Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 санги бузург дар роҳи тиҷорат дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) дар гузориши солонааш Тоҷикистонро аз нигоҳи сатҳи рақобатпазирӣ дар байни 140 кишвар дар мақоми 80-ум гузоштааст.

Тоҷикистон дар гузориши солонаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) дар байни 140 кишвар дар мақоми 80-ум, дуруст байни Гватемалаву Украина ва Юнону Арманистон ҷой гирифтааст. Як сол пеш Тоҷикистон дар раддабандии ин созмон дар зинаи 91-ум қарор дошт.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ гузориши наваш бо номи “Global Competitiveness Report 2015-2016” (“Гузориши рақобатпазирии ҷаҳонӣ барои солҳои 2015-2016”)-ро рӯзи 20 январ, дар рӯзи оғози кори ҳамоиши солонааш дар Давоси Швейтсария нашр кард.

Муаллифон баҳои умумӣ ба сатҳи рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистонро имсол 0,1 нуқта боло бурда, дар маҷмӯъ ба ин кишвар тибқи ҷадвали 7-баллӣ баҳои 4 додаанд.

Дар гузориш тавозуни буҷаи давлатии Тоҷикистон, ки дар байни 140 кишвар дар мақоми 22-юм меояд, рафтори ахлоқии ширкатҳо (зинаи 41), дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ (22), таҷрибаи истихдом ба кору барканорӣ аз ҷои кор (38), нархи маҳсулоти кишоварзӣ (34) ва теъдоди проседураҳои лозим барои оғози тиҷорат (мақоми 34-ум) аз нуқтаҳои қавии иқтисоди Тоҷикистон ба қалам дода шудааст. 11 зина боло рафтани Тоҷикистон дар арзёбии умумии гузориши солонаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ низ асосан аз ҳисоби ҳамин нишондиҳандаҳои мусбати иқтисодиаш ба даст омадааст.

Аммо дар айни замон, дар гузориш нуқтаҳои заъфи Тоҷикистон дар арсаи таъмини рақобатпазириро низ баршумурдаанд. Аз ҷумла Тоҷикистонро аз лиҳози шумори рӯзҳое, ки як соҳибкор то оғози амалии тиҷораташ сарф мекунад, дар байни 140 кишвар дар зинаи 126-ум гузоштаанд. Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз нигоҳи ҳаҷми пасандозҳо дар зинаи 131, аз нигоҳи таъсири қонгузории тиҷории кишвар ба сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар мақоми 114, дар мавриди ҳаққи моликияти хориҷиён дар зинаи 121-ум меояд. Тоҷикистон, ҳамин тавр, аз лиҳози мониаҳои марбут ба тарифҳояш дар мақоми 112 ва сатҳи ҳимояти саҳомдорони хурд дар зинаи 100-ум ҷой гирифтааст.

Тоҷикистон аз нигоҳи сифати умумии зербинои иқтисодиаш дар мақоми 85, аз нигоҳи сифати роҳҳо дар зинаи 82, вале аз лиҳози дастрасӣ ба бандарҳои обӣ дар мақоми 133 ва дар мавриди таъмини ширкатҳову корхонаҳояш бо нирӯи барқ дар зинаи 106-ум гузошта шудааст.

Муаллифон ҳамин тавр, бо такя ба беш аз 2 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон, ки ба чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар баробар шудааст, ин кишварро аз нигоҳи эътибори қарзиаш дар миёни 140 кишвари мавриди таҳқиқ дар мақоми 123-юм ҷой додаанд.

Ба сурати умум, дар ин гузориш 16 мониаи умдаи истода дар роҳи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон ном бурда шудаанд. Аз ҷумла дастрасӣ ба манобеи пулӣ, печидагиҳои қонунҳои андоз, фоизи андозҳо ва фасод аз омилҳои аоссие хонда шудаанд, ки монеи фаъолияти озоди тоҷирон дар Тоҷикистон мешаванд.

Имсол, дар пайи беш аз 40 дарсад беқурб шудани қурби сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон – ва эҷоди як силсила мониаҳо дар бозори асъор, аз ҷумла манъи фаъолияти саррофиҳои хусусӣ, дар гузориши Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ қоидаҳои ҷоришуда дар бозори асъори Тоҷикистон ва сатҳи таваррум дар ин кишварро низ ба ҷумлаи омилҳое, ки дар роҳи пешбурди тиҷорат дар ин ҷо мушкил эҷод мекунанд, афзудаанд.

Муаллифон маҳдудиятҳои қонуни кор, идораи номуассири ҳукумат, бадрафторӣ нисбат ба коргар, бархӯрди нобаробар нисбат ба кормандони соҳибмаълумот ва бесуботии сиёсиро низ аз мониаҳои истода дар роҳи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон донистаанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ баландтарин мақомро дар гузориши имсолаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Эстония (30-юм) ва аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон(44-ум) ба даст овардаанд. Русия дар ин гузориш аз нигоҳи рақобатпазириаш дар мақоми 45 ва Қирғизистон дар зинаи 102 омадаанд. Ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ – Туркманистон ва Узбакистон – дар ин гузориш арзёбӣ нашудаанд.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Швейтсария, Сингапур, Ийолоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Ҳолланд ва Ҷопону Ҳонгконгро беҳтарин маконҳои бунё барои пешбурди тиҷорат хондаанд. Бадтарин маконҳои дунё барои тиҷорат, ба ақидаи муаллифони ин гузориш, (аз поён ба боло) кишварҳои африқоии Гвинея, Чад, Мавритания, Серра-Леоне ва Бурунди будаанд.

XS
SM
MD
LG