Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯз ба рӯз: Муруре ба рӯйдодҳои муҳими соли 2013. Ҷилди 3. Сентябр -декабр (16 ВИДЕО)


Соли 2013 бо як силсила таҳаввулоти муҳимаш моли таърих мешавад. Дар поёни сол муҳимтарин рӯйдодҳои солро рӯзбарӯз бароятон ёдовар мешавем. Дар қисми сеюм ва ниҳоии солнома рӯйдодҳои муҳими моҳҳои сентябр -декабрро пайгирӣ кардаем.

Сентябр - пешбарии номзадҳо ва ордени Бозор Собир

1 сентябр. Нуриддин Темиров, раиси кони ангишти Назарайлоқ, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, аз сӯи афроди ношинос кушта шуд.

1 сентябр. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои узбакаш Ислом Каримовро ба муносибати иди истиқлоли Узбакистон табрик кард ва омодагии Душанбе баро “гуфтугӯи сиёсии эътимодбахш” бо Тошкандро изҳор дошт.

Бобоҷон Бобохонов

Бобоҷон Бобохонов

2 сентябр. Идораи зиндонҳо эълон кард, ки Файзулло Бобохонов, писари собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохоновро аз 29 август ба маҳбаси ислоҳии сукунат гузаронидааст. Додситони собиқи ноҳияи Ҳисор дар соли 2011 бо ҷурми тамаъҷӯӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.

2 сентябр. Додгоҳи олӣ парвандаи Зайд Саидовро махфӣ эълон кард.

3 сентябр. Ду сайёди тоҷик, ки 2 рӯз қабл дар минтақаи марзии Оқ-Чечеки Конибодом аз сӯи марзбонҳои қирғиз боздошт шуданд, раҳо ёфтанд.

4 сентябр. Эмомалӣ Раҳмон ба Бозор Собир ордени "Ситораи Президент" дод. Ин нахустин нишони давлатии шоир дар 21 соли истиқлоли Тоҷикистон буд.

4 сентябр. Эълон шуд, ки фармондеҳи собиқи мухолифин Мирзохӯҷа Аҳмадов мушовири баталиони зудамали вазорати дифоъ таъйин шудааст.

5 сентябр. Аҷсоди ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Афғонистон ҳалок шуда буданд, аз зери хок берун кашида, мавриди ташхиси додгоҳӣ қарор додаанд. Ҷасади Светлана Коверзяковаи 29-сола ва бародараш Борис Коверзякови 21- соларо рӯзи 28 август аз Кобул ба Душанбе оварда буданд.

5 сентябр. Президенти Тоҷикистон дар арафаи солгарди истиқлол ба домодаш Ҷамолиддин Нуралиев ордени «Шараф дараҷаи 2» тақдим кард.

6 сентябр. Ҳизбҳои сиёсӣ таърихи анҷуманҳои пешазинтихоботӣ ва пешбарии номзади худро ба интихоботи 6-уми ноябр эълон карданд.

6 сентябр. 4 фаъоли ҲНИТ дар Кумитаи амният дар бораи ҳамла ба Саодатшоҳ Адолатов дар Бадахшон якуним соат бозпурсӣ шуданд.

7 сентябр. «Равшан»-и Кӯлоб бозии дувуми мусобиқоти имсолааш бо «Истиқлол»-и Душанберо дар варзишгоҳи Турсунзода 1:0 бурд ва амалан унвони қаҳрамониро барои худ тазмин кард.

9 сентябр. Суханронии шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар ҷашни истиқлол дар "Наврӯзгоҳ"-ро дар телевизионҳои давлатӣ «қайчӣ» карданд.

9 сентябр. Муҳофизи собиқи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода Убайдулло Ғаффоров баъди 9 моҳ аз боздошт раҳо ёфт.

9 сентябр. Мақомоти Афғонистон аз ҳалокати 24 ҷангӣ, бо шумули 4 шаҳрванди Тоҷикистон, дар ҷангҳои Вардуч хабар доданд.

10 сентябр. Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) Ойниҳол Бобоназароваро номзад ба интихоботи президентӣ интихоб кард. ҲНИТ баъдан ин номзадиро дар анҷуманаш қонунӣ гардонд.



10 сентябр. Гузориши 100-саҳифаии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар бораи ҳаводиси Хоруғ нашр шуд.

11 сентябр. Мақомот аз боздошти Нигина Тошхоҷаева, сокини ноҳияи Рудакӣ бо иттиҳоми ба «ҷиҳод» дар Афғонистон фиристодани як ҷавон хабар доданд. Тошхоҷаева дар нимаи дувуми моҳи август дастгир шудааст.

Ёқуб Сабзанов

Ёқуб Сабзанов

11 сентябр. Дар Ню-Йорк оҳангсози маъруфи яҳудиёни Бухоро Ёқуб (Яхиэл) Сабзановро ба хок супурданд. Муаллифи «Куртаи атлас» дар синни 84 даргузашт.

12 сентябр. Маъмурони ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо амри идораи амният дафтари ҲНИТ дар маркази вилояти Суғдро тафтиш кардаанд.

12 сентябр. Сарвара Ҷӯраева, сокини 35-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қабл аз парвози Душанбе-Дубай бо иттиҳоми ҷалби духтарони тоҷик ба танфурӯшӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд.

12 сентябр. Додгоҳи олӣ баррасии парвандаи Зайд Саидовро дар боздоштгоҳи Кумитаи амният пушти дарҳои баста шурӯъ кард. Ба иллати махфӣ будани парванда, хабарнигоронро ба мурофиа роҳ надоданд.



13 сентябр. Соати сеи шаб афроди ниқобпӯш вориди манзили Қурбонбӣ Ниёзова, мудири шӯъбаи иқтисодии ҳукумати ноҳияи Восеъ ӯву шавҳараш Ғайрат Муродовро латтукӯб карданд.

13 сентябр. Тоҷикистону Чин ба созишномае имзо карданд, ки бунёди лӯлаи газ аз Туркманистон ба Чин тавассути Тоҷикистонро дар назар дорад. Дар Душанбе мегӯянд, ин санад пинҳонӣ аз Тошканд омода мешуд.

Қозидавлат Қоимдодов

Қозидавлат Қоимдодов

16 сентябр. Дар фурудгоҳи Душанбе Муштарӣ Муборакшоева, келини сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо 2,5 кило маводи мухаддир дастгир шуд. Писари Қоимдодов низ боздошт, вале баъди чанде озод шуд.

16 сентябр. Раҳбари сотсиал-демократҳои Бадахшон Алим Шерзамон баъди як соли нооромиҳои Хоруғ аз Маскав баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе баъди як соати тавқиф раҳо карданд.

18 сентябр. Ҳизби сотсиалист номзадии раисаш Абдуҳалим Ғаффоровро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард.

18 сентябр. Эмомалӣ Раҳмон қарордоди Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи 201-уми артиши Русияро барои тасвиб ба парлумон ироа кард. Ин созишнома ҳанӯз 5 октябри соли 2012 имзо ва аз сӯи Русия алакай тасвиб шуда буд.

20 сентябр. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар ин рӯз Олим Бобоевро номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард.

Манучеҳр Бӯриев

Манучеҳр Бӯриев

20 сентябр. Манучеҳр Бӯриеви 12-сола баъди 2 моҳ аз боздошт дар Узбакистон раҳо ёфт. Аммо бобои ӯ Мардон Бӯриев, падараш Сулаймон Бӯриев ва ҳамдеҳагонаш Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимов дар боздошт боқӣ мондаанд.

21 сентябр. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик субҳи 21-уми сентябр ба Ҳаҷҷ сафар карданд. Имсол аз Тоҷикистон 6300 нафар зиёрати Маккаву Мадина карданд.

21 сентябр. Мақомот аз боздошт гурӯҳи Аламурод Маханов хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо, қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар пойтахти ин кишвар дар остонаи президентро дар сар доштааст.

Ашӯрмамад Миралиев

Ашӯрмамад Миралиев

21 сентябр. Ашӯрмамад Миралиев – як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон дар Флоридаи Амрико боздошт шуд. Ӯро ба ҳамдастӣ бо Иброҳим Тодашеви Чечен, дӯсти бародарон Тсарнаевҳо гумонбар медонанд.

21 сентябр. Ҳизби демократ раҳбараш Саидҷаъфар Исмоновро номзад ба президентӣ пешбарӣ кард, вале аъзои саршиноси ҳизб - Мамлакат Ҷайчиева, Саидраҳмон Назриев ва Раҷаби Мирзо ба нишони эътироз узвияти худро қатъ карданд.

21 сентябр. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба интихоб пешбарӣ кард. Дар рӯзҳои баъд Иттифоқҳои касаба ва ҳизби ҳокими халқии демократӣ низ аз номзадии президенти кунунӣ ҳимоят карданд.

23 сентябр. Додгоҳи ноҳияи Восеъ ба муҳокимаи парвандаи Намозалӣ Соҳибов ва Ҷавшан Пирназаров - ду пизишке, ки гуфта мешуд, моҳе пеш миёни ҳам бо теғи ҷарроҳӣ занозанӣ кардаанд, шурӯъ кард.

23 сентябр. Дар Сочӣ мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони Тоҷикистону Русия доир шуд.

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков

23 сентябр. Ҳизби коммунист Исмоил Талбаковро номзади ҳизб ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард. Аз ҳизби аграрӣ Толиббек Бухориев номзад шуд.

24 сентябр. Маҳмадраҷаб Ҳомидов, раиси собиқи кони "Назарайлоқ"-ро барои бозпурсӣ дар иртибот ба қатли раиси баъдии ин кони ангишт Нуриддин Темиров ба Душанбе оварданд.

25 сентябр. Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бо фармондеҳи собиқи мухолифин Мирзохӯҷа Аҳмадов дар сари заминаш дидор дошт.

26 сентябр. 9 хонум аз ҲНИТ ҳангоми имзоҷамъкунӣ барои пешбарии номзади ин ҳизб ба интихоботи президентӣ дар Душанбе боздошт шуданд.

26 сентябр. Раҳбари «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, ки аз 23 декабри соли 2012 дар Дубай дар боздошт қарор дошт, озод шуд ва Дубайро тарк кард.

29 сентябр. Хуршед Рабиев - шавҳари Сурайёи Қосим ва падари Фарзонаи Хуршед ҳангоми таҳияи сафари президент дар Ховалинг дар синни 49 даргузашт.

29 сентябр. Раҳбари созмони хайрияи "Дасти ёрӣ" Комил Арешов ва ду корманди ин созмон дар Душанбе бо ҷурми "авбошӣ" панҷрӯзӣ маҳкум ба ҳабс шуданд. Онҳо ба он айбдор шуданд, ки дар вақти гузаштани кортежи президент мошини худро дар як кӯчаи марказӣ манъ кардаанд.

Октябр: Тасвиби қарордоди пойгоҳии 201 ва аз майдони рафтани Бобоназарова

1 октябр. Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қарордоди пойгоҳи 201-уми артиши Русияро тасвиб кард.


1 октябр. Кумитаи амният хабар дод, ки ҳанӯз дар моҳи август дар Душанбе 4 африқоитаборро бо гумони нашри пулҳои қалбакӣ боздошт кардааст.

1 октябр. Мақомот дар Қӯрғонтеппа баъди ду голи ба дарвозаи «Вахш» задаи бозигари «Регар-ТадАЗ» Аҳтам Ҳамроқулов интиқоли барқу об ба манзили падари ӯро бо баҳонаи қарздорӣ қатъ карданд. Ин қазия баъди 4 рӯз, танҳо баъди дахолати раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳал шуд.

2 октябр. Ҳайъати нозирони САҲА бо як нишасти хабарӣ расман ба назорати корзори интихоботи президентии Тоҷикистон оғоз кард.

3 октябр. Бонки Ҷаҳонӣ натиҷаҳои арзёбии навбатии худро роҷеъ ба сохтмони обанбори нирӯгоҳи Роғун дар ду гузориш ба нашр расонд.

3 октябр. Маҷлиси Намояндагонсозишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро тасвиб кард.

4 октябр. Пулис раҳбари созмони «Дасти ёрӣ» Комил Арешовро як рӯз қабл аз хатми ҳабси панҷрӯзааш раҳо кард.

Се тан аз қаиқронҳои амрикоӣ

Се тан аз қаиқронҳои амрикоӣ

4 октябр. Сафорати Амрико хабар дод, ки 5 қаиқрони амрикоии дар кӯҳҳои Бадахшон гумшударо рӯзи 3 октябр пайдо карда, ба макони амн интиқол додаанд.

5 октябр. Дастаи футболи лигаи олӣ – «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ниҳоӣ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.

6 октябр. Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар давлати Русияро ба пардохтани 30 000 евро товон ба соҳибкори тоҷик Низомхон Ҷӯраев ва 12 000 евро хароҷоти додгоҳӣ ва пули вакилони ӯ – Анна Ставитская ва Елена Рябинина - муваззаф кард. Ҷӯраев аз соли 2010 дар Русия дар боздошт қарор дошт, вале баъди раҳоияш дар баҳори соли 2012 ба таври мармуз дар Душанбе пайдо шуд ва то кунун дар як ҳоли «нимабоздошт» ба сар мебарад.

6 октябр. Оиша Мирзоева, хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев ба Озодӣ шикоят кард, ки дар як сол ҳамагӣ ҳаққи ду мулоқот бо бародарашро дорад, вале мақомот ба ин дидор иҷозат намедиҳанд. Оиша Мирзоева фақат рӯзи 10 октябр ба дидори Ғаффор Мирзоев расид.


7 октябр. Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия дар Душанбе бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

7 октябр. КМИРТ замони сабти номзадҳо ба интихоботи президентиро то шоми 10 октябр тамдид кард.

9 октябр. КМИРТ номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Толиббек Бухориев аз ҳизби аграрӣ ва Олим Бобоевро аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ барои ширкат дар интихоботи президентии 6 ноябр сабти ном кард.

9 октябр. Шаби 8 ба 9 октябр ғоратгарон ба хонаи Дӯстмурод Ҳакимов, мулаққаб ба Дости бурут, як соҳибкори маъруф дар ноҳияи Файзобод ҳамла карданд. Маълум шуд, ки як ҳамлагар хеши соҳибхона будааст.

9 октябр. Дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Женева бо ширкати як ҳайати давлатии Тоҷикистон мавзӯъи маҳви хушунат зидди занон дар ин кишвар баррасӣ шуд.

10 октябр. КМИРТ номзадии Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалист ва Саъидфаъфар Исмонов аз ҳизби демократро сабти ном кард.

10 октябр. Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони Душанбе таҳти раёсати шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев убури рамаву пода аз ҷодаҳои пойтахт ва парвариши чорвои хурду калон дар Душанберо манъ кард.

10 октябр. Дар як садама бо ширкати мошини БМВ, рақамаш ВМ 20-20 РТ 01, марбут ба писари 16-солаи раиси ширкати роҳи оҳансару садои Расули Амонуллоҳ 3 нафар ҳалок ва 3 тани дигар бистарӣ шуданд. Расули Амонуллоҳ ҳамон субҳ ба Олмон парвоз кардааст.

10 октябр. Қатори Душанбе-Конибодом дар қитъаи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Узбакистон аз роҳ берун шуд. 33 мусофир, аксар сарбозони навдаъват захмӣ шуданд.

11 октябр. Мадрасаи исломии духтарона ва писаронаи шаҳри Қӯрғонтеппа – охирин мадраса дар вилояти Хатлон мувақатан баста шуд.

11 октябр. Ситоди Ойниҳол Бобоназарова гуфт, танҳо 204 000 имзо ҷамъ овардааст ва аз сабқати интихоботи президентӣ хориҷ мешавад.

14 октябр. Додситонии шаҳри Кӯлоб алайҳи Мушкинисо Одинаева, зане, ки ба гуфтаи пайвандонаш, шаби 8-уми октябр рабуда шуд, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

15 октябр. Раҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов баъди намози иди Қурбон дар Чоркӯҳи Исфара ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум шуд. Ҳукми ӯро як рӯз баъд бо 400 сомонӣ ҷарима иваз карданд.

16 октябр. КМИРТ ҷадвали мулоқотҳои номзадҳоро нашр кард. Ситоди Эмомалӣ Раҳмон гуфт, президентро дар ин мулоқотҳо ба далели масруфият шахсони боэътимодаш намояндагӣ мекунанд.

16 октябр. РусАл эълон кард, ки додгоҳи Швейтсария ТАЛКО-ро ба пардохти 275 миллион доллар ба шарики собиқаш – ширкати “Hamer” муваззаф кардааст. ТАЛКО гуфт, ин ҳукми ниҳоӣ нест ва онро ба чолиш хоҳад кашид.

17 октябр. «Walk Free Foundation” дар гузоришаш гуфт, дар Тоҷикистон то 20 000 нафар мисли ғулом кор мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон инро рад мекунанд.

18 октябр. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд маҳбусон Садридин Тошев ва Суннатулло Ризоевро бо иттиҳоми пахши ахбори бардурӯғ ва таҳрикомез мутаносибан ба 7 ва 9 соли зиндон маҳкум кард.

18 октябр. Додгоҳи ноҳияи Сино ба муҳокимаи парвандаи Асадулло Иброҳимов, маъруф ба «муллои ҷодугар» оғоз кард. Нашри навори алоқаи шаҳвонии ин рӯҳонии сокини маҳаллаи Лучоби Душанбе бо як зани корафтода сарусадои зиёде дар ҷомиа ба по кард. Иброҳимов ҳанӯз рӯзи 26 август боздошт шуд.


19 октябр. Аввалин гурӯҳи ҳоҷиён аз Арабистони Саудӣ ба Душанбе баргаштанд.

19 октябр. КМИРТ дархости раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро, ки 204 000 имзоро барои сабти номи Ойниҳол Бобоназарова кофӣ хонда, сабти номзадии ӯро мехост, рад кард.

21 октябр. Дар як назарсанҷии созмони Гэллап, 47 дарсади сокинони Тоҷикистон мансабдорони тоҷикро ришвахор хондаанд.

21 октябр. Ҳомид Карзай бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.

22 октябр. Вакилони дифои Зайд Саидов аз Додгоҳи олӣ тақозо кардаанд, то хуни як духтари русзабони 14-сола, ки гӯё зерҳимояи онҳо ба номусаш таҷовуз кардааст, ташхис шавад.

22 октябр. Вазорати маорифи Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни хонандагони мактабҳои миёна хабар дод. Тибқи иттиллоъи ин вазорат, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 530 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон сабт шудааст, ки нисбати соли гузашта 18 дарсад зиёд аст.

23 октябр. Парлумони Тоҷикистон бо аксарияти орои вакилон будҷаи соли 2014-ро дар ҳаҷми 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ ё тақрибан 2,9 миллиард доллар қабул кард.

24- октябр. Расонаҳои Украина ва Русия моҷарои "асардуздӣ"-и шахси боэътимоди президенти Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳомидовро дар сархати ахбори худ қарор додаанд.

Баҳромидин Шодиев.

Баҳромидин Шодиев.


24 октябр. Модари Баҳромиддин Шодиев аз ВКД 37 000 $ талаб кард. Баҳси вазорати дохила бо модари Баҳромиддин Шодиевро, ки писараш, бар асари шиканҷа ҷон бохтааст, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ кард.

24 октябр. ВКД гуфт, раиси ширкати роҳи оҳан, Амонуллоҳи Ҳукуматуллоро низ, барои садамаи нақлиётие, ки гуфта мешавад писараш Расули Амонулло дар сари чамбари мошин буд "мавриди пурсиш" қарор додааст.

25 октябр. Ашӯрбӣ Салимова, модари Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар синни 88-солагӣ ва бо алами фарзанди маҳбусаш даргузаштааст.

25 октябр. Як ҷавони тоҷик ба наздикони худ хабар додаст, ки дар Сурия аст ва зидди ҳукумати Башор Асад меҷангад.

26 октябр. Сар аз 26-уми октябр, дар манотиқи рустоии Тоҷикистон лимити барқрасонӣ ҷорӣ шуд.

27 октябр. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сафар намуд ва ҳангоми истиқболи ӯ дар ин ноҳия Гулнигори Наҷмиддини 3-сола гуфт, хунук хӯрдааст. «Инқилоб»-и духтарчаи 3-сола маҷбуран ҷалб кардани кӯдаконро зимни сафарҳои парезидент фош кард.


27 октябр. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки барои таъмини ширкати муҳоҷирони тоҷик дар интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр дар саросари Русия 24 қитъаи овоздиҳӣ омода кардааст.

27 октябр. Тоҷикистон дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон дар Словения ҷои 29-умро гирифт.

28 октябр. Навори як барномаи «Пусть говорят»-и телевизиони Русия бо ширкати муҳоҷири тоҷик Саид Шарипов ва аҳли хонаводаи ӯ ба яке аз пурфурӯштарин наворҳо дар дискфурӯшиҳои Душанбе табдил ёфтааст.

28 октябр. Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, имсол ягон хатмкунандаи мактабҳои миёна сазовори медали тилло дониста нашуд.

29 октябр. Тоҷикистон дар гузориши пешбурди тиҷорат ва ё Doing Business, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молӣ таҳия шудааст, аз ҷойи 141-уми соли гузашта ба ҷойи 143-юм дар миёни 189 кишвар қарор гирифт.

30 октябр. Раёсати полиси нақлиёти вазорати умури дохилии Русия ҳодиса сангборон шудани қатори Маскав-Душанберо, ки рӯзи 29 октябр рух дода буд, як амали авбошӣ хонд.


30 октябр. Умедҷон Тоҷиев, сокини шаҳри Исфара ва аъзои ҲНИТ аз сӯи мақомоти корҳои дохилӣ боздошт шуд. Баъдан Тоҷиев бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ айбдор шуд.

31 октябр. Рӯзи 31-уми октябр дар ҳузури раисиҷумҳур тарҳи "Шарҳи бехатар" дар пойтахти Тоҷикистон расман фаъол карда шуд. Ин тарҳ дурбинҳои назоратиро дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе дар бар мегирад.

31 октябр. Муҳоҷирони кории тоҷик дар шаш моҳи соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 678 миллион доллари нақд фиристодаанд.

1 ноябр. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат аз Оҷонсии омор талаб кардааст, то ба мақомоти давлатӣ омори дақиқ пешниҳод кунад. Ин як навъ нобоварии президент ба оморҳои мақомот дониста шуд.

1 ноябр. Додгоҳ баҳси ҲНИТ-ро бо шабакаҳои телевизионӣ қатъ кард. Ин баҳси додгоҳӣ дар бораи пахши барномаҳои «антинаҳзатӣ» буд.

3 ноябр. Маҳмадсаид Убайдуллоев дар як ҷамъомаде гуфт, "Интихоби пойтахт Эмомалӣ Раҳмон аст". Шаҳдори Душанбе Маҳамадсаид Убайдуллоев аз мардум даъват кард, ки рӯзи 6 ноябр дар интихоботи президентии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.


4 ноябр. Шоми 4-уми ноябр нахустин бор баъд аз интихоботи президентии соли 1991, миёни номзадҳо ба ин мақом, мубоҳисаи телевизионӣ ё теледебат баргузор шуд.

4 ноябр. Охирин ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба ватан баргаштанд.

4 ноябр. Мирзо Мамадҷонов, аввалин раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар синни 69-солагӣ баъди беморӣ бар асари сактаи дил дар шаҳри Душанбе оламро падруд гуфт.

5 ноябр. Як рӯз қабл аз интихоботи президентии Тоҷикистон, аз ҷониби КМИР рӯзи хомӯшӣ эълон шуда, бар асоси қонун ҳама гуна таблиғу ташвиқот манъ шуд.

5 ноябр. Мақомот хабар оданд, ки имсол дар Тоҷикистон 42 шаҳрванди хориҷӣ, аксар атбоъи Афғонистон, бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаанд.

6 ноябр. Дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор шуд, ки дар он 6 номзад бо ҳам рақобат карданд ва бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.

6 ноябр. Дар рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон - 6-уми ноябр хабарнигорон нақзи муқаррароти овоздиҳиро ба навор гирифтанд.



7 ноябр. Рӯзи панҷшанбеи 7 ноябр ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон иди касбии худ - Рӯзи театри тоҷикро таҷлил карданд.

7 ноябр. Нозирони САҲА ва Парлумони Аврупо гуфтанд, интихоботи президентии Тоҷикистон, дар фазои осоишта буд, аммо бидуни интихоби ҳақиқӣ ва чандандешӣ баргузор гашт.

8 ноябр. Созмони Amnesty International аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки дифоъ аз ҳуқуқи башарро дар меҳвари фаъолияти ҳукуматаш қарор диҳад. Дар ин дархости Amnesty International гуфта шуда буд, шиканҷа дар Тоҷикистон як падидаи маъмулӣ боқӣ мемонад.

9 ноябр. Бар асари садамаи маргбори автомобилӣ дар ноҳияи Файзобод, шарқи Душанбе, 7 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

10 ноябр. Зилзилаи шадиде дар қисми марказии Тоҷикистон, беш аз 400 хонаро вайрон кард. Мақомоти тоҷик гуфтанд зилзилаи рӯзи 10-уми ноябр хисороти ҷонӣ дар пай надоштааст. Вале чанде аз сокинони Ваҳдат аз марги як кӯдак хабар дода буданд.


11 ноябр. Нашъаҷалобони афғон дар Шӯробод Мирмад Баротов, ҷавони 30-солаи тоҷикро рабуданд.

12 ноябр. Додгоҳи вилояти Суғд Салим Тоҷибоевро, ки ҳамсарашро аз рӯи рашк дар пеши назари мардум дар бозори Панҷшанбе бо зарби корд кушта буд, ба 20 соли ҳабс дар зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

13 ноябр. КМИР натоиҷи ниҳоии интихоботро эълон кард, ки Эмомалӣ Раҳмон 84,23 дарсади ороро соҳиб шудаааст. Боқӣ номзадҳо ба таври зайл овоз гирифтанд: Бобоев Олимҷон, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тарафдор 143231 нафар ё 3,82%, Бухориев Толибек Аҳмадович, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, тарафдор 168313 нафар ё 4,49%, Ғаффоров Абдуҳалим, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, тарафдор 55516 нафар ё 1,48%, Исмонов Саидҷаъфар Исмонович, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, тарафдор 39334 нафар ё 1,05%, Талбаков Исмоил Иброимович, номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, тарафдор 184653 нафар ё 4,93%.

14 ноябр. Ду шаҳрванди Тоҷикистон Абдуманнон Сангинбоев ва Сайриддин Мутрифов, сокинони деҳаи Фонии ҷамоати Моғиёни Панҷакент дар Челябински Русия, ваҳшиёна кушта шуданд.

16 ноябр. Эмомалӣ Раҳмон баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи 6-уми ноябр савганд ёд кард.


18 ноябр. Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр, баъд аз савганд ёд кардани раиси ҷумҳур расман истеъфо дод.

19 ноябр. Вакилони дифоъи Зайд Саидов гуфтанд, санади ташхиси генетикие, ки муфаттишон пешниҳод кардаанд, тақаллубӣ аст. Вакилони дифоъи Зайд Саидов гуфтанд дар натиҷаи ташхиси дубораи генетикӣ ин тақаллубӣ ошкор шудааст.

19 ноябр. Сафорати Русия дар Димишқ гуфт, ки дар пайи нооромиҳо дар Сурия, бо хоҳиши шаҳрвандони Тоҷикистон 6 хонаводаи тоҷикро аз қаламрави ин кишвари ҷангзада, берун кардаанд.

19 ноябр. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Қодири Қосимро аз вазифаи раиси вилояти Бадахшон озод ва ба вазифаи нав -- раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ тайин намуд.

20 ноябр. Натиҷаи як пажуҳиши кумитаи омори Тоҷикистон бо дастгирии созмони USAID нишон додаст, ки 26 дарсади кӯдакони тоҷик дар сини то 5-солагӣ қадпаст буда, за камғизогии доимӣ азият мекашанд. Ҳамчунин 10 дарсади кӯдакон аз камхӯрии лоғарӣ азият мекашанд ва 12 дарсади онҳо дар натиҷаи норасогии ғизо камвазн будаанд.

Шералӣ Хайруллоев.

Шералӣ Хайруллоев.

20 ноябр. Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон аз мақомаш барканор ва генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон ба ҷои ӯ таъйин шуд.

20 ноябр. Давлат Шарипов, падари Умар Шарипов, ҷавоне, ки аз ҷониби ВКД гумонбари садамаи пурсарусадои маргбори ахир дар маркази шаҳри Душанбе унвон шудааст, гуфт, фарзандашро бегуноҳ медонад. Ин садама шаби 10 октябр бо иштироки Расули Амонулло рух дода буд.

21 ноябр. Дар пайи тағйироти сохтории ахир дар ҳукумати Тоҷикистон вазоратҳои саноату энергетика ва обу обёрӣ, ки аввалиро Гул Шералӣ ва дуввумиро Раҳмат Бобокалонов раҳбарӣ мекарданд, аз байн рафтанд. Вазорати Гул Шералӣ, ки барои мушкилоти барқ 7 сол ба ин сӯ қаҳрамони манфии расонаҳо буд, ду пора шуд.

22 ноябр. Шоми 22-уми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили шеъри Бозор Собир баргузор шуд.

23 ноябр. Оқил Оқилов, ки аз соли 1999 сарвазири Тоҷикистон буд, аз мақомаш барканор шуд. Қоҳир Расулзода ҷойгузини ӯ шуд.

25 ноябр. Пули миёни Шӯрообод - Хоҳон дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки аз 31-уми октябри соли 2011 сохтмонаш шуруъ шуда буд, ба анҷом расид. Ин пули 180-метрӣ, ноҳияи Шӯроободи Тоҷикистонро бо минтақаи Хоҳони Афғонистон мепайвандад.

25 ноябр. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини ҳукумат, баъд аз интихобот аъзои ҳукумати нави Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Дар ҳукумати нав сарвазир Қоҳир Расулзода, муовини якум Давлаталӣ Саидов, муовинони нави сарвазир Марҳабо Ҷабборова, Азим Иброҳим, Муродалӣ Алимардон, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонов, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Мағфират Хидироваро муаррифӣ таъйин шуданд.
Ғайбулоо Авзалов.

Ғайбулоо Авзалов.


27 ноябр. Бо фармони президенти Тоҷикистон, рӯзи 27-уми ноябр раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов, ки аз соли 2006 раиси вилоят буд, бо сабаби ба нафақа баромаданаш, аз вазифа сабукдӯш шуд. Бо фармони дигари президент Давлатшо Гулмаҳмадов иҷрокунандаи раиси ин вилоят таъйин шуд.

27 ноябр. Маркази ягонаи миллии тестӣ, ки дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олиро ҳамоҳанг мекунад, муаррифӣ шуд.

29 ноябр. Дар Душанбе намояндагони 12 кишвар масъалаи қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд.

30 ноябр. Бо фармони президент Рустами Эмомалӣ, писари бузургии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби робари Хадамоти кумрук таъйин гардид.

30 ноябр. Баҳси амнияти «Фаъолияти журналистӣ дар Осиёи Миёна» дар Душанбе баргузор шуд. Намояндагони расонаҳои кишварҳои Осиёи Миёна амнияти фаъолияти журналистӣ дар минтақаро баррасӣ карданд.

2 декабр. Шаби 2 декабр аз бими рух додани заминларза даҳҳо сокинони деҳаи Арбобдараи шаҳри Ваҳдат, 30 километрии пойтахт, ки қаблан бар асари заминҷунбӣ дар инҷо 109 манзил комилан тахриб шуда буд, то поси шаб нахобидаанд.

3 декабр. Бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи Муҳаммашоҳ (Шоҳ) Искандаров, ноиби сардори Раёсати умури дохилии минтақаи Рашт ба вазифаи раиси полиси шаҳри Турсунзода таъйин шуд. Собиқ фармондеҳи нирӯҳои мухолифин соли 2012 дар паи амалиёти низомии Хоруғ ва пахши гурӯҳҳои Алии Бедакиву Мулло Абдуллоҳ дар водии Рашт (2010-2011) рутбаи генерал-майорро гирифт.

Шоҳ Искандаров.

Шоҳ Искандаров.


4 декабр. Хабари Соли нави ТВ-ҳои Тоҷикистон: бидуни арчаву Бобои Барфӣ пахш шуд.

4 декабр. Мирмад Баротов, сокини ноҳияи Шӯрообод, ки аз тарафи гурӯҳи мусаллаҳи афғонҳо рабуда шуда буд, бо мусоидати мақомот озод карда шуд.

5 декабр. Дар Душанбе барфи аввал борид, ки самти парвозҳоро дар фурудгоҳи Душанбе дигар кард.

5 декабр. Айбдоркунандаи давлатӣ Абудсамеъ Додобоев дар қазияи соҳибкори шинохта Зайд Саидов суханронии интиҳоӣ анҷом дод ва барои ӯ 28 соли маҳрумият аз озодиро талаб кард.

6 декабр. Бо фармони раисҷумҳур Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистонро ба сабаби ба нафақа баромаданаш аз мақом озод ва Гавҳар Шарофзода, собиқ ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро ҷойгузини ӯ кард.

6 декабр. Бо фармони дигари раиси ҷумҳур Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи кишвар, барканор ва ба ҷои Мамадшо Илолов, президенти Академияи улуми Тоҷикистон таъйин гардид.

6 декабр. Хабари куштани Мунирхон Хоҷаев, омӯзгор, паҳн шуд. Субҳи 5-уми декабр ҷасади Мунирхон Хоҷаев, муовини декан ва мудири кафедраи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, дар канори роҳи маҳаллаи “Гулистон”- и Хуҷанд дарёфт шуд ва гуфта мешавад, вай нимашаб аз ҷароҳатҳо бар асари зарбу лат, ҷон додааст.

6 Декабр. Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, капитани милитсия Мансур Холмуродов, ки аз тарафи кормандони КДАМ дар Суғд зимни қочоқи 11.5 кг ҳашиш, дастгир шуда буд, собиқ корманди ин ниҳод аст. Ба гуфтаи мақомот Мансур Холмуродов ба ҳайси ваколатдори калони оперативии ҷустуҷӯии Раёсати ВКД фаъолияти доштааст, аммо бинобар вайрон кардани низоми хидматӣ дар таърихи 29-уми марти соли ҷорӣ аз мақомоти корҳои дохилии озод карда шудааст.

9 декабр. Дар пайи лағви боҷи гумрукии Русия нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 20% арзон шуд.

10 декабр. Як гурӯҳ занон ба нишасти хабарии Раҳматулло Зоиров ногаҳон ворид шуда ва нишасти хабариро вайрон карданд.


10 декабр. Дар додгоҳ сухани охирни Зайд Саидовро шунида шуд. Зайд Саидов дар сухани охирини худ дар додгоҳ гуфтааст, "Ҳаргиз ба давлат ва миллат хиёнат накардаам" ва "агар давлат аз зиндонӣ шудани ман манфиате бинад, ман омодааам, ки зиндонӣ шавам".

11 декабр. Субҳи 11-уми декабр дар шаҳри Душанбе бориши сахти жола мушоҳида шуд, ки ба ҳаракати нақлиёт мушкилӣ эҷод кард.

12 декабр. Беҳтарин ширкатҳои соли 2013 муайян шуд, ки дар он номи ширкатҳои «Мегафон Тоҷикистон», «Сомонэйр», комбинати шири «Саодат», «Ориёнбонк», «Умед 88» ва «Оби Зулол» "Бренд"-и беҳтарин соли 2013 унвон шуданд.

13 декабр. Бобишоҳ Шоев -- номзади пешини мақоми президентӣ, ки дар зиндон буд аз олам даргузашт.

14 декабр. Ширкати таҳқиқотии Global Financial Integrity (GFI), ки бо фош намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд машҳур аст, гуфт, шурӯъ аз соли 2002 то 2011 аз Тоҷикистон 2 миллиарду 746 миллион доллар ба хориҷи кишвар бурда шудааст.

16 декабр. Ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон дар як ҷаласаи муштараки ғайринавбатӣ кобинаи нави президент Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ кард.

17 декабр. Мӯъмин Қаноат, Гулрухсори Сафӣ, Мамадшо Илолов ва Мӯсо Диноршоев-- чеҳраҳои саршиноси фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол дошта, хоҳиш кардаанд, ки дар мавриди сарнавишти Зайд Саидов, ки Додгоҳи олӣ дар остонаи содир кардани ҳукми ӯ мебошад, дахолат кунад.

17 декабр. Баҳси тунди сиёсатҳои Русия дар анҷумани Душанбе таҳти унвони «Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башарии ҳамгироии авруосиёӣ» баргузор шуд.

18 декабр. Дӯстмурод Илёсови 21-сола, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қатли 4 нафар дар рустои Окуловкаи Новгороди Русия айбдор мешуд, аз тарафи экпертизаи тиббиву додгоҳӣ маризи рӯҳӣ эътироф шуд.

19 декабр. Нашрияи “Bildt” хабар додааст, ки бо истифода аз шабакаи GPS, ба камияш 93 мошини тамғаи “BMW” дар Тоҷикистон рӯ задаанд ва аммо мақомоти Душанбе аз ҳамкорӣ бо мақомоти Олмон дар таҳқиқи ин қазия ва бозгардони мошинҳо худдорӣ кардаанд. Аммо Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон ин навиштаҳоро «ғаразнок» номид.

19 декабр. Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), бо 286 имтиёз мавқеашро ду зина боло рафт ва дар мақоми 114-ум ҷойгир шуд.

20 декабр. Пас аз се рӯзи пуризтироб роҳи Ворухи шаҳри Исфара, ки аз тарафи қирғизҳо баста шуда буд, дубора боз шуд. Ҷониби Қирғизистон даъво пеш овард, ки роҳи алтернативӣ месозад.


21 декабр. Мақомот хабар дод, ки нархи об дар Тоҷикистон боло бурда шуд.

22декабр. Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа даҳ варзишгари беҳтарини соли 2013-ро муайян ва Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари сол эълон кард.

22 декабр. Зуҳри рӯзи якшанбеи 22-уми декабр дар натиҷаи оташсӯзӣ дар як манзили сокини деҳаи Конститутсияи ноҳияи Рудакӣ ҳудуди 700 балони фурӯшии мошин ва анбори нигаҳдории он комилан хокистар шуд.

24 декабр. Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик пас аз чанд муддати таваққуф ба далели таваллуди фарзанд, дубора ба майдон баргашт ва барои Тоҷикистон медал овард.

25 декабр. Додгоҳ Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори тоҷикро 26 соли зиндон бо мусодираи молу амвол ҳукм кард.

26 декабр. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамандешон ва наздикони Зайд Саидовро бо иттиҳоми сарпечӣ аз амри корманди милиса, 120 сомонӣ ҷарима кард.

26 декабр. Абдураҳим Шукуров, наворбарндори хабаргузории Озодагон, ки рӯзи 25 декабр ҳангоми эълони ҳукми Зайд Саидов аз тарафи маъмурони пулис боздошт шуда ба ҳафт рӯзи ҳабс маҳкум шуд, аммо рӯзе баъд таҳти фишори сардабирони нашрияҳои чопи Душанбе маъмурони милиса ӯро бо пардохти танҳо ҷарима озод карданд.

27 декабр. Шаҳрванди Тоҷикистон Шоҳҷон Раҳматшоев дар ҷанубу ғарби Маскав ба 25 зарбаи корд кушта шуд. Қотилон ҳамчунин сари ӯро аз танаш ҷудо кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG