи зиндонҳоро напазируфтанд.

Ба таъкиди ҷаноби Мирсайев, ҳукумати Тоҷикистон ва идораву кумитаҳои дахлдор дар заминаи рафъи шиканҷа иқдомотеро рӯи даст гирфта ва ба натиҷаҳое ҳам расидааст.

Ин дар ҳолест, ки тайи соли гузашта низ аз зиндонҳои Тоҷикистон шикоятҳои зиёде дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ мерасид. Созмонҳои ҳуқуқи башар аз ҷумла аз қазияи Умедҷон Тоҷиев нигаронӣ мекарданд. Ин узви фаъоли ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 30 октябр дар ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ибтидо бо иттиҳоми сарпечӣ аз иҷрои амри милиса боздошт шуд. Аммо баъди ду рӯз ӯ ба таври мармуз аз қабати дувуми бинои шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Исфара ба поён афтид. Мақомот гуфтанд, ки ӯ худро ба мақсади фирор ҳаво додааст. Аммо наздиконаш мегуфтанд, ки нисбат ба ӯ бадрафторӣ шудааст. Тоҷиев рӯзи 19 январ дар бемористони маҳбаси Хуҷанд даргузашт. Мақомот гуфтанд, ки иллати марги ӯ сактаи қалб буд.



Р. Менглиев: "Шиканҷа вуҷуд дорад"

Аммо Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, ки дертар ба нишасти хабарӣ пайваст, ба хабарнигорон гуфт, факт ё мавридҳои шиканҷа вуҷуд дорад ва ҳар яке аз ин маврид таҳқиқ мешавад. Аммо вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, ки мушаххасан дар бораи ин маврид додситонии кул таҳқиқ мебарад ва онҳо метавонанд иттилоотеро ироа кунанд.

Бобишо Шоев аз бемории қалб даргузаштаааст

Бобишо Шоев дар маҳбас

Бобишо Шоев дар маҳбас

Ҳаким Мирсайев дар иртибот ба даргузашти Бобишо Шоев, номзад дар интихоботи президентии соли 1991 гуфт, ки "Бобишо Шоев дар маҳбас бар асари бемории қалбӣ даргузаштааст, на ин ки касе ӯро кушта бошад."

Бобишоҳ Шоев моҳи декабр бар асари сактаи қалбӣ дар беморхонаи маҳбаси Ваҳдат даргузашт. Додгоҳи шаҳри Душанбе дар моҳи ноябри соли 2011 Бобишоҳ Шоевро бо ҷурми дуздии молу мулки давлат ва ришвахорӣ ба 18 соли зиндон маҳкум карда буд. Бобишоҳ Шоев то замони боздошташ дар моҳи декабри соли 2010 дар мақоми раиси корхонаи манзилию коммуналии назди ширкати «Нафту газ ва ангишт» кор мекард. Ба гуфтаи додгоҳ, Бобишоҳ Шоев дар тӯли солҳои 2005 - 2010 беш аз 1 миллион сомонӣ маблағи мардумро аз худ карда,аз хазинаи корхонаи "Нафтугаз ва ангишт" беш аз 417 ҳазор сомониро "барои эҳтиёҷоташ” истифода намудааст.

Бобишоҳ Шоев, аз ҷумлаи 11 номзадест, ки дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 ширкат карда буд. Ҳарчанд дар ин интихобот Бобишоҳ Шоев аз ҷумлаи рақибони ношинохта буд, вале барномаи ғайриоддияш дар зеҳни сокинони кишвар то ҳанӯз боқӣ мондааст. Масалан, ӯ ваъда дода буд, ки дар сурати президент интихоб шуданаш, аз Душанбе то ба Кӯлоб хатти ҳаракати троллейбусҳо хоҳад кашид ва Тоҷикистонро бо "нахӯд"-у "наск" таъмин хоҳад кард.

Фаъолияти марказҳои "Муҳорибаи тан ба тан" қонунист

Ҳаким Мирсайев. муовини вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, фаъолияти марказҳои "Муҳорибаи тан ба тан" (рукопашные бои) дар шаҳри Душанбе қонунӣ мебошанд. Вай гуфт, фаъолияти ин марказҳо санҷида шуданд ва 7 санад ҳам тартиб дода шуд, ки иддае аз ин марказҳо фаъолияташронро дар чорчӯби қонунгузории Тоҷикистон ба роҳ монанд. Аммо ҷаноби Мирсайев таъкид кард, ки фаъолияти онҳо муғойир ба қонунгузорӣ нест.

Баҳси марзӣ ҳал хоҳад шуд

Рустам Минглиев дар бораи баҳси ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, ки "ин гуна мушкилот, ки аз замони Шӯравии пешин мондааст ва дар дигар кишварҳо низ вуҷуд дорад."

Ба гуфтаи ҷаноби Менглиев имруз ҳайати Тоҷикистон дар раъси Муродалӣ Алимардон ба Бишкек сафар кард ва умед аст, ки масъалаҳо ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.

Ақди никоҳ бо хориҷиён ва СМС талоқ

Вазири адлия дар мавриди ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ гуфт, дар як соли гузашта "137 мавриди ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ сабт шудааст." Ба гуфтаи вай, "ақди никоҳ бо шаҳрвандони Узбакистон, Русия, Афғонистон ва дигар кишварҳо сурат гирфтааст."

Вазири адлияи Тоҷикистон дар иртибот ба СМС-талоқҳо гуфт, ки "вазорати адлия танҳо ақди никоҳи расмиро эътироф мекунад. СМС-талоқ дар доираи фаъолияти ин вазорат нест ва ҳатто шумораи онҳоро таҳқиқ намекунад."
XS
SM
MD
LG