Пайвандҳои дастрасӣ

Лӯлиҳо мехоҳанд дар порлумон вакил дошта бошанд


Акси гурӯҳе аз лӯлиҳои Тоҷикистон

Акси гурӯҳе аз лӯлиҳои Тоҷикистон

Лӯлиҳои сокини Тоҷикистон мехоҳанд дар интихоботи соли ояндаи порлумонӣ бо номзадҳои ихуд ширкат кунанд. То кунун аз ин мардум ҳатто дар маҷлисҳои маҳаллӣ асосан тоҷикҳо намояндагӣ мекарданд.

Лӯлиҳои Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар интихоботи порлумонии 2015-и Тоҷикистон бо номзадҳои худ ширкат кунанд. Фаъолони лӯлиҳо мегӯянд, онҳо мехоҳанд ба ҳайси вакил дар порлумон ва ё ҳадди ақал дар маҷлисҳои ҷамоату ноҳия аз нафарони худ як вакил дошта бошанд.

Самандар Баракаев, яке аз лӯлиҳои фаъол ва вакили лӯлиҳо дар ноҳияи Ҳисор дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мехоҳанд аз ҳисоби вакилон дар порлумон вакиле дошта бошанд. Аммо азбаски дар қавми онҳо нафарони таҳсилдида камтар ҳастанд, ҳанӯз барои пешбари кардани номзади худ ба порлумон омода нестанд. Чун барои вакилии порлумон номзад бояд маълумоти олӣ дошта бошад ва дар ҷомеа хеле фаъол бошад. Ҷаноби Баракаев мегӯяд, агарчи худи ӯ дар ноҳия вакил аст, вале барои номзад шудан ба порлумон ҳанӯз омода нест.

Вале яке аз лӯлиҳо аз ноҳияи Ҳисор бидуни овардани номи худ рӯзи 23-юми ноябр дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, агар гап танҳо сари маълумоти олӣ ё фаъол будан бошад, онҳо имкон доранд аз қавми худ ҳатто дар Маҷлиси намояндагон ҳам номзаде дошта бошанд. Аммо азбаски пешбарии номзадҳои онҳо аз ҷониби ҳизбҳои мухолиф сурат гирифтааст, онҳо барои фишор наомадан ба сарашон аз ин чиз худдорӣ мекунанд.

Лӯлиҳои Чағатай

Лӯлиҳои Чағатай

Агар чунин пешниҳод аз ҷониби ҳизби ҳоким сурат гирад, ӯ мутмаин аст, ки номзади лӯилҳо бидуни мушкил сабти ном ва ҳатто пирӯз мешавад. Аммо вай мегӯяд, рақобат бо ҳизби ҳоким хело душвор аст, алалхусус барои ақаллиятҳои миллӣ.

Абдухолиқ Махкамов, раиси ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, ки дар деҳаи Офтобрӯяи ин ҷамоат беш аз 600 хонаводаи лӯлиҳо умр ба сар мебаранд, ба Озодӣ гуфт, онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар интихоботи навбатӣ вакилони ҷамоат аз ҳисоби лӯлиҳо низ интихоб шавад. Ба қавли ҷаноби Махкамов, азбаски лӯлиҳо ба таҳсил камтар таваҷҷӯҳ доранд, дар миёни онҳо пайдо кардани нафари маълумотдор душвор аст. Ба ин далел дар ин интихобот ,ки қарор аст, то се моҳи дигар баргузор гардад, онҳо танҳо ҳаққи пешбарии номзад ба маҷлиси ҷамоатро доранд.

Дониши онҳо ҳанӯз барои вакили порлумон шудан, ба гуфтаи раиси ҷамоати Чуст, ҷавобгӯ нест. Вай гуфт: “Солҳои охир онҳо низ хеле фаъол шудаанд. Масалан ҳангоми даъвати аскарӣ ҳамин сол 5 лӯлӣ довталабона ба хидмат рафтанд. Мо низ дар навбати худ талаботи онҳоро иҷро мекунем. Аз дигар деҳаҳо ҷудо намекунем. Ҳоли ҳозир дар миёни онҳо ду ё се нафар ҳаст, ки маълумоти олӣ доранд. Муаллим шуда кор мекунанд. Аммо мо низ тасмим дорем дар деҳаи онҳо барояшон мактаби пурра созем, то ба таҳсил бештар фаро гирифта шаванд.”

Дар Тоҷикистон дар аксар ноҳияҳое, ки лӯлиҳо ва ё ҷӯгиҳо маҳалли зисти худро доранд, дар маҷлисҳои маҳаллӣ аз ин мардум боз ҳам тоҷикҳо намояндагӣ мекунанд.

Абдуалим Гулов

Абдуалим Гулов

Абдуалим Гулов, муовини раиси деҳаи Чағатайи ноҳияи Варзоб зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, авлодҳои онҳо воқеан мехоҳанд аз худ намояндае дар порлумон дошта бошанд, аммо дар миёни онҳо ҳамагӣ 15 нафар маълумоти олӣ доранд, ки ҳамаи онҳо дар муҳоҷират буда, имкони пешниҳод кардани номзадии худро надоранд. Чанд ҷавони дигар ҳаст, ки маълумоти олии нопурра доштаанд: “Албатта, қавми мо мехоҳанд аз миёни худ дар додгоҳҳо додрас дошта бошанд. Прокурор бошад, дар порлумон намоянда дошта бошанд ва барои ин талош ҳам доранд. Ҳоло наврасони зиёд дорем, ки дар мактаб таҳсил мекунанд ва пеши худ нақша гузоштаанд, ки дар солҳои минбаъд баробари тоҷикҳо кор кунанд.”

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ аз талоши лӯлиҳо барои пешбарии номзадҳо аз миёни худи онҳо ҷонибдорӣ кард: “Агар онҳо хоҳанд, ки аз ҷониби ҲНИТ пешбарӣ шаванд, мо омода ҳастем, то номи онҳоро дар қатори дигар номзадҳои худ гузорем. Ҳатто агар узви ҳизби мо низ набошанд.”

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳокими халқии демократӣ низ гуфт, иштирок дар интихобот ҳаққи конститутсионии онҳост: “Ақалиятҳои миллӣ низ имкон доранд номзади худро гузоранд, вакилашонро худ интихоб кунанд. Ин ҳаққи онҳост.”

Хурсанд, лӯлибачае ки ҳанӯз дар мактаби миёна таҳсил мекунад, мегӯяд, агар онҳо аз миёни худ вакил медоштанд, хеле хуб буд. Чун, барои мисол, дар дигар маҳаллҳо барои наврасон варзишгоҳу макони бозӣ мавҷуд аст, аммо барои онҳо не ва агар вакиле аз байни худи лӯлиён мешуд, ба ақидаи Хурсанд, шояд аз ҳаққи онҳо хубтар дифоъ мекард.

Шӯҳрат Қиличов (аз рост)

Шӯҳрат Қиличов (аз рост)

Шӯҳрат Қиличов, як ҷавони лӯлӣ аз ноҳияи Варзоб мегӯяд, доштани вакил ҳадди ақал дар сатҳи вилоят ва ноҳия аз қавмашон яке аз орзуҳои онҳост. Вай мегӯяд, аз Русия ихроҷ шудааст ва барояш пайдо кардани кор хело душвор аст. Бо ин далел, меафзояд ӯ, агар вакиле аз қавмашон медоштанд, шояд барояшон ҳадди ақал дар ин самт кӯмаке мекард: “Ҳоло мо бародарони худро зиёд таблиғ дорем, ки таҳсил кунанд. Мисли бачаҳои тоҷик савод омӯзанд ва табиб, корманди милиса, додрасу додситон шаванд. Чун ман нахондам, хело пушаймонам. Агар дониши хуб медоштам, шояд ба лӯлӣ буданам нигоҳ накарда, ҳеҷ набошад дар ҷамоатамон кор пайдо мекардам.”

Ба назари таърихшиносн, лӯлиён қавме ҳастанд, ки панҷ-шаш аср пеш аз Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи марказӣ ва дигар мамолики Аврупо ҳиҷрат кардаанд. Дар ҳар давлате, ки онҳо сукунат кардаанд, забони мардуми ҳамон ҷоро пазируфтаанд. Шумораи лӯлиҳо дар Тоҷикистон дақиқ нест. Онҳо дар ноҳияи Варзоб, Шаҳринав, Турсунзода, Ҳисор, Панҷакент, Восеъ ва чандин ноҳияи дигар онҳо умдатан дар деҳаҳои алоҳида ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG