Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ронандаҳо дар Қазоқистон натиҷа додааст


Эътирози ронандагон дар парки бузургтарини автобусҳои Қарағандаи Қазоқистон натиҷа дод. Дар ин парк комиссияи машваратӣ таъсис шудааст. Мақомоти маҳаллӣ ронандагонро розӣ кардаанд, ки ба кори худ идома диҳанд. Дар ҳамин ҳол ронанда ва пулчинҳои 20 автобус гуфтаанд, аз эътирозашон даст намебардоранд. “Роҳбарияти вилояту шаҳри Қарағанда барои ҳалли нофаҳмие, ки миёни ронандагон ва роҳбарияти парки автобусҳо сар зада буд, чорандешӣ карданд. Ҳоло вазъ муътадил аст”, - хабар медиҳад маркази матбуотии ҳокими вилояти Қарағанда. Баҳс миёни ронандагон ва роҳбарияти парк 22 сентябр сар зад. Роҳбарияти парк нақшаи ҷамъоварии маблағро барои ронандагон боло бурдааст. Ронандагон бо нишони эътироз нахостаанд, ки ба хати сайр бароянд.

XS
SM
MD
LG