Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки ширкати эронии "Собир" бояд то охири моҳи декабри соли ҷорӣ ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор доллар корҳои боқимонда дар нақби "Истиқлол"-ро анҷом бидиҳад.

Як гуруҳ аз кормандони тоҷики ширкати эронии "Собир" аз дарёфт накардани маоши ҳафтмоҳаашон шикоят доранд. Ин коргарон мегӯянд, ширкати "Собир" аз моҳи июл то декабри соли гузашта онҳоро дар бозсозии нақби "Истиқлол” дар гарданаи Анзоб кор фармуда, аммо то ҳол маошашонро надодааст. Маоши ҳар кадоме аз ин коргарон дар як моҳ ба 3 ҳазор сомонӣ баробар будааст.

Яке аз ин коргарон рӯзи 16 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "тайи ним соле, ки гузашт, ба арзи мо на ширкати "Собир" расиду на - идораҳои дигари масъул." Ҷамшед Саломов, сардори як гуруҳи коргарон, гуфт, мисли ӯ тақрибан 60 нафари дигар ҳастанд, ки маоши кори ҳафтмоҳаашонро нагирифтаанд.

Ҷамшед Саломов

Ҷамшед Саломов

"Ширкати “Собир” тақрибан ҳар ҳафта ваъда медиҳад, аммо вафо намекунад. Сардори як гуруҳи коргарон будам, ки аз 20 нафар иборатанд ва ба хотири дарёфти маош дар пойтахт оворагӣ мекашанд," - гуфт ӯ.

Бобораҷаб Саломов, як нафари дигар аз ноҳияи Панҷакент, мегӯяд, аз моҳи август то моҳи декабри соли 2015 бо имзои қарордод бо ширкати “Собир” дар туннел кор карда, то ҳол музди меҳнаташро нагирифтааст. Вай мегӯяд, аз ноҳияи онҳо 10 нафар ҳамроҳаш дар ин ширкат кор кардаанд ва онҳо низ дастмуздашонро нагирифтаанд.

Абдуманнон Холиқов, намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки феълан ширкати “Собир” ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор доллар корҳои боқимонда дар туннелро анҷом надодааст, ки бояд то поёни моҳи декабри соли ҷорӣ ба анҷом бирасонад. “Ва мо аз ин маблағ музди боқимондаи коргаронашро пардохт хоҳем кард. Дар ин замина машваратҳо идома дорад. Аммо ин афрод 60 нафар не, балки 30 нафар ҳастанд,” - афзуд Холиқов.

Ширкати “Собир” низ мегӯяд, ки масъалаи маоши кормандони маҳаллиро бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон баррасӣ дорад ва дар рӯзҳои наздик музди онҳоро пардохт хоҳад кард. Ҳамид Санеӣ, муовини раиси ширкати “Собир”, рӯзи 16 май ба Озодӣ гуфт, ин мавзуъ дар муддати кӯтоҳ ҳалли мусбати худро хоҳад ёфт. Санеӣ афзуд, “тақрибан 30 дарсади масъалаи пудратчиҳо боқӣ мондааст ва пас аз пайдо намудани роҳи ҳал дар ду-се рӯзи оянда маблағашонро хоҳанд гирифт.”

Нақби "Истиқлол" дар 75-километрии ҷодаи Душанбе ба самти Хуҷанд қарор дорад ва минтақаи шимоли кишварро ба ҷануб мепайвандад. Тарҳи сохтмони ин нақбро ҳанӯз охири солҳои Шӯравӣ муҳандисони рус оғоз карда, вале ба сабаби сардии ҳаво ва ҷорӣ шудани об корро қатъ намудаанд.

Ширкати “Собир”-и Эрон аз аввалҳои соли 2003 корро дар нақби “Истиқлол” сар карда, 23 марти соли 2006, баъд аз сӯрох кардани кӯҳ ва нотамом мондани кор дар нақб, онро ба истифода супурд. Бо гузашти як даҳсола ин тарҳи нотамом дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки ба унвони як тарҳи номуваффақи эронӣ шинохта мешуд, бозсозӣ гардид. Лоиҳаи азнавсозии нақби “Истиқлол” 9 миллиону 338 ҳазор долларро дар бар мегирифт, ки аз ҷониби Тоҷикистону Эрон пардохт гардидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG