Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорат сабаби марги 3 сокини Кӯлобро ботулизм гуфт


Гулчеҳра Одинаева

Гулчеҳра Одинаева

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон баъд аз як ҳафтаи даргузашти пайиҳами се узви як оила дар Кӯлоб сабаби марги онҳоро “ботулизм” номид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон баъд аз як ҳафтаи даргузашти пайиҳами Гулчеҳра Одинаева – сокини шаҳри Кӯлоб ва модару духтараш иллати марги се узви ин оиларо эълон кард. Наврӯз Ҷаъфаров -- муовини вазири тандурустӣ рӯзи 12 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин се сокини шаҳри Кӯлоб дар пайи истеъмоли бодирингу помидори консервшуда аз бемории “ботулизм” фавтидаанд.

Ӯ сабаби дер эълон шудани натиҷаи ташхисро “барои ҳамаҷониба ва дақиқ маълум кардани он дар идораи вогиршиносии вазорат” марбут донист.

Ҷаъфаров дар посух ба ин суол, ки оё табибон натавонистаанд бемории ин се нафарро дуруст ташхис бидиҳанд ва ё бемористон барои қабули онҳо омода набуд? гуфт: "Беморхона омода буд, аммо шаҳрвандон натавонистаанд аломатҳои маризии худро ба пуррагӣ фаҳмонанд. Яъне, ё гуфтаанд, ки сарамон дард мекунад ё диламон дард мекунад. Вақте аломати беморӣ норӯшан аст, табиб ҳам роҳгум мезанад."

Наврӯз Ҷаъфаров

Наврӯз Ҷаъфаров

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар идома гуфт, ки ба Гулчеҳра Одинаева ҳатто пешниҳод шудааст, ки дар бемористон бихобад ва зери назари табибон бошад. “Аммо бистарӣ шуданро қабул накардаанд. Ба хотири он ки гуфтаанд дар хона кӯдаки хурд доранд,” -- шарҳ дод ӯ. Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, ки ҳоло ин баҳс ба нуқтаи ниҳоии худ нарасидааст ва Хадамоти назорати фаъолияти тиббии Тоҷикистон тамоми санади муроҷиати наздикони ин хонавода ба табибонро тафтиш доранд. Ба қавли ӯ, дар сурати пайдо шудани камбуд дар кори табибони бемористони Кӯлоб онҳо ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Шоми 4 январ Бадарғаева Шарифамоҳи 61-сола ҳамроҳ бо фарзандонаш - Одинаева Гулчеҳраи 32-сола, наберааш Гулнисои 8-сола ва се аъзои дигари хонаводапас аз тановули хӯроки шом худро нотоб ҳис карданд ба табибон муроҷиат карданд. Давоми 24 соат се узви ин хонавода аз дунё даргузашта, се нафари дигар баъди истифодаи доруи зидди ботулизм аз бемористон ҷавоб шуданд. Фосилаи байни ин маргҳо ҳудудан 8 соат будааст. Дар ин муддат табибони шаҳри Кӯлоб натавонистанд, иллати беморӣ ва марги ин се нафарро ташхис диҳанд ва ҳоло ҳам ба ин суол посух надоранд.

Гулнисо

Гулнисо

Ба ин тартиб, ҳоло ин суол беҷавоб мондааст, ки чаро баъди даргузашти Гулчеҳра Одинаева дар шаби 4 ба 5 январ, табибони бемористони Кӯлоб натавонистанд сабаби марги ӯро ташхис диҳанд ва чаро натавонистанд аз марги духтари ӯ дар таърихи 5 январ ва баъдан модараш Шарифамоҳ Бадарғаева дар рӯзи 6 январ ҷилавгирӣ кунанд?

Баъзе намояндагони хонаводаи марҳумон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ду нафари баъдӣ аз бетаваҷҷуҳии табибон ва сари вақт ташхис нашудани ҷасади аввал ҷон додаанд. Рустам Одинаев, писари ин хонавода, гуфт, ки шаби 4 январ хоҳараш ногаҳон аз дарди дил шикоят кард ва онҳо ӯро ба бахши маризиҳои қалби бемористони шаҳри Кӯлоб бурданд. Ӯ мегӯяд, ки духтурҳо ба мариз бепарвоёна рафтор карда, ӯро дуруст ташхис накарданд ва танҳо як доруи оромбахш додаву ба хона фиристоданд.

Гулчеҳра баъди як соати баргаштан аз бемористон дар рӯи дастони додараш ҷон додааст. Ба дунбол дарди Шарифамоҳ Бадарғаева ва Гулнисои ҳаштсола хуруҷ кард. Гулнисоро ба беморхонаи кӯдакона ва Шарифамоҳ Бадарғаеваро ба беморхонаи вилоятӣ дар Кӯлоб бурданд. Рустам Одинаев мегӯяд, дар ҳоле ки пизишкон аз даргузашти як узви ин хонавода огоҳ буданд, вале ҳамоно ба модари ӯ таваҷҷӯҳ накарданд.

Солона даҳҳо нафар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо ба бемористонҳои кишвар интиқол меёбанд ва дар аксар маврид аз баракати таҷрибаи табибон ва амалҳои саривақтии онҳо ҷон ба саломат мебаранд. Аммо бахти ҳамшираи шафқат, Гулчеҳра Одинаева, ки чанд соли ахир дар нооромтарин нуқтаи дунё - Яман фаъолият дошт, омад накард ва ӯ аз дарде, ки шояд худаш даҳҳо нафарро аз он наҷот дода буд, даргузашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG